Мавқеи шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дар радабандии “Henley & Partners“ 6 зина поён рафтааст

Мавқеи шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дар радабандии навшудаи "Passport Henley 2025", ки ҳамасола аз ҷониби пойгоҳи консалтингии "Henley & Partners" омода ва нашр мешавад, назар ба соли гузашта, 6 зина поён рафта, дар ҷои 87-ум қарор гирифтааст. Соли гузашта кишвари мо дар мавқеи 81-ум буд. Тибқи иттилои ин пойгоҳ, шиносномаи тоҷикӣ имконият медиҳад, ки шаҳрвандон ҳамагӣ ба 55 […]

Нодира Собирзод, махсус барои “Asia Plus”

Мавқеи шиносномаи хориҷии Тоҷикистон дар радабандии навшудаи "Passport Henley 2025", ки ҳамасола аз ҷониби пойгоҳи консалтингии "Henley & Partners" омода ва нашр мешавад, назар ба соли гузашта, 6 зина поён рафта, дар ҷои 87-ум қарор гирифтааст. Соли гузашта кишвари мо дар мавқеи 81-ум буд.

Тибқи иттилои ин пойгоҳ, шиносномаи тоҷикӣ имконият медиҳад, ки шаҳрвандон ҳамагӣ ба 55 кишвар бидуни раводид сафар кунанд.

Ин пойгоҳ шиносномаи мамлакатҳое, ки имконияти бе раводид ё бо раводиди соддашуда сафар карданро медиҳад, радабандӣ мекунад.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон дар ҷои аввал қарор  дорад. Ин кишвар мақоми 67-умро ишғол карда, аз шаҳрвандонаш барои сафар ба 78 кишвари ҷаҳон раводид талаб намекунад.

Шиносномаи хориҷиии Қирғизистон дар ҷои 81-ум қарор дошта, шаҳрвандонашро имконият медиҳад, ки ба 62 кишвар бидуни раводид сафар намоянд. Ӯзбекистон бошад мақоми 82-ро ишғол кардааст. Бо шиносномаи ин кишвар ба 61 кишвар бе раводид ворид шудан мумкин аст.

Туркманистон бошад дар ҷойи 93-юм қарор дорад. Реҷаи бе раводиди ин кишвар дар 48 мамлакат амал мекунад.

Шиносномаи Русия низ мавқеашро аз даст дода, пас аз Венесуэла ва Молдова аз зинаи 46 ба 50-ум поин рафт.

Қобили зикр аст, ки се зинаи аввали радабандии навро кишварҳои Осиё ишғол кардаанд: Сингапур дар мақоми аввал (шаҳрвандон метавонанд аз 227 кишвари ҷаҳон ба 193 кишвар бидуни раводид ворид шаванд), Кореяи Ҷанубӣ дар ҷойи дуюм ​​(190 кишвар) ва Ҷопон дар зинаи сеюм (189 кишвар).

Дар радабандиҳои шинсонома нишон дода мешавад, ки то кадом андоза дорандагони он метавонанд соддаву осон ба дигар давлатҳои ҷаҳон сафар кунанд. Чӣ қадре, ки шахс бисёртар ба давлатҳо бидуни раводид ё бо раводид зимни расидан ба онҳо сафар карда тавонад, ҳамон қадр шиносномаи ӯ “қавитар” шуморида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси маълумоти “Passport Index”, дар соли 2025 шиносномаи Тоҷикистон дар аз рӯи сатҳи озодии ҳаракат мақоми 66-умро ишғол мекунад. Соҳибони он метавонанд ба 23 кишвар бидуни раводид сафар кунанд, визаро дар 47 кишвар пас аз расидан ба кишвар гиранд ва ҳамчунин иҷозатномаи электронӣ (eTA) дар 4 кишвар ба даст оранд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, низоми бидуни раводид бо 35 кишвари ҷаҳон амал мекунад, ки аз ин шумор 23 кишвар ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз навъи шиноснома вуруди бидуни раводидро таъмин мекунанд. Боқимонда, танҳо дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ бидуни раводид ворид мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.