Боздошти боз як корманди ширкати сохтмонии “Ҷамол-Басир” бо гумони қаллобӣ дар хариду фурӯши хона

Як корманди ширкати сохтмонии “Ҷамол-Басир”, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт, бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми як миллион сомонӣ боздошт шудааст. Ин дуюмин корманди ин ширкат аст, ки бо гумони фиреби мардум боздошт мешавад. Қаблан роҳбари ин ширкат барои фурӯхтани як хона то ба 7 нафар дастгир шуда буд. Пулиси Душанбе аз ӯ Солиҳов Орифҷон, сокини […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Як корманди ширкати сохтмонии “Ҷамол-Басир”, ки дар ҷустуҷӯ қарор дошт, бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми як миллион сомонӣ боздошт шудааст. Ин дуюмин корманди ин ширкат аст, ки бо гумони фиреби мардум боздошт мешавад. Қаблан роҳбари ин ширкат барои фурӯхтани як хона то ба 7 нафар дастгир шуда буд.

Пулиси Душанбе аз ӯ Солиҳов Орифҷон, сокини 39-солаи ноҳияи Нуробод ном бурда гуфтааст, ӯ ҳамгоми дар ширкати “Ҷамол-Басир” кор карданаш “бо ваъдаи бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан аз шаҳрвандон маблағҳои калони пулӣ гирифта, онҳоро фиреб додааст”.

Зарари расида дар умум як миллион сомонӣ гуфта шудааст. Аз пулиси Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳанӯз тафтишот идома дорад ва ҳоло шумораи дақиқи зарардидагон муайян нест.

Мақомот аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар аз Солиҳов Орифҷон, корманди ин ширкат фиреб хӯрдаанд, бо рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба пулиси пойтахт муроҷиат кунанд.

Манбаъ гуфт, нисбати гумонбаршуда бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз шудааст. Ин банди қонун аз ҷарима то 12 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ мекунад.

Қаблан, мақомот аз боздошти Содиқ Одинаеви 32-сола, роҳбари ширкати сохтмонии мазкур бо гумони фиреби  160 нафар, аз ҷумла фурӯши як хона то ба 7 кас хабар дода буд.

Гуфта мешуд, ҳаҷми зарари расондаи ӯ ба шаҳрвандон наздики 50 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, сокинони пойтахт борҳо аз ширкатҳои сохтмонӣ шикоят кардаанд, ки бар хилофи шартнома хонаҳояшонро сари вақт намесозанд ва ё як хонаро ба чанд кас мефурӯшанд, ки боиси сарсониву саргардонии онҳо мешавад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.