ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 24 ОКТЯБР
– Имрӯз тими миллии наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2025 бо ҳамсолони худ аз Замбия бозии рафиқона доир мекунанд. Бозӣ дар варзишгоҳи шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сурат хоҳад гирифт.
– Имрӯз тамринҳои муштараки сулҳҷӯёнаи “Бародарии шикастнопазир-2025” ва машқҳои махсуси “Монеа-2025, инчунин, размоишҳои зиддитеррористии “Иттиҳоди зиддитеррористӣ – 2025”, ки бо ширкати бархе кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар машқгоҳи “Фахробод”-и Хатлони Тоҷикистон идома дорад, ба анҷом мерасад. Он рӯзи 21-уми октябр оғоз гардида буд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 24 ОКТЯБР
Соли 1992 – Ба шаҳри Душанбе дастаҳои мусаллаҳ таҳти фармондеҳии Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси парлумон ҳуҷум намуда, Қасри президент ва Маркази радиоро ишғол намуданд.
Соли 2013 – Дар шаҳри Минск бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Беларус ифтитоҳ гардид.
Соли 2015 – Байни Тоҷикистон ва Ҷопон изҳороти муштарак оид ба шарикӣ ба имзо расид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1947 – Мавлуди Шарофиддин Тӯйчиев, доктори илмҳои физикаю математика.
Соли 1957 – Зодрӯзи Набиҷон Раҳимов, муаррих, бостоншинос, доктори илмҳои таърих.
Соли 1970 – Мавлуди Абдурасул Насимов, ҳуқуқшинос, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон.
Соли 1973 – Зодрӯзи Дилором Сатторзода, раққоса, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Дилором Сатторзода, ки тобистони имсол унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро соҳиб гардид, роҳбари ансамбли рақсии “Ҷаҳоноро” аст.
Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, соли 1983 дар студияи кӯдаконаи ансамбли рақсии “Зебо” ба ҳунарнамоӣ шурӯъ кардааст. Соли 1991 дар дастаи рақсии “Ҷаҳоноро” ба кор омада, аз соли 2001 роҳбари бадеии ин ансамбли рақсӣ мебошад.
Ӯ рақсҳои зиёди якка ва гурӯҳӣ, аз қабили “Ба ман оред”, “Кӯчабоғӣ”, “Фиғон”, “Мавригӣ”, “Рапои Рӯшон”, “Гулузорам”, “Ба ноз ба ноз”, “Дар боғ”, “Як назар”, “Маҳваш”, “Сарахбори Ороми ҷон”-ро иҷро кардааст.
Соли 1992 – Махсум Олимӣ, рӯзноманигор ва шоири тоҷик дар 36-солагӣ кушта шуд.
Соли 1992 – Рустами Абдураҳим, овозхон ва оҳангсози тоҷик дар 54-солагӣ кушта шуд.
Соли 1993 – Раҳим Ҳошим, нависанда, адабиётшинос, мунаққид ва мутарҷими тоҷик дар 85-солагӣ даргузашт.
Раҳим Ҳошим дар мактаби ибтидоии усули ҷадид ва мактаби навташкиле, ки устод Айнӣ дарс мегуфт таҳсил карда, баъдан дар Дорулмуаллимини Самарқанд таълимро идома додааст. Ӯ солҳо фаъолияти рӯзноманигорӣ дошта, дар рӯзномаи “Зарафшон”, маҷаллаи “Маориф ва ӯқитувчи”, “Раҳбари дониш”, Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд кор кардааст.
Раҳим Ҳошим соли 1930 ба Тоҷикистон омад ва дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба фаъолият пардохт. Аммо соли 1944 ба Сибир бадарға шуда, 10 сол – то соли 1954 онҷо буд. Соли 1955 ба Тоҷикистон баргашт ва то охири умр Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо фаъолият кард.
Фаъолияти илмии Раҳим Ҳошим аз соли 1928 шурӯъ шуда, нахустин мақолаҳояш дар мавзӯъи масъалаҳои мубрами адабиёт ва забони тоҷикӣ дар маҷаллаи “Раҳбари дониш” нашр шудаанд. Муаллифи рисолаҳои “Пире, ки ҷавон шудааст” (дар бораи Устод Айнӣ), “Ҳайкали бузурги назм” (дар бораи Абдураҳмони Ҷомӣ), “Ибни Сино”, “Абӯрайҳони Берунӣ” мебошад. Соли 1971 китоби ёддоштҳояш “Сухан аз устодон ва дӯстон” ба табъ расид, ки дар он чеҳраҳои эҷодии Устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарон таҷассум ёфтаанд.
Ӯ дар тарҷумонӣ низ дасти қавӣ дошта, романи “Модар” ва ҳикояҳои Максим Горкий, “Шоҳу гадо”-и Марк Твен, “Анна Каренина”, “Чингизхон”-и В. Ян, “Чаманоро”-и Рашид Нурӣ, “Робинзон Крузо”-и Даниел Дефо ва дигар асарҳои ҷаҳониро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Инчунин дар таҳияи “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, “Луғати русӣ-тоҷикӣ” саҳм доштааст.
Соли 2017 – Ҳабибулло Табаров, собиқ вазири кишоварзӣ ва раисикунандаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар синни 79 даргузашт.
Ҳабибулло Табаров, муовини раиси корхонаи шири шаҳри Душанбе ва вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон соли 1938 ба дунё омадааст. Баъди мактаби миёна факултети агрономии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм мекунад.
Фаъолияти кориашро ҳанӯз аз даврони мактаби миёна ҳамчун муҳосиб шурӯъ кардааст. Соли 1958 котиби аввали Кумитаи комсомол дар ноҳияи Фархор таъйин мешавад. Баъдан ба кори ҳизбӣ ҷалб мешавад ва дар вазифаҳои муншии аввали ноҳияҳои Маскав, Фархор ва Восеъ кор мекунад. Сипас, раиси кумитаи иҷроияи ноҳия ва баъдан раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб таъйин мешавад.
Дертар раиси иттиҳодияи чорвопарварӣ дар ноҳияи Ховалинг ва дар соли 1992 вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин мегардад. Қабл аз бознишаста шудан раёсати Кумитаи саноатии ширу гӯшти ҷумҳуриро бар уҳда доштааст. Чаҳор навбат депутати Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб мешавад.
Ҳабибулло Табаров соли 1990 вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки дар Қасри Арбоб доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат овард, Табаровро ба унвони кӯҳансолтарин вакили парлумон раиси он иҷлосия интихоб карда буданд.
Соли 2019 – Валӣ Самад, адиб, забоншинос ва шоҳномапажӯҳи тоҷик дар синни 83 даргузашт.
Валӣ Самад адабиётшинос, нависанда ва пажӯҳишгари маъруф буд, ки дар таҳқиқи равобити адабии тоҷикон бо миллатҳои гуногун, аз ҷумла русҳо, озариҳо, гурҷиҳо, арманиҳо, туркманҳо, тоторҳо ва ӯзбекҳо саҳми арзанда дошт.
Валӣ Самад дар пажӯҳиши осори Абулқосим Фирдавсӣ ва таҳқиқи таъсири "Шоҳнома" ба адабиёти ҷаҳонӣ саҳми назаррас дошт. Ӯ яке аз муҳаққиқони барҷаста дар мавзӯи равобити адабӣ буд, ки шоҳкори "Шоҳнома"-ро аз дидгоҳи таърихӣ, фарҳангӣ ва адабӣ таҳлил намуда, нақши онро дар кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон равшан сохт.
Ӯ дар давоми фаъолияти илмӣ ва эҷодии худ беш аз 15 китоб ва даҳҳо мақола навиштааст.
Соли 2019 – Обид Ҳомидов, нахустин сарвари Телевизиони Тоҷикистон дар 93-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 2000 – Фаридуни Муширӣ, шоири муосири Эрон дар синни 75 даргузашт.
Шоир ва рӯзноманигори эронӣ аст, ки бо забони сода ва равшан шеъри пурмуҳтаво ва саршор аз эҳсос мегуфт. Ӯ шеъри классикиро бо шеъри муосир омехта, сабке офарид, ки мардум хеле хуш пазируфтанд.
Фаридуни Муширӣ пас аз хатми мактаби миёна дар Радиои миллии Эрон ва баъдтар ба Вазорати иттилоот ва фарҳанг ба кор мепардозад. Ҳамзамон, рӯзнома ва маҷаллаҳои адабӣ низ шеърҳояшро нашр мекарданд.
Ӯ узви фаъоли ҷунбишҳои адабии Эрон дар асри XX буд ва дар баробари Нимои Юшич, Аҳмади Шомлу, Фурӯғи Форрухзод ва дигарон дар ташаккули адабиёти муосири форсӣ нақши муҳим бозидааст. Муширӣ кӯшишидааст, ки адабиёт паёми ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта бошад.
