Ҳудуди 8%-и аҳолии Тоҷикистон бо мушкилоти норасоии ғизо рӯ ба рӯ ҳастанд

Ҳудуди 8%-и аҳолии Тоҷикистон бо мушкилоти гуруснагӣ дучор мебошанд. Ин аст, ки таъмини дастрасии устувор ба ғизо яке аз вазифаҳои калидии рушди миллӣ боқӣ мемонад. Дар ин бора дар брифинги матбуотӣ бахшида ба 80-солагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Душанбе зикр шуд. Тибқи арзёбии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, 20 сол пеш зиёда аз 30%-и […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳудуди 8%-и аҳолии Тоҷикистон бо мушкилоти гуруснагӣ дучор мебошанд. Ин аст, ки таъмини дастрасии устувор ба ғизо яке аз вазифаҳои калидии рушди миллӣ боқӣ мемонад.

Дар ин бора дар брифинги матбуотӣ бахшида ба 80-солагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дар Душанбе зикр шуд.

Тибқи арзёбии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, 20 сол пеш зиёда аз 30%-и аҳолии Тоҷикистон доимо аз норасоии ғизо азоб мекашиданд. Сабабҳои асосӣ ба фарсуда шудани зерсохтори обёрӣ, ҳосилнокии паст ва дастрасии маҳдуд ба бозорҳо вобаста буданд.

Соли 2025 сатҳи таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ то 20-22% поин рафт. Ба гуфтаи коршиносони ФАО, вазъ ба туфайли сармоягузорӣ ба бахши кишоварзӣ, рушди барномаҳои дастгирии деҳқонон ва ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба мутобиқат ба тағйирёбии иқлим беҳтар шуд. Вале бар асари даромади паст, вобастагӣ ба муҳоҷирати корӣ ва ноустувории нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ, осебпазирии хонаводаҳои деҳот боқӣ монд.

"Имрӯз сарфи назар аз пешрафти назаррас, ба Тоҷикистон ҳалли як қатор масъалаҳои муҳим, ки дар онҳо ФАО фаъолона иштирок мекунад, лозим аст. Созмон аз лоиҳаҳо оид ба рушди устувори бахши кишоварзӣ, бунёди пойгоҳи тухмӣ ва нигаҳдории захираҳои генетикии растаниҳо, ҷорисозии технологияҳои сарфаи об, идоракунии чарогоҳҳо ва баланд бардоштани устувории ҷомеа ба тағйирёбии иқлим дастгирӣ мекунад. Ғайр аз ин, ташаббусҳо дар самти рақамисозии бахши кишоварзӣ ва таълиму омӯзиши кишоварзон бо тарзу усулҳои пеш бурдани тиҷорат дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ мешаванд", зикр шуд дар брифинг.

Дар доираи брифинг ҳамчунин филмҳо бахшида ба ташаббусҳо дар соҳаи рушди устувори бахши кишоварзӣ, аз ҷумла “Водии Алмосӣ”, инчунин доир ба лоиҳаҳои ФАО дар Тоҷикистон намоиш дода шуданд.

Ба лоиҳаи “Деҳаҳои рақамӣ”, ки дар водии Ҳисор амалӣ мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Дар деҳаи Лолазор, ки сокинонаш маъмулан ба ангурпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд, акнун барои пайгирии обуҳаво, идоракунии чарогоҳҳо ва пешбурди маҳсулоти худ  аз воситаҳои рақамӣ истифода мебаранд. Ин таҷриба метавонад барои дигар минтақаҳои кишвар ба сифати намуна қабул шавад.

Иштирокчиён таъкид доштанд, ки ҳамоҳангсозии талошҳои ҳукумат, баъхши хусусӣ ва шарикони байнулмилалӣ ба беҳбуди устувории низомҳои озуқаворӣ, коҳиши осебпазирии минтақаҳои деҳот ва таъмини дастрасии баробар ба ғизои хушсифат барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон имкон фароҳам меорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.