Оё мушкили қатъи об ва фишори пасти он дар пойтахт ҳал шуд?

  Масъулини шаҳрдории Душанбе тобистони гузашта дар нишасти хабарӣ ваъда доданд, ки то охири моҳи июл мушкили қатъи оби ошомиданӣ ва фишори пасти он дар баъзе минтақаҳои пойтахт бартараф мешавад. Вале бо гузашти 2 моҳ сокинони пойтахт то ҳол аз фишори пасту қатъи оби ошомиданӣ дар хонаҳояшон шикоят доранд. Масъулин бошанд, мавҷудияти мушкилро дар ин […]

Asia-Plus

 

Масъулини шаҳрдории Душанбе тобистони гузашта дар нишасти хабарӣ ваъда доданд, ки то охири моҳи июл мушкили қатъи оби ошомиданӣ ва фишори пасти он дар баъзе минтақаҳои пойтахт бартараф мешавад. Вале бо гузашти 2 моҳ сокинони пойтахт то ҳол аз фишори пасту қатъи оби ошомиданӣ дар хонаҳояшон шикоят доранд. Масъулин бошанд, мавҷудияти мушкилро дар ин самт инкор мекунанд.

“Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсише гузаронида, кӯшиш намуд то куҷо бартараф шудани ин мушкилро муайян кунад. 

Аз посухи сокинон маълум шуд, ки мушкили қатъи обу фишори пасти об ҳамоно ҷой дорад. Бо ин мушкил сокинони аксар маҳалҳои пойтахт рӯбарӯянд.

“Вақти нишасти хабариашон об фақат шаб меомад. Ҳозир бошад об баъзан комилан қатъ мешавад. Ва вақтҳое ҳам ки об дорем, ниҳоят кам аст. н. Сино, кӯчаи П. Сулаймонӣ 10”, – навиштааст Shamsullo.

“А. Навоӣ 17/3, н.Сино, маҳ. 91, ошёнаи 3 фишори об тамоман суст”, – шарҳ гузоштааст истифодабарандае бо номи f1ruza_s/

“Дар маҳаллаи Сомон 1 фишори об паст аст, рӯзона об нест, бо насос базӯр мекашем”, – менависад истифодабарандае бо номи valek9098.

“Дар маҳаллаи 82 об тамоман кам аст”, – навиштааст majidzoda_______.

“Мо дар маҳаллаи Сурхоб зиндагӣ мекунем об надорем, танҳо шаб об медиҳанд”, – нақл кардааст rvd.1994.

 

Дар шарҳҳо чанд кӯчаву маҳаллаи дигари пойтахт, ки бо мушкили қатъ ва фишори пасти об рӯбарӯянд низ зикр шудаанд. Аз ҷумла, маҳаллаҳои “Жилой массив”, 61, 64 ва кӯчаи Н. Қарабоев.

Дар баробари фишори паст, сокинон ҳамчунин аз мунтазам қатъ шудани об ва ифлосии он шикоят доранд.

“Маҳаллаи 82 Б 2 ошенаи 4 фишор суст бегоҳ аз соати 17 то 20 об гум мешавад” – навиштааст Анвари Хочи Мансур.

“Н. Шоҳмансур кӯчаи Айнӣ чи хел буд соат кати ҳамин хел монд. Аз соати 10:00 саҳар то 17:30 бегоҳ об надорем” – шарҳ гузоштааст.

“Дар кӯчаи Испечак 1, М-6 об чиркин, об кам, ягон кас назорат намекунад” – менависад sayora.boboeva.

“Умуман  беҳтар шудагӣ нест. Об беҳад ифлос ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Н.Қарабоев” – ибрози андеша кардааст Куруши Кабир.

Дар ҳамин ҳол, масъулини КВД “Обу корези Душанбе” мушкили қатъи об ва фишори пасти онро рад карданд. Ба гуфтаи онҳо, мувофиқи санҷишҳо фишори об “муътадил ва дар сатҳи зарурӣ мебошад”.

 

Пас аз шикояти сокинони ноҳияи Сино ва маҳаллаи Сурхоб мо санҷиш гузаронидем. Санҷиш нишон дод, ки дар ноҳияи Сино фишори об баланд ва муътадил аст. Дар маҳаллаи Сурхоб бошад, барои беҳтар намудани таъминот ва баланд бардоштани фишори оби нӯшокӣ 1200 метр қубури нави полиэтилении диаметраш 225 мм насб карда шуд. Айни ҳол дар ин маҳалла низ фишори об ба сатҳи зарурӣ мерасад”,-гуфтанд масъулини ин ниҳод.

Масъулин вазъи обро дар маҳалҳои дигари пойтахт шарҳ надоданд.

Дар баробари ин, дар “Обу корези Душанбе” ёдовар шуданд, ки ин ниҳод танҳо то нуқтаҳои таъмини оби нӯшокӣ фишори лозимаро кафолат медиҳад. Ба гуфтаи масъулин, агар мушкилот дар дохили биноҳо ё системаҳои истиқоматӣ, масалан, баста будани филтрҳо ё қубурҳои зеризаминӣ ба миён оянд, бартараф намудани онҳо ба дӯши муассисаҳои хидматрасонии манзилию коммуналӣ ва дигар сохторҳои дахлдор вогузор мешавад.

“Аз ин рӯ, аз сокинони пойтахт эҳтиромона хоҳишмекунем, ки дар сурати ба миён омадани чунин ҳолатҳо пеш аз ҳама ҳолати шабакаҳои дохилии худро санҷида, сипас ба муассисаҳои дахлдор муроҷиат намоянд”, – гуфтанд масъулин дар суҳбат бо “Азия-Плюс”. 

 

Хотиррасон мекунем, ки Баҳром Саидзода, роҳбари КВД “Обу корези Душанбе” ҳанӯз тобистони гузашта дар нишасти хабарии шаҳдорӣ ваъда карда буд, ки то охири моҳи июл мушкили қатъи об ва фишори пасти он бартараф мешавад. Он вақт сабаби қатъи об ва фишори пасти он дар пойтахт “корҳои васл ва пайвасткунии қубурҳои нави обгузар” гуфта мешуд. 

Аммо он вақт ин мушкил бартараф нашуда буд. Инак, бо гузашти бештар аз 2 моҳ сокинони пойтахт ҳамоно аз қатъи пайвастаи об ва фишори пасти он азият мекашанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.