ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 28 СЕНТЯБР
– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии Лӯхтак дар Душанбе намоишномаи “Шоҳзодаи хурдакак” ба саҳна гузошта мешавад. Он бо коргаронии Зафар Ҷаводов аз рӯйи асараи Антуан де Сент Экзюпери таҳия шудааст. Арзиши чипта 20 сомонӣ аст.
– Имрӯз соати 7:30 дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт мусобиқи дави дӯстӣ бо унвони “Тоҷикистон-Ҳиндустон-2025” доир мегардад. Онро Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон баргузор мекунад. Дав ба ду масир пешбинӣ шудааст: 3 км ва 7,5 км.
– Имрӯз соати 15:00 дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд мюзикли “Шоҳ Шер” (“Король Лев”) ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 20 сомонӣ аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 28 СЕНТЯБР
Соли 2002 – Дар Душанбе кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ оғоз ёфт.
Соли 2012 – Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ” ва қонун “Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ”-ро маъқул дониста, ба баррасии парлумони кишвар пешниҳод намуд.
Соли 2015 – Бузургмеҳр Ёров, ҳуқуқшинос ва адвокати маъруфи тоҷик боздошт шуд. Дар пайи муҳокимаҳои тӯлониву ношаффофи пушти дарҳои баста бо як қатор иттиҳомот, аз ҷумла таҳқири президент ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқи башар Ёровро зиндонии сиёсӣ меноманд.
Соли 2017 – “Барномаи рушди синамо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
Соли 2018 – Дар Душанбе Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ кори худро оғоз кард.
Соли 2019 – Дастаи футболи “Истиқлол” ҳаштумин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1935 – Мавлуди Баҳор Кова, филмбардори тоҷик.
Баҳор Кова филмбардори шинохтаи тоҷик буда, дар хонадони Ғуломризо Баҳор, ҳунарпеша ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми бахши оператории Донишкадаи умумииттифоқии давлатии кинематография, солои 1957 дар “Тоҷикфилм” ба кор пардохта, аввал ёрдамчии коргардон ва ассистенти оператор, баъдан ҳамчун оператори комбиниатсионии наворбардорӣ ба кор оғоз намудааст. Аз соли 1968 ба ҳайси оператори басаҳнагузорандаи филмҳои бадеӣ ва филмҳои мустанад фаъолият намудааст.
Баҳор Кова дар наворбардории чандин филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ инчунин дар таҳияи сюжетҳои киножурналҳои “Тоҷикистони Советӣ” ва маҷаллаи ҳаҷвии синамоии “Калтак” низ фаъолият доштааст.
Баҳор Кова 26-уми январи соли 1994 дар 58-солагӣ даргузашт.
Соли 1949 – Зодрӯзи Мададбек Тоҷибеков, заминшинос, доктори илмҳои геология ва минералогия.
Соли 1954 – Мавлуди Музаффар Олимов, муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих.
Соли 1958 – Зодрӯзи Саидалӣ Сиддиқов, рӯзноманигор, директори пешини АМИТ “Ховар”.
Саидалӣ Сиддиқов хатмкардаи шӯъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва факултети журналистикаи собиқ Мактаби олии комсомолии Маскав аст.
Ӯ солҳо ҳамчун муҳаррири барномаҳои адабию драмавии Радиои Тоҷикистон, мухбир, мудири шуъбаи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, ёрдамчии вазири маданияти Тоҷикистон, ҷонишини сардори Идораи телевизион ва радиои Вазорати маданият ва ахбороти Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаҳои “Ориент экспресс”, “Вечерний Душанбе”, “События” фаъолият кардааст..
Саидалӣ Сиддиқов моҳи августи соли 2007 сардори Раёсати иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин шуда, то моҳи октябри соли 2012 дар ин вазифа буд.
Баъдан муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, мудири шӯъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон будааст.
Моҳи марти соли 2016 директори Агентии миллии иттилоотии “Ховар” таъин гардида, то соли 2023 дар ин мансаб буд. Ҳоло дар нафақа аст.
Соли 1974 – Мунаввар Шоҳгадоев, раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони шуравӣ дар синни 75 даргузашт.
Мунаввар Шоҳгадоев арбоби давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон буда, фаъолияти сиёсиву ҷамъияии ӯ аз солҳои аввали таъсиси сохтори нави давлатӣ оғоз ёфт.
Вай соли 1925 ба сафи Ҳизби коммунистӣ пайваста, дар муддати кӯтоҳ ба вазифаҳои масъулӣ роҳ кушод. Солҳои 1930–1931 ба ҳайси директори мактаб кор карда, баъдан солҳои 1931–1934 чун ваколатдори Комиссияи марказии назоратии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Комиссариати нозироти коргару деҳқони ҷумҳурӣ фаъолият намуд. Аз соли 1934 то 1936 роҳбарии Кумитаи иҷроияи ноҳияи Ҳоитро бар дӯш дошт.
Марҳилаи муҳимтарини фаъолияти ӯ бо роҳбарӣ дар сохторҳои олии давлатӣ вобаста аст.
Шоҳгадоев аз октябри соли 1937 то июли 1938 раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҶШС Тоҷикистон ва баъдан аз 15 июли 1938 то 29 июли 1950 раиси Президиуми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ буд. Соли 1939 ӯ ҳамчун вакили машваратӣ дар Анҷумани XVIII Ҳизби коммунистӣ ширкат варзид ва чанд даъват пайдарпай вакили Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд. Сипас панҷ сол муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.
