Қоидаҳои нави вуруд ба Аврупо: тоҷикистониён бояд аз қайди электронӣ ва биометрия гузаранд

Аз 12 октябр дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои шаҳрвандони кишварҳои сеюм системаи нави бақайдгирии электронии вуруд ва хуруҷ (Entry Exit System, EES) мавриди амал қарор гирифт. Дар ин бора Медуза бо истинод ба сомонаи Мудирияти кулли муҳоҷират ва умури дохилии Комиссияи Аврупо хабар медиҳад. Системаи нав ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон дахл дорад, […]

Asia-Plus

Аз 12 октябр дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои шаҳрвандони кишварҳои сеюм системаи нави бақайдгирии электронии вуруд ва хуруҷ (Entry Exit System, EES) мавриди амал қарор гирифт. Дар ин бора Медуза бо истинод ба сомонаи Мудирияти кулли муҳоҷират ва умури дохилии Комиссияи Аврупо хабар медиҳад.

Системаи нав ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон дахл дорад, ки сарҳадҳои 29 кишвари минтақаи Шенгенро бо сафарҳои кӯтоҳмуҳлат то 90 рӯз дар муддати ним сол убур мекунанд.

Барои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, дорандагони раводид (виза)-и дарозмуҳлат ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) навбатҳои ҷудогона роҳандозӣ мешаванд.

Дар система сана ва макони вуруд ё хуруҷ, инчунин ҳолатҳои рад шудан барои вуруд сабт мешаванд.

Дар ҳолати якум бор гузаштан аз марз бояд аз қайд гузашт, ки аз пешниҳоди маълумоти биометрӣ – аксбардорӣ ва супурдани изи ангуштон, инчунин нусхабардор (скан кардан)-и шиноснома иборат аст.

Ҷорисозии ситемаи мазкур тадриҷан дар муддати ним сол, шурӯъ аз 12 октябр амалӣ мешавад.

Аз 10 апрели соли 2026 система низоми амалкунандаи бо дастӣ муҳр гузоштан дар шиносномаҳоро пурра иваз мекунад.

Дар Комиссияи Аврупо зикр кардаанд, ки системаи нав ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, самараноктар ошкор намудани шахсоне, ки муҳлати будубошро риоя намекунанд, инчнуин ошкор сохтани ҳолатҳои сохтакории ҳуҷҷатҳо ва шаҳодатномаҳои тасдиқкунандаи шахсият кумак мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.