Маълум шуд, ки иди Меҳргон, тарбузу харбузаву каду ва себу ангур кай ва дар куҷо таҷлил мешаванд

Рӯзи 19-уми октябр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе таҷлили иди Меҳргон ва намоиш-фурӯши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯз, ҳамчунин, дар боғи мазкур чорабиниҳои “Иди тарбуз, харбуза ва каду”, “Иди себ ва ангур”, “Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал” ва “Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ” доир […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Рӯзи 19-уми октябр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе таҷлили иди Меҳргон ва намоиш-фурӯши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ин рӯз, ҳамчунин, дар боғи мазкур чорабиниҳои “Иди тарбуз, харбуза ва каду”, “Иди себ ва ангур”, “Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал” ва “Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ” доир мешаванд.

Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ин чорабинӣ деҳқонон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар маҳсулоти кишоварзии худ, аз қабили биринҷу шолӣ, себу ангур, асал, сабзавот ва меваҷотро ба намоиш гузошта, беҳтарин кадбонуҳои мамлакат ва ҳунармандони мардуми хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоташонро манзури сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Вазорат гуфтааст, дар ин рӯз маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас пешниҳоди сокинон мегардад. Инчунин, кумитаву идораҳои давлатӣ дастовардҳои соҳаи худро ба намоиш мегузоранд.

Меҳргон ҷашни тирамоҳӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун рамзи сипосгузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати деҳқонон, эҳтиром ба ягонагии инсон ва табиат таҷлил карда мешавад.

Соли 2009 бо қарори ҳукумат ҷашни Меҳргон ба рӯйхати идҳои расмӣ дохил карда шуд ва соли гузашта ин ҷашн ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО низ ворид гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.