Андӣ – сарояндаи маъруфи эронӣ ба Тоҷикистон меояд. Консерти ӯ дар куҷо баргузор мешавад ва нархи чипта чанд аст?

Андӣ Мададиён, сарояндаи маъруфи эронӣ моҳи ноябр ба Тоҷикистон меояд ва дар Душанбе консерт баргузор мекунад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, сарояндаи эронӣ нимаи дуюми моҳи ноябр вориди Душанбе мешавад ва рӯзи 23-юми ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт баргузор мекунад. Аз “Borbad […]

Андӣ Мададиён, сарояндаи маъруфи эронӣ моҳи ноябр ба Тоҷикистон меояд ва дар Душанбе консерт баргузор мекунад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, сарояндаи эронӣ нимаи дуюми моҳи ноябр вориди Душанбе мешавад ва рӯзи 23-юми ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт баргузор мекунад.

Аз “Borbad Production”, ширкати масъули сафари Андӣ Мададиён ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки нархи билети ин консерт аз 600 то 900 сомонӣ аст.

Инчунин, тибқи иттилои масъули “Borbad Production”, пас аз ин консерт овозхони эронӣ дар тарабхонаи “Яккачинор” ҳам консерти вижа мегузаронад, вале рӯзи он ва арзиши чипта то ҳол маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки Андӣ Мададиён ба Тоҷикистон меояд. Ин овозхон соли 2013 ҳам дар Душанбе консерт баргузор карда буд. Ин овозхон он сол меҳмони радиои “Азия-Плюс” ҳам буд.

 

Андӣ Мададиён кист?

Андӣ Мададиён ҳоло 66 сол дорад. Ӯ аз зумраи арманитаборони Эрон аст ва