Доналд Трамп иқрор шуд, ки интизор надошт хатми ҷанг дар Украина то ин андоза душвор бошад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бори дигар аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия изҳори ноумедӣ кард ва гуфт, ки поён додан ба ҷанги Русия дар Украин аз он чӣ дар аввал фикр мекард, мушкилтар баромад.  Ӯ ин нуктаро рӯзи 18-уми сентябр пас аз дидор бо Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ба хабарнигорон зикр кард. “Фикр мекардам, ба хотири […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бори дигар аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия изҳори ноумедӣ кард ва гуфт, ки поён додан ба ҷанги Русия дар Украин аз он чӣ дар аввал фикр мекард, мушкилтар баромад. 

Ӯ ин нуктаро рӯзи 18-уми сентябр пас аз дидор бо Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ба хабарнигорон зикр кард.

“Фикр мекардам, ба хотири робитаам бо Путин ин мавзуъ (хатми ҷанг дар Украина) осонтарин кор бошад. Аммо ӯ маро ноумед кард. Ӯ маро воқеан ноумед кард”, – гуфтааст раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида.

Ӯ дар идома гуфтааст, “умедворам, ки мо ба зудӣ дар ин бора хабари хуше хоҳем дошт". Аммо тафсилоти дигаре дар бораи ин хабар надодааст.

Русия ба ин гуфтаҳои раисҷумҳури Амрико то кунун вокунише нишон надодааст.

Дар мулоқоти Трамп бо Стармер, ки дар доираи сафари раисҷумҳури Амрико ба Бритониё сурат гирифт, яке аз масъалаҳои асосие, ки баррасӣ гардидааст, роҳҳои поён додан ба ҷанг дар Украина будааст. Ба гуфтаи нахуствазири Бритониё, онҳо дар бораи афзоиши фишор болои раисиҷумҳури Русия ба хотири қабул кардани сулҳ гуфтугӯ кардаанд.

Дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи ҷорӣ шудани таҳримҳои нав алайҳи Русия Трамп ва Стармер посухи мушаххас надодаанд. Доналд Трамп аз оғози давраи раёсатҷумҳурияш то ҳол алайҳи Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ накардааст, ҳарчанд борҳо ваъда дода буд, ки агар Русия омодагии худ ба сулҳро нишон надиҳад, ин корро анҷом медиҳад.

Доналд Трамп баъди дубора нишастан ба курсии роҳбари Амрико ваъда карда буд, ки дар ду ҳафта ҷанги Русия дар Украинаро хотима медиҳад. Вале бо гузашти беш аз 6 моҳ, бо вуҷуди мулоқоти телефонӣ ва вохӯрӣ бо Владимир Путин ӯ ба ин кор муваффақ нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио