ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 29 СЕНТЯБР
– Имрӯз соати 11:00 дар мактаби 16-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии “Ҳумоюн” баргузор мегардад. Он ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бахшида мешавад.
Дар маҳфил Фарзона ва Озарахш, Шоирони халқии Тоҷикистон суханронӣ карда, дар идома мавлонохонӣ, давоми озмуни Саъдихонӣ доир шуда, ба эҷодкорон минбар дода мешавад. Ҳамчунин суруду таронаҳои Фараҳманд Каримов садо медиҳанд.
– Имрӯз соати 14:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби тозанашри Садриддин Ҳасанзод бо унвони“Салом эй ишқ” баргузор мегардад.
Дар ин нишаст иштироки роҳбарияти Китобхонаи миллӣ, шоир Садриддин Ҳасанзод, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар адибону алоқамандони шеър дар назар аст. Вуруд озод аст.
– Шурӯъ аз имрӯз дар чор кишвари Осиёи Марказӣ Фестивали дуюми байналмилалии нахустнамоиши филмҳои фаронсавӣ – “Avant Première Film Festival in Central Asia” баргузор мегардад.
Намоишҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Олмотӣ, Тошканд ва Бишкек доир шуда, ба меҳмонон имкон медиҳад, филмҳои фаронсавиро, ки қаблан дар ин минтақа намоиш дода нашудааст, тамошо кунанд.
Намоиш дар Душанбе рӯзҳои 2–5 октябр дар маркази савдои “Сиёма Молл” баргузор мешавад. Дар маросими ифтитоҳи фестивал филми ҳуҷҷатии “Франсуа Трюффо: Сенарияи ҳаёти ман” (François Truffaut, le scénario de ma vie, 2024) намоиш дода мешавад.
– Имрӯз соати 17:30 дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд намоишномаи “Dracula: Любовь сильнее смерти” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 30 сомонӣ аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 СЕНТЯБР
Соли 1926 – Ноҳияҳои Ашт ва Нов (ҳоло Спитамен) таъсис ёфтанд.
Соли 2011 – “Сомон Эйр” ҳавопаймои нави “Boeing 737-900”-ро, ки дар фазои ИДМ аввалин ҳисобида мешуд, муаррифӣ кард.
Соли 2015 – Додгоҳи олӣ фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард.
Соли 2016 – Дар Тоҷикистон таҷлили иди касбии “Рӯзи кормандони хидмати дипломатӣ” тасдиқ шуд. Мувофиқи он ҳамасола 29-уми сентябр ин рӯз дар кишвар ҷашн гирифта мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон бори аввал аз минбари СММ суханронӣ карда буд.
Соли 2016 – Бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Соли 2018 – Александр Лукашенко, президенти Беларус ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Ҳисор марҳилаи дуюми корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус “Агротехсервис”-ро, ки трактор ва таҷҳизоти кишоварзӣ истеҳсол мекард, ба истифода доданд.
Соли 2020 – Дар Душанбе форуми тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд, ки беш аз 700 соҳибкор аз ду кишвар иштирок карда, ба маблағи 50 миллион доллар 15 созишнома имзо карданд.
Соли 2023 – Дар Тоҷикистон созишномаи сармоягузорӣ оид ба лоиҳаи роҳандозии таваққуфгоҳҳои пулакӣ, нуқтаҳои пуркунии нақлиёти барқӣ ва ҷорӣ кардани низоми худкори сабти қоидавайронкунии роҳ имзо гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1952 – Мавлуди Юрий Лобанов, аввалин қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон.
Соли 1954 – Мавлуди Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури феълии Эрон.
Масъуди Пизишкиён 9-умин раисҷумҳури Эрон буда, 28-уми июли соли 2024 ба ин маснад нишаст. Ӯ дар интихоботи президентии соли 2013 низ ширкат кард, аммо номзадии худро бозпас гирифт. Вай бори дигар дар интихоботи соли 2021 ширкат кард, аммо номзадии ӯ рад шуд. Дар интихоботи пеш аз мӯҳлат номзадии Пизишкиён иҷоза дода шуда, бо дарёфти беш аз 53 дарсади овозҳо пирӯз шуд.
Масъуди Пизишкиён, ки тахассуси аслиа табиб аст, дар шаҳри Меҳободи Устони Озарбойҷони ғарбии Эрон ба дунё омадааст. Ба гуфтаи худи Пизишкиён ҳам модараш ва ҳам падараш турканд. Ӯ фориғуттаҳсили Донишгоҳи улуми тиббии Табрез ва Донишгоҳи улуми тиббии Эрон аст.
Пизишкиён соли 1994 президенти Донишгоҳи улуми тиббии Табрез таъин гардида, панҷ сол дар ин мақом будааст.
Фаъолияти сиёсии Пизишкиён замоне оғоз шуд, ки ӯ дар соли 1997 ба ҳайси муовини вазири тандурустӣ ба маъмурияти Муҳаммад Хотамӣ пайваст. Пас аз чаҳор сол ӯ вазири тандурустии Эрон таъйин шуда, аз соли 2001 то соли 2005 дар ин вазифа кор кардааст. Аз он вақт инҷониб Пизишкиён панҷ маротиба вакили парлумони Эрон интихоб шуда, дар онҷо аз соли 2016 то соли 2020 низ ба ҳайси муовини аввали раиси порлумон кор кардааст.
Соли 1958 – Мавлуди Абдулвоҳид Шамолов, файласуфи тоҷик, директори пешини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2009 -2011).
Хатмкардаи факултаи шарқшиносии Тоҷикистон Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Баъди хатми соли чаҳоруми таҳсил тариқи Сарраёсати 10-уми Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шуравӣ аз соли 1979 то соли 1981 дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон ба сифати афсар, соли 1982 то соли 1987 дар дастгоҳи мусташорияти иқтисодии Сафорати Иттиҳоди Шуравӣ дар Кобул фаъолият кардааст.
Ба ҳайси директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2009 -2011), муовини раиси Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016-2019) фаъолият карда, аз соли 2019 то ҳол мудир ва профессори кафедраи филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе фаолият дорад.
Соли 1982 – Зодрӯзи Расул Боқиев, паҳлавони шинохтаи тоҷик, барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии тобистона 2008 дар шаҳри Пекин.
Расул Боқиев устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ аз намуди олимпии ҷудо, кураш, самбо ва куштӣ буда, дар таърихи Тоҷикистон яке аз варзишгарони серҷоиза дар Бозиҳои олимпӣ аст.
Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, аллакай соли 2004 дар Мактаби махсуси варзишии ҷудои ноҳияи Рӯдакӣ мураббӣ будааст. Ӯ нозукиҳои куштии миллӣ ва ҷудоро аз падараш Худойназар Боқиев, мураббии хидматнишондодаи варзиши Тоҷикистон омӯхтааст.
Ӯ соли 2003 дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ дар бахши ҷудо соҳиби ҷойи дуввум ва дар кураш сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Соли 2005 дар Қаҳрамонии Осиё аз ҷудо соҳиби медали биринҷӣ ва дар кураш қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Боқиев соли 2007 дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия (шаҳри Рио-де-Жанейро) сазовори ҷойи севвум ва медали биринҷӣ гашта, барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Пекин роҳхат гирифт. Соли 2008 дар Бозиҳои ХХIX олимпии Пекин (Чин) дар бахши ҷудо соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид, ки дар корномаи варзишгари тоҷик баландтарин дониста мешавад.
Соли 2015 – Амир Катаев, иқтисоддони тоҷик, собиқ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар синни 68 даргузашт.
Ӯ хатмкардаи Институти муҳандисиву иқтисодии маскав буда, беш аз даҳ сол мудири шуъбаи Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, ҳамзамон солҳои 1970-1995 профессори кафедраи иқтисодиёт ва менеҷменти соҳаи нақлиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.
Як муддат раисии Стандарти давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 2000 ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъин шуда, даҳ сол дар ин мансаб фаъолият бурд. Ӯ вакили парлумони Тоҷикистон низ буд.
Амир Катаев соли 2015 бар асари ҳодисаи нохуш дар синни 68 даргузашт.
Соли 2020 – Мусо Диноршоев, файласуфи тоҷик, муассис ва директори Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар 85-солагӣ даргузашт.
Мӯсо Диноршоев, доктори илмҳо фалсафа, профессор ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд, ки солҳои зиёде мудирияти Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистонро дар ихтиёр дошт.
Ӯ бунёдгузори ин пажӯҳишгоҳ буд, ки аз соли 1990 то 2007 онро раҳбарӣ кард. Ҳамчунин ду давра ба унвони ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Дар даврони Шӯравӣ ҳамчун сардабири Энсиклопедияи шӯравии тоҷик низ кор карда буд.
Диноршоев яке аз донишмандони варзидаи риштаи фалсафа буд, ки дар бахшҳои таърихи фалсафа, ҳастишиносӣ (онтология), маърифатшиносӣ (гносеология), мантиқ , фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсатшиносӣ осори арзишманде бар ҷой гузошт.
“Фалсафаи Насриддини Тӯсӣ”, “Ибни Сино ва ҷаҳонбинии фалсафии ӯ”, “Ибни Сино ва нақши ӯ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ”, “Натурфалсафаи Ибни Сино”, “Фалсафаи касратгароии Абубакри Розӣ” бархе аз осори арзишманди ӯ дониста мешаванд.
Академик Диноршоев яке аз муаллифони китоби бисёрҷилдаи “Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ” мебошад, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ба табъ расидааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳар сол 29-уми сентябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии дил ҷашн гирифта мешавад. Ин сана барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз бемориҳои дилу раг ва паёмадҳои онҳо муайян шудааст.
Мақсади он ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба пешгирии бемориҳои дил ва сактаи майна мебошад. Ба иттилои созмонҳои тандурустӣ, ин бемориҳо ҳар сол зиёда аз 17 миллион нафарро аз ҳаёт маҳрум месозанд.
29-уми сентябри соли 1829 дар Лондон пулиси ҷиноятии “Скотланд-Ярд” таъсис ёфт. Иқдоми таъсиси он ба номи сарвазири Бритониё Роберт Пил рабт дорад.
Дар ибтидо он ҳамагӣ 1000 корманд дошт ва тақрибан 2 миллион аҳолиро назорат мекард. Номи “Скотланд-Ярд” аз ҷойгиршавии аввалини қароргоҳи пулис дар кӯчаи “Скотланд-Ярди бузург” гирифта шудааст.
Имрӯз ин ниҳод яке аз машҳуртарин хадамоти пулисии ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва беш аз 40 ҳазор корманд дошта, шаҳри Лондон ва атрофи онро бо масоҳати 620 мил мураббаъ ва аҳолии беш аз 7 миллион нафар фаро мегирад.
29-уми сентябри соли 1650 дар Лондон Ҳенри Робинсон аввалин оҷонсии расмии издивоҷро дар ҷаҳон ифтитоҳ кард. Дар он давра мизоҷон ҳангоми муроҷиат на танҳо хусусиятҳои шахсони мавриди таваҷҷуҳро, балки ҳаҷми ҷиҳози арӯсӣ ва имкониятҳои молии оилаҳои худро низ пешниҳод мекарданд.
Барои табақаҳои сарватманд издивоҷ на танҳо пайванди ишқӣ буд, балки бештар як созиши иқтисодӣ ва роҳи боло бурдани мақоми иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Дертар шабакаҳои мухталифи шиносоӣ ва хидматҳои издивоҷ дар саросари ҷаҳон пайдо шуданд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 29 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм, рӯзона 19+24º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 14+19º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 25+30º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9+14º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 17+19º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º хунук, рӯзона 12+17º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 16+18º гарм, рӯзона 30+32º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 32+34º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 24+26º гарм.


