Роҳрави сурху гулзор, тӯҳфа ва “Шоми дӯстӣ”. Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро дар Душанбе пазируфт

Шаби гузашта, 8-уми октябр, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад ва ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “гарму самимӣ” истиқбол гирифт. Ба хотири сафари давлатии Владимир Путин майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатӣ ва аксҳои роҳбарони ду давлат, шиорҳову роҳрави қирмизӣ оро дода шуд. Дар ду паҳлӯи […]

Asia-Plus

Шаби гузашта, 8-уми октябр, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад ва ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон “гарму самимӣ” истиқбол гирифт.

Ба хотири сафари давлатии Владимир Путин майдони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо парчамҳои давлатӣ ва аксҳои роҳбарони ду давлат, шиорҳову роҳрави қирмизӣ оро дода шуд.

Дар ду паҳлӯи роҳрави қирмизӣ, ки бо гулҳо оро дода шуда буд, сарбозони горди фахрӣ саф оростанд.

Пас аз маросими пешвоз, раисҷумҳури Русия ба назди муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ рафт ва ҳамчун нишони эҳтиром ба давлатдории миллии тоҷикон гулчамбар гузошт ва сари таъзим фуруд овард.

 

Баъдан раисҷумҳурони ду кишвар дар “Шоми дӯстӣ”, ки дар Боғи Ирам омода шуда буд, иштирок карданд. Дар наворҳои аз ин чорабинӣ нашркардаи дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дида мешавад, ки Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон акси “Дӯстони тоҷик” ва китоби “Тоҷикон” тақдим мекунад. Раисҷумҳури Русия зимни тақдими китоби “Тоҷикон” зикр кард, ки “ин китоб ҳамагӣ 25 нусха нашр шудаву ин нусхаи якум аст”.

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз намоишгоҳе, ки дар ин боғ ташкил гардида буд, дидан карданд.

 

Бояд гуфт, сафари давлатии раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ду рӯз давом мекунад. Имрӯз, 9-уми октябр, ӯро Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо риояи русуми сафари давлатӣ мепазирад.

Тибқи маълумоти қаблан ироагардида, сарони ду давлат “як ба як” ва бо иштироки ҳайатҳо мулоқот ва гуфтушунид мекунанд.

Зимни ин мулоқот, масъалаҳои стратегии ҳамкории дуҷониба муҳокима мешаванд ва имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ пешбинӣ шудааст.

Дар анҷоми вохӯриҳо нишасти матбуотии муштараки роҳбарони ду кишвар баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.