Мунаввар Шоҳгадоев 28-уми сентябри соли 1974 дар синни 75 даргузашт.
Соли 1989 – Мавлуди Ҷаҳонгир Ҷалилов, футболбози тоҷик.
Ҷаҳонгир Ҷалилов аз чеҳраҳои маъруфи хонаводаи футболбозони Ҷалиловҳо буда, аввалин нафар аз ин оила буд, ки роҳи худро ба дастаи маъруфи “Локомотив”-и Маскав кушод.
Соли 2002 Ҷаҳонгир ба мактаби футболи “Локомотив” шомил шуда, то соли 2009 тамоми зинаҳоро гузашта ба ҳайати дастаи ҷавонон роҳ ёфт. Пас аз омӯзишу таҷриба дар Маскав, Ҷаҳонгир ба Ватан баргашта, соли 2009 ба дастаи “Истиқлол” пайваст.
Дар ҳайати ин даста чор маротиба қаҳрамони Тоҷикистон гардида, Ҷоми Президенти АФК-2012-ро ба даст овард ва соли 2015 ба финали Ҷоми АФК роҳ ёфт. Бозии дӯстонаи “Истиқлол” бо “Локомотив”, ки 26-уми июни соли 2016 дар Душанбе баргузор шуд, ба фаъолияти касбии ӯ нуқта гузошт.
Ба гуфтаи худи Ҷаҳонгир, сабаби ба охир расонидани фаъолияти бозигарӣ вазъи саломатӣ буд. Имрӯз ӯ таҷрибаи ғании худро дар бошгоҳи “Истиқлол” ба насли нави футболбозони тоҷик омӯзиш медиҳад.
Соли 2012 – Сайёра Исоева, меъмори тоҷик дар синни 79 аз олам чашм баст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 28 сентябр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии дастрасии умум ба иттилоотро таҷлил мекунад. Ин сана соли 2015 бо ташаббуси ЮНЕСКО ба рӯйхати рӯзҳои байналмилалӣ ворид шуд. Мақсади ҷашн таъкид ба ҳуқуқи озодии ҷустуҷӯ, дарёфт ва паҳни маълумот аст, ки яке аз асосҳои демократияи муосир ба шумор меравад.
Ин рӯз ёдовар мешавад, ки ҷомеаи солим бе иттилооти кушоду шаффоф рушд карда наметавонад.
Ҳанӯз соли 1948 дар Моддаи 19-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар чунин меъёр сабт шуда буд: Ҳар инсон ба озодии ақида ва баёни озодонаи он ҳақ дорад; ин ҳуқуқ озодии бемамониат нигоҳ доштани ақидаи худ, бо ҳар восита ва сарфи назар аз ҳудудҳои давлатӣ, ҷустуҷў, дастрасу интишор намудани маълумоту андешаро дар бар мегирад.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории гидрофобия аст. Он бемории сироятии ниҳоят хавфнок ва марговар аст, ки системаи асаби марказиро зарар мерасонад. Ин бемории вирусӣ аст, ки аксаран аз газидани ҳайвони бемор ба инсон мегузарад ва агар сари вақт табобат нашавад, марговар мебошад.
Сабаби интихоби ин сана ба вафоти Луи Пастер, олим ва микробиологи машҳур, ки ваксинаи нахустини зидди ин бемориро ихтироъ карда буд, рабт мегирад. Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии мубориза бо гидрофобия ҳар сол тақрибан 55 ҳазор нафар дар ҷаҳон аз ин беморӣ ҷон мебозанд, ки ба ҳисоби миёна ҳар 10 дақиқа як нафар аст. Ин рӯз эмкунии сагон, назорати ҳайвоноти хонагӣ ва тадбирҳои пешгирикунандаро бори дигар таъкид мекунад.
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии баҳр таҷлил мешавад. То соли 1980 онро 17 март қайд мекарданд ва аз соли 1978 инҷониб он 28-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Ҳадафи асосӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти баҳру уқёнусҳо аст. Ин рӯз ба ҳифзи экосистемаи баҳр ва нигоҳдории манбаъҳои табиӣ барои наслҳои оянда даъват мекунад.
Имрӯз рӯзи ташкили аввалин ломбард дар шакли муосир аст. Таърихи муассисаҳои қарздиҳӣ бо гарав хеле қадимист, вале аввалин ломбард дар шакли муосири худ 28-уми сентябри соли 1618 дар шаҳри Брюссели Белгия ифтитоҳ ёфт. Аз ҳамин ҷо истилоҳи “ломбард” паҳн гардид.
Ин гуна муассисаҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки ашёи қиматбаҳои худро ба гарав гузошта, қарзи кӯтоҳмуддат бигиранд. Муҳаққиқон таърихи пайдоиши ин навъи молиявиро беш аз се ҳазор сол медонанд. Далелҳо аз Чини бостон, Юнону Рим ва дигар тамаддунҳо шаҳодат медиҳанд, ки чунин хизматрасонӣ садсолаҳо пеш вуҷуд дошт.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 28 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 22+27º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 24+29º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 29+31º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º хунук, рӯзона 12+17º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 28+30º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 31+33º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 25+27º гарм.


