Мақомот сабаби сӯхтор дар тарабхонаи “Читир Уста” -ро шарҳ доданд

Мақомот гуфтанд, “беназорат гузоштани оташ дар нуқтаи сихкабобпазӣ” боиси сар задани сӯхтор  дар тарабхонаи туркии “Читир Уста” (Citir Usta) дар Душанбе шудааст. Баъд аз зуҳри 11-уми октябр дар ин тарабхона сӯхтор сар зад. Навори сӯхтори тарабхона нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Мақомот гуфтанд, “беназорат гузоштани оташ дар нуқтаи сихкабобпазӣ” боиси сар задани сӯхтор  дар тарабхонаи туркии “Читир Уста” (Citir Usta) дар Душанбе шудааст.

Баъд аз зуҳри 11-уми октябр дар ин тарабхона сӯхтор сар зад. Навори сӯхтори тарабхона нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард.

Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, сӯхтор масоҳати 3 метри мураббаъро фаро гирифта, зарари расида 600 сомонӣ мебошад.

“Сӯхтор дар дудбарои тарабхонаи ҶДММ “Ҳалими Олим” (Citir Usta) мансуб ба соҳибкор Умар Бақоев, сокини шаҳри Душанбе сар задааст. Молу мулке, ки аз оташ наҷот дода шуд, 2 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Аз Сарраёсат гуфтанд, "сӯхторхомушкунон зуд ба ҷои ҳодиса расида, оташро саривақт хомӯш карданд".

Ба қавли мақомот, дар пайи ин сӯхтор ягон кас осеб надидааст. 

Бояд гуфт, ки оташ гирифтани тарабхонаҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд иттифоқ меафтад, ки мақомот аксаран сабаби сӯхторро расиши сим ё аз беэҳтиётии худи масъулин унвон медиҳанд.

Аз ҷумла моҳи июни соли ҷорӣ дар тарабхонаи “Яккасарой (Family)” ё собиқ “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд сӯхтор сар зад, ки дар пайи он 80% тарабхона ба коми оташ рафт. Масоҳати тарабхонаи сеошёна, ки дар маҷмуъ, 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ду ошёнаи болоии он пурра сухта нобуд шуд.  

Тибқи иттилои ВКД, дар 6 моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 564 сӯхтор сар задааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024 (497 ҳодиса) 33 ҳолат бештар будааст. Дар пайи ин сӯхторҳо 14 нафар ҷон бохта 87 нафар аз коми оташ наҷот ёфтаанд. Зарари расида аз сӯхторҳои ним соли гузашта 15 миллиону 662 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио