Бар асари тирпаронӣ дар боғи шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА, ки дар он ҷо автошоу баргузор мешуд, 2 кас ҳалок ва боз 5 нафари дигар захмӣ шудаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии ВВС бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Ба гуфтаи капитани пулиси Лос-Анҷелес Келли Муниз, дар ин ҳодис дастикам ду нафар тир паронидаанд.
“Эҳтимол тирпаронӣ аз баҳс байни ду нафар оғоз гардида, силоҳи оашфишон ҳам пайдо шудааст”, – иброз доштааст ӯ.
Ҳеҷ кадоме аз гумонбар ё гумонбаршудагон ошкор ва дастгир нашудаанд. Мақомоти пулис автомашинаи рангаш сафеди Mercedes-Benz-ро меҷӯяд, ки шояд ба ин ҳодиса марбут бошад.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар натиҷаи тирпаронӣ дастикам 7 нафар афроди синнашон аз 3 то 54-сола захмӣ шуда, бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Келли Муниз гуфтааст, дар чорабинии автошоу дар боғ то 500 нафар ҳузур доштаанд.