Бензин дар Тоҷикистон ҳамоно гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст

Бузургтарин пойгоҳи маълумот дар ҷаҳон дар бораи арзиш ва сифати ҳаёти Numbeo радабандии нархи бензинро дар кишварҳои гуногун таҳия намуд. Тоҷикистон бо нархи 1,12 доллар барои 1 литр миёни 127 кишвар дар зинаи 86-ум қарор гирифт. Арзонтарин бензин дар Осиёи Марказӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Қазоқистон савдо мешавад – 0,46 доллар барои як литр. Қазоқистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бузургтарин пойгоҳи маълумот дар ҷаҳон дар бораи арзиш ва сифати ҳаёти Numbeo радабандии нархи бензинро дар кишварҳои гуногун таҳия намуд. Тоҷикистон бо нархи 1,12 доллар барои 1 литр миёни 127 кишвар дар зинаи 86-ум қарор гирифт.

Арзонтарин бензин дар Осиёи Марказӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Қазоқистон савдо мешавад – 0,46 доллар барои як литр. Қазоқистон дар баробари Ливия ($0,03), Миср ($0,35), Кувейт ($0,35) ва Алҷазоир ($0,36) дар панҷгонаи аввали давлатҳои  дорои арзонтарин бензин дар радабандӣ ҷой гирифтааст.

Гаронтарин бензин дар Мянма (1 литр – $8,14), Гонконг ($3,15) ва Исландии ($2,56) фурӯхта мешавад.

Арзиши бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна 0,99 сент, Қирғизистон – 0,82 сент ва Русия – 0,72 сентро ташкил медиҳад.

Дар радабандии Numbeo Туркманистон зикр нашудааст. Лекин тибқи маълумоти Global Petrol Prices, арзонтарин бензин дар фазои пасошӯравӣ маҳз дар Туркманистон – 0,42 сент барои 1 литр (ба ҳолати 15 сентябри соли равон) фурӯхта мешавад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон бензинро қариб пурра аз Русия ворид мекунад. Сӯзишворӣ дар доираи созишномаи байниҳукуматӣ, ки ҷонибҳо ҳамасола бо шартҳои имтиёзнок (бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба Русия) ба имзо мерасонанд, ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ, соли2024 аз Русия ба Тоҷикистон 451 ҳазор тонна бензин интиқол дода шуд. Давоми соли 2025 Тоҷикистон дар доираи қарордод аз Русия бояд зиёда аз 500 ҳазор тонна бензин гирад.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, дар зарфи 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон бо нархи миёнаи 746 доллар барои 1 тонна ҳудуди 242 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст. Ба воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ 15 ширкат машғуланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио