Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ

Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон шаби гузашта, 19-уми октябр дар синни 83 дунёи фониро падруд гуфт. Дар ин бора дӯстону наздикони ин адиби шинохта дар шабакаҳо иҷтимоӣ хабар доданд. Сабаби даргузашти марҳум маълум нест. Ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ хонда мешавад. Ҳоло маълум нест, ки ӯ дар куҷо ба хок супорида мешавад. […]

Asia-Plus

Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон шаби гузашта, 19-уми октябр дар синни 83 дунёи фониро падруд гуфт. Дар ин бора дӯстону наздикони ин адиби шинохта дар шабакаҳо иҷтимоӣ хабар доданд. Сабаби даргузашти марҳум маълум нест.

Ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ хонда мешавад. Ҳоло маълум нест, ки ӯ дар куҷо ба хок супорида мешавад. Тибқи анъана онҳое, ки унвони шоир ва ё нависандаи халқӣ доранд, дар қабристони Лучоб гӯронда мешаванд.

Кароматуллоҳи Мирзо барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва аз шинохтатарин нависандаҳои тоҷик буд.

Ӯ 25-уми апрели соли 1942 дар деҳаи Нилкони ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм карда, фаъолияташ аз муаллимӣ дар мактаб оғоз шудаачт.

Минбаъд Кароматуллоҳи Мирзо дар рӯзномаҳои “Пионери Тоҷикистон”, “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони Советӣ”, нашриёти “Маориф”, “Адиб” кор кардааст. Чанд муддат сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” буд. Соли 2004 мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъин шуда, ҳамзамон раиси Раёсат ва Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ин нависандаи маъруфи тоҷик муаллифи чандин асарҳо буда, романҳои “Дар орзуи падар” (иборат аз се қисмат), “Марги бегуноҳ”, “Ду ҳикоя” ва “Деҳаро хоб мебинам” мақоми ӯро дар адабиёти тоҷик шоиста гардонидаанд.

Дар заминаи романи сегонаи “Дар орзуи падар” силсилафилми ҳамноме иборат аз 23 қисмат танзим гардидааст, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ маъруфияту маҳбубияти хоссае пайдо кардааст.

Пиромуни зиндагиву эҷоди нависанда дар мусоҳибаи "Азия-Плюс" бо номи "Кароматулло Мирзоев: ман намехоҳам, ки гурӯҳе шинанду маро таъриф кунанд" мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.