Китобҳои “Бо ту нафасе”, “Гуле барои гулҳо”, “Ноёфтаҳо”, “Гуноҳи дарё”, “Абру кӯча”, “Баҳорро бовар кун”, “Парвоз бо хуршед”, “Аз хомӯшӣ”, “Марвориди меҳр”, “Оҳи борон”, “Овози он паррандаи ғамгин”, “То субҳи тобноки аҳуроӣ” мазсули эҷодӣ ӯ мебошанд. “Кӯча” яке аз маъруфтарин шеърҳои ӯ аст.
Соли 2023 – Рафоат Абдусаломова, рӯзноманигор, аввалин наттоқи телевизиони тоҷик дар 84-солагӣ даргузашт.
Рафоат Абдусаломова соли 1963 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Аз соли 1959 то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолият бурд. “Дугонаҳо”, “Гулдаста”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила”, “Гулдухтарон”, “Дилафрӯз” аз барномаҳои муаллифии ӯ дар телевизиони Тоҷикистон аст.
Рафоат Абдусаломова муаллифии китобҳои “Телевизион – ойинаи зиндагӣ”, “Наттоқ – чеҳраи телевизион”, “Телевизион ва психологияи инсон” ва маҷмӯаи шеърии “Парвози дил” аст.
Дар ин мақолаи "Азия-Плюс" "Аз наттоқ то журналисти касбӣ. Аз марги нахустнаттоқи телевизиони тоҷик Рафоат Абдусаломова як сол гузашт" дар бораи кору пайкори ин наттоқи шинохтаи тоҷик ва хотироти ҳамкасбону ҳамкоронаш дар бораи ӯ маълумот гиред.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола, 24-уми октябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҷлил мегардад. Ин сана аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Оинномаи СММ (соли 1945) маншаъ мегирад. Бо қарори Ассамблеяи генералии СММ дар моҳи октябри соли 1947 ин рӯз расман ҷашни байналмилалӣ эълон шуд.
СММ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо ҳадафи таҳкими сулҳ, амният, ҳамкории байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон таъсис ёфтааст. Яке аз аввалин ҳуҷҷатҳои муҳими он Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мебошад, ки моҳи декабри соли 1948 қабул гардида, асоси қонунгузории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон шуд. Имрӯз ба ҳайати СММ 193 кишвар шомиланд.
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии иттилоъ оид ба рушди инсон аст, ки бо қарори Ассамблеяи генералии СММ моҳи декабри соли 1972 таъсис ёфтааст. Ҳадафи ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкории байнидавлатӣ барои ҳалли онҳо мебошад.
Ассамблея таъкид кардааст, ки паҳн кардани иттилооти дуруст дар бораи рушди инсон, мубодилаи таҷрибаҳо ва фаъол кардани ҷомеа, бахусус ҷавонон, метавонад ба беҳтар фаҳмидани мушкилоти рушди устувор ва таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳо мусоидат кунад.
24-уми октябр ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо полиомиелит аст. Он бемории вирусии хатарнок аст, ки ба системаи асаб осеб расонида, боиси фалаҷи мушакҳо мегардад.
Ваксинаи зидди полиомиелит дар солҳои 1950 таҳия шуда, аз оғози эмкунии кӯдакон дар ҷаҳон, сатҳи гирифторӣ ба ин беморӣ қариб 99 фоиз коҳиш ёфт. Имрӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон кӯдакон бо ваксинаҳои ғайрифаъол моякӯбӣ мешаванд. Ин сана ба рӯзи таваллуди Ҷонас Солк, ихтироъкори ваксинаи аввалини ғайрифаъол зидди полиомиелит рабт дорад.
24-уми октябри соли 1939 нахустин ҷӯробҳои нейлонӣ ба фурӯш бароварда шуданд. Ин навоварӣ саноати нассоҷиро ба таври куллӣ тағйир дод.
Соли 1938 ширкати машҳури кимиёвии “Дюпон де Немур” дар бораи ихтирои маводи нави сунъӣ – нейлон хабар дод. Нейлон ба ҳар гуна матоъ устуворӣ ва чандирӣ мебахшид.
Муаррифии расмии нейлон соли 1939 дар Намоишгоҳи ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк баргузор шуд ва сипас дар универсами шаҳри Вилмингтон (штати Делавэр, ИМА) нахустин ҷӯробҳои нейлонӣ ба фурӯш баромада, ҳамон рӯз пурра фурӯхта шуданд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 24 ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 9+14º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо дар ноҳияи Лахш борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, рӯзона 5+10º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 25+27º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 27+29º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 17+19º гарм.


