Дар Душанбе ду мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё мегузарад. Тоҷикистон дар бистгонаи беҳтарин кишварҳои ҷудои ҷаҳон

Аз 20 то 23-юми ноябри соли 2025 дар Душанбе ду мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё – байни наврасон ва ҷавонон баргузор мегардад. Ин мусобиқот расман дар ҷадвали Конфедератсияи ҷудои Осиё (JUA) ворид шудаанд ва барои соҳаи варзиши кишвар рӯйдоди муҳим мебошанд. Мусобиқаи аввал – Ҷоми ҷудои наврасон рӯзҳои 20-21-уми ноябр мегузарад. Дар он беҳтарин варзишгарони навраси […]

Аз 20 то 23-юми ноябри соли 2025 дар Душанбе ду мусобиқаи Ҷоми ҷудои Осиё – байни наврасон ва ҷавонон баргузор мегардад. Ин мусобиқот расман дар ҷадвали Конфедератсияи ҷудои Осиё (JUA) ворид шудаанд ва барои соҳаи варзиши кишвар рӯйдоди муҳим мебошанд.

Мусобиқаи аввал – Ҷоми ҷудои наврасон рӯзҳои 20-21-уми ноябр мегузарад. Дар он беҳтарин варзишгарони навраси кишварҳои Осиё ҷамъ хоҳанд омад. Ин мусобиқот барои бисёре аз иштирокчиён таҷрибаи аввал дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад буд. Барои мураббиён бошад имконияти муаррифии истеъдодҳои нав ва арзёбии сатҳи омодагии онҳо мебошад

Ҳамчунин, рӯзҳои 22-23-юми ноябри соли равон дар пойтахти кишвар Ҷоми Осиёи ҷудо байни ҷавонон доир хоҳад шуд.Ин ҳамчун марҳила интихобӣ, барои мусобиқаҳои қораӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин таваҷуҳ ба он зиёд аст.

Ҳарду ҷом мувофиқи стандартҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) баргузор хоҳад шуд.

Ҳоло маълум нест, ки дар ин мусобиқот аз Тоҷикистон кадом варзишгарон ширкат мекунанд.

 

Тоҷикистон дар бистгонаи беҳтарин кишварҳои ҷудои ҷаҳон

Баргузории ду ҷоми ҷудои осиё дар кишвар дар ҳолест, ки дар радабандии нави Федератсияи байналмилалии ҷудо, Тоҷикистон бо 42 ҳазору 825 имтиёз дар ҷои 19-ум қарор гирифт.

Нисфи зиёди имтиёзҳои дастаи Тоҷикистон, аз ҷониби мардон ба даст омадаанд, ки дар умум 39 ҳазору 441 хол доранд. Бештарин саҳмро варзишгарони вазнҳои сабук ва миёна гузоштаанд.

Дастовардҳои онҳо дар мусобиқоти “Тоскулоҳи бузург” ва мусобиқоти қораиву ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон кумак кардаанд, ки ҷойгоҳи боэътимоде дар миёни давлатҳои пешсафи ҷудо дар Осиё дошта бошад.

Ҷудокорони зан аз Тоҷикистон ҳанӯз дар марҳилаи рушди худ қарор доранд, вале аллакай натиҷаи мусбӣ нишон медиҳанд. Бонувони ҷудокор аз Тоҷикистон 2 545 имтиёз ба даст овардаанд.

Садрнишини радабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо мисли пештара Ҷопон аст, ки бо 219 ҳазору 217 имтиёз дар ҷои якум қарор гирифтааст. Пас аз он, Фаронса (184 924) ва дастаи варзишгарони бетараф (114 452) ҷой доранд. Панҷгонаи аввали радабандиро Гурҷистон (107 946) ва Италия (107 655) пур мекунанд, ки каме пештар аз Бразилия, Ӯзбекистон ва Олмон қарор гирифтаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.