Бо гулдаста пешвоз гирифтанд. Нахустин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик тариқи барномаи EPS барои кор ба Корея рафтаанд

Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик, тариқи барномаи "Employment Permit System" (EPS) барои кор дар бахши кафшергарӣ ва истеҳсолот ба Корея рафтаанд. Дар ин бора аз Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Аз Оҷонсӣ гуфтанд, ки шаҳрвандон имтиҳони донистани забони кореягӣ ва санҷиши маҳоратро супоридаад. Баъди аз санҷиш гузаштан маълумоти шаҳрвандон дар барномаи "SPAS" – […]

Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик, тариқи барномаи "Employment Permit System" (EPS) барои кор дар бахши кафшергарӣ ва истеҳсолот ба Корея рафтаанд. Дар ин бора аз Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аз Оҷонсӣ гуфтанд, ки шаҳрвандон имтиҳони донистани забони кореягӣ ва санҷиши маҳоратро супоридаад. Баъди аз санҷиш гузаштан маълумоти шаҳрвандон дар барномаи "SPAS" – портали корҷӯёни Корея ҷойгир ва аз ҷониби корҷӯён интихоб шудаанд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, дар асоси шартномаи корӣ корфармо ба муҳоҷир раводиди кории 5 сола медиҳад.

“Айни ҳол, дар бахши кафшергарӣ ва истеҳсолот 58 нафар ба махзани портали корҷуёни “SPAS” ворид карда шудаанд. Нахустин гурӯҳ, ки аз 3 нафар иборат буданду аз ҷониби корфармои кореягӣ интихоб шуданд, ба Корея фиристода шуданд”,-гуфтанд аз оҷонсӣ. 

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки чанд шаҳрванди дигар барои кор дар Корея қабул шудаанд, ки қарор аст баъди дарёфти раводид ба ин кишвар сафар кунанд.

Аз Оҷонсӣ гуфтанд, муҳоҷироне, ки забони кореягиро медонанд ва хоҳиши муҳоҷират ба Корея доранд метавонанд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа дар кучаи Лоҳутӣ 80 шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд. 

Рақамҳо барои тамос: 221-39-67; 221-39-83
Whatsapp, Telegram: +992930934994.

Ёдрас мешавем, ки созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея 31-уми октябри соли 2024 ба имзо расид.

Дар ин муддат, мақомот борҳо шаҳрвандони кишварро барои кор дар сохтмон, истеҳсолот, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар бахшҳо дар Корея даъват кардаанд.

Донистани забони кореягӣ дар сатҳи муошират, доштани шаҳодатномаи тахассусӣ, надоштани доғи судӣва солим будан аз шартҳои асосии кор дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон бовар доранд, ки бо мавриди амал қарор гирифтани ин созишнома байни Тоҷикистону Корея шиддати бекорӣ дар кишвар паст гардида, бозори нави меҳнатӣ пайдо мешавад.

То ҳол чанд гурӯҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистон тариқи барномаҳои мухталиф ба Кореяи Ҷанубӣ барои кор рафтанд.

Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.