Низомиёни тоҷик барои ширкат дар размоишҳои байналмилалии “Ягонагӣ-2025” ба Самарқанд рафтаанд

Ҳайати низомиёни Тоҷикистон барои ширкат дар тамринҳои низомии минтақавии “Ягонагӣ-2025” (“Бирлик-2025”) ба Ӯзбекистон рафтаанд. Тамринҳо бо иштироки низомиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озабойҷон аз 14 то 21-уми октябр дар машқгоҳи “Каттақурған” баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, ки ҳайяти Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр ба машқгоҳи “Каттақурған”-и шаҳри Самарқанд ворид […]

Asia-Plus

Ҳайати низомиёни Тоҷикистон барои ширкат дар тамринҳои низомии минтақавии “Ягонагӣ-2025” (“Бирлик-2025”) ба Ӯзбекистон рафтаанд. Тамринҳо бо иштироки низомиёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озабойҷон аз 14 то 21-уми октябр дар машқгоҳи “Каттақурған” баргузор мешавад.

Дар ин бора Вазорати дифои Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, ки ҳайяти Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр ба машқгоҳи “Каттақурған”-и шаҳри Самарқанд ворид шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар тамринҳо ҳайятҳои низомии кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат карда, таҷрибаи ҳарбии худро табодул мекунанд.

“…аҳамияти баргузории машқҳо барои таъмини амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои муттақобила алайҳи таҳдиду хатарҳои муосир муҳим мебошад”,-гуфтааст Вазорати мудофиа.

Ин ниҳод гуфтааст, ки дирӯз, 13-уми октябр дар машқгоҳи “Каттақурған” таҳти роҳбарии фармондеҳи тамринҳои минтақавӣ “Ягонагӣ-2025” ва роҳбарияти низомиёни кишварҳои номбурда ҷаласа баргузор шудааст.

Гуфта мешавад дар ҷаласа, омодагӣ ба тамринҳо ва раванди марҳалаҳои он баррасӣ шудааст.

Вазорати мудофиаи кишвар нагуфтааст, ки дар ин тамринҳо чанд сарбози тоҷик ширкат мекунанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта низ тамринҳои низомии “Ягонагӣ-2025” бо ширкати панҷ кишвар дар Қазоқистон баргузор шуда буд. Гуфта мешуд, ки дар тамринҳо ҳудуди 4 ҳазор низомӣ ширкат намуданд ва аз 700 адад аслиҳаву техникаи ҷангӣ истифода шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.