Раиси КДАМ Қирғизистон: Шаҳри Манас метавонад пойтахти нави Қирғизистон гардад

Бо гузашти вақт шаҳри Манас метавонад пойтахти нави Қирғизистон гардад. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар зимни суханронӣ бо роҳбарони мактабҳои маҳаллӣ дар ин шаҳр изҳори назар кардааст, хабар медиҳад, хабаргузории 24.kg. Ба гуфтаи ӯ, аллакай соли 2026 Манас, ба мисли Бишкек ва Ош мақоми шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявидоштаро ба […]

Asia-Plus

Бо гузашти вақт шаҳри Манас метавонад пойтахти нави Қирғизистон гардад. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар зимни суханронӣ бо роҳбарони мактабҳои маҳаллӣ дар ин шаҳр изҳори назар кардааст, хабар медиҳад, хабаргузории 24.kg.

Ба гуфтаи ӯ, аллакай соли 2026 Манас, ба мисли Бишкек ва Ош мақоми шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявидоштаро ба даст хоҳад овард.

Қамчибек Тошиев таъкид намуд, ки иваз кардани номи Ҷалолобод ба Манас як қадами андешидашуда буд, ки дар асоси нақшаҳои дарозмуддат оид ба рушд ва тақвияти нақши шаҳр дар ҳаёти кишвар амалӣ шудааст.

“Баъзе сиёсатмадорон мегуфтанд, ки Манас метавонад пойтахт шавад. Агар мо ба ин омода бошем — чаро не? Вале барои ин бояд худи шаҳр, инфрасохтор ва сокинон омода шаванд. Пойтахт будан — масъулияти бузург аст: сармоягузории ҷиддӣ ва тағйироти васеъмиқёс зарур аст”, -гуфтааст ӯ.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон афзудааст, ки дар шаҳр аллакай як қатор лоиҳаҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ амалӣ мешаванд. Дар оянда нақша доранд, ки Манасро ба яке аз шаҳрҳои муосир ва босуръат рушдёбандаи Қирғизистон табдил диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш номи шаҳри маъруфи Ҷалолобод ба шаҳри Манас иваз карда шуд.

Сабаби тағйиротро аъзои маҷлис расман дар муроҷиати дастаҷамъонаи сокинон ва зарураташро дар ҳимояти манфиат ва идеологияи миллӣ номиданд.

Манас, қаҳрамони достони маъруфи мардуми қирғиз аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.