“Qingdao Grand Prix”. Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил шуд

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти маъруфи силсилаи "Grand Prix 2025"- и ҷудо дар шаҳри Синдаои Чин ду медал гирифтанд: Обид Ҷебов (66 кг) медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) медали биринҷиро ба гардан овехтанд. Ҷаҳонгир Маҷидов рақобатҳои худро дар вазни то 100 кг рӯзи 28-уми сентябр, баргузор кард. Ӯ дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ  Ким Ҳансу аз Куриёи Ҷанубӣ ва […]

Asia-Plus

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти маъруфи силсилаи "Grand Prix 2025"- и ҷудо дар шаҳри Синдаои Чин ду медал гирифтанд: Обид Ҷебов (66 кг) медали нуқра ва Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) медали биринҷиро ба гардан овехтанд.

Ҷаҳонгир Маҷидов рақобатҳои худро дар вазни то 100 кг рӯзи 28-уми сентябр, баргузор кард. Ӯ дар марҳилаи 1/8-ниҳоӣ  Ким Ҳансу аз Куриёи Ҷанубӣ ва дар марҳилаи 1/4-ниҳоӣ Макс Грегори аз Бритониёро ноком карда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар ин марҳила варзишгари тоҷик аз Вег Зсомбори маҷористонӣ шикаст хӯрда, ба финал нарафт ва муборизаро барои медали биринҷӣ идома дод. Дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Ҷаҳонгир бо Мичал Ҷедрзеҷевски аз Лаҳистон куштӣ гирифт ва ӯро мағлуб карду медали биринҷиро ба гардан овехт.

Обид Ҷебов, ҷудокори 27-солаи тоҷик дар вазни то 66 кг баромад карда, баъди шикасти ду ҳарифи худ аз Қазоқистон ва Куриёи Ҷанубӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо ӯ дар ин марҳила аз варзишгари муғул Басхуу Йондонперенлей шикаст хӯрд ва соҳиби медали нуқра шуд. 

Ҳафт ҷудокори дигари тоҷик – Меҳрзод Сӯфиев ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Абубакр Шеров ва Масъуди Аҳмадзод, (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Александра Кан дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг дар марҳилаҳои гуногун мағлуб гашта, аз медалҳои мусобиқа бенасиб монданд.

Тоҷикистонро дар он 9 паҳлавон, 7 марду 2 зан муаррифӣ кард.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ба варзишгароне, ки соҳиби медал шуданд, мукофотпулӣ низ тақдим шуд: барои медали тилло 3 ҳазор евро, медали нуқра 2 ҳазор евро ва медали биринҷӣ 1 ҳазор евро. Ба мураббиён ҳам ҷоизаи пулӣ дода шуд.

Ҳамчунин, ҷудокороне, ки мақомҳои ҷоизавиро ба даст оварданд, дар радабандиҳо соҳиби имтиёз шуданд. Барои ҷои аввал 300 имтиёз, мақоми дуввум 180 ва ҷои сеюм 120 имтиёз ба радабандӣ илова мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби нуқра ва биринҷӣ, 1 зинаи 5-ум ва 2 ҷойи 7-ум миёни 26 кишвар дар мақоми 10-ум қарор гирифт.

Дар ҳисоби медалҳо зинаи аввалро дастаи Ҷопон (5 тилло ва 3 нуқра), ҷойи дуюмро Муғулистон (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ва мақоми сеюмро Фаронса (2 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) касб карданд. Дар мусобиқот зиёда аз 200 варзишгар аз 26 кишвар ширкат карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.