Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Португалия давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд

Дар як шабонарӯзи охир дастикам 4 кишвари ғарбӣ давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд. Ин иқдом нишони эътироз ба ҷанги Исроил дар Ғазза унвон шуд ва кишварҳои ҷаҳон хостанд, бо эътирофи ду давлати алоҳида амният дар Ховари Миёна таъмин гардад. Ба иттилои расонаҳо, рӯзи якшанбе Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Портуғол (Португалия) давлати Фаластинро эътироф карданд. […]

Asia-Plus

Дар як шабонарӯзи охир дастикам 4 кишвари ғарбӣ давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд. Ин иқдом нишони эътироз ба ҷанги Исроил дар Ғазза унвон шуд ва кишварҳои ҷаҳон хостанд, бо эътирофи ду давлати алоҳида амният дар Ховари Миёна таъмин гардад.

Ба иттилои расонаҳо, рӯзи якшанбе Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Портуғол (Португалия) давлати Фаластинро эътироф карданд.

Кир Стармер, Марк Карни ва Энтони Албанезе, нахуствазирони Бритония, Канада ва Австралия дар баёнияҳои алоҳида гуфтанд, хоҳони сулҳу амният дар Ховари Миёна ҳастанд. Онҳо дар баёнияҳои худ ба талош барои эҳёи роҳи ҳалли дукишварӣ таъкид карданд.

Паулу Рангел, вазири корҳои хориҷӣ Портуғол низ шаби гузашта дар дафтари намояндагии доимии ин кишвар дар Ню-Йорк ба расмият шинохтани Фаластин тавассути кишварашро расман эълон кард.

Ӯ, ҳамчунин, хостори озодии гаравгонҳои исроилӣ аз дасти ҲАМОС, таваққуфи хусуматҳо ва барқарории оташбас дар Ғазза шуд.

Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ин иқдоми кишварҳои ғарбиро “ҷоизае барои ҲАМОС” унвон кардааст. Вале нахуствазири Бритониё дар посух гуфтааст, ки ба расмият шинохтани Фаластин ҷоиза барои ҲАМОС нест, ҷалки поёни ҳузури ин гурӯҳ дар Фаластин мебошад.

“Ин ба он маъноест, ки ҲАМОС дар оянда наметавонад нақше дар давлати Фаластин ва таъмини амнияти он дошта бошад”, – изҳор доштааст Стармер.

Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури Фаластин гуфтааст, ки ин эътироф ба Фаластин кӯмак хоҳад кард, то “дар паҳлӯи давлати Исроил дар амният, сулҳ ва ҳамсоягии нек зиндагӣ кунад”.

ҲАМОС низ аз ин иқдом истиқбол намуда, аммо гуфтааст, ки он бояд бо “чораҳои амалӣ” барои хотима бахшидан ба ҷанг дар Ғазза ва пешгирии Исроил аз тасарруфи соҳили Ғарбӣ ҳамроҳ бошад.

“Ба расмият шинохта шудан, қадаме муҳим дар тасдиқи ҳаққи мардуми фаластинии мо ба сарзамин ва маконҳои мазҳабияшон аст ва ҳамин тавр таъсиси кишваре мустақил, ки Байтулмуқаддас пойтахти он бошад”, – омадааст дар баёнияи ҲАМОС.

Ин гурӯҳ дар баёнияи худ, ҳамчунин, аз ҷомеаи байналмилалӣ хостааст,ки "ҳар гуна ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ" бо Исроилро қатъ кунанд.

Ҳамчунин, қарор аст имрӯз дар ҳошияи баргузории 80-умин иҷлосия Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чанд кишвари дигари ғарбӣ расман Фаластинро ба унвони давлати мустақил эътироф кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Исроил ҳамлаҳои заминӣ ва ҳавоии худро ба Ғазза шадидтар карда, тонкҳо ва нерӯҳояшро ба дохили шаҳр пеш мебарад. Дар пайи вуруди артиши Исроил ба Ғазза, сокинони ин шаҳр маконҳои истиқомати худро тарк мекунанд ва аз бомбборон паноҳ меҷӯянд.

Дар ду рӯзи гузашта, ба иттилои мақомоти беҳдошти Ғазза, Исроил беш аз 100 нафарро дар ин минтақа куштааст. Чанд соат пеш расонаҳо аз партоби ду “ракета” аз сӯи ҲАМОС ба Исроил гузориш доданд. Гуфта мешавад, дар пайи ин дар шаҳрҳои ҷанубии Исроил ба садо даромадааст. Расонаҳои исроилӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои ин кишвар аз ду “ракета” якеашро сарнагун кардаанд ва дигараш “бидуни осеб” афтодааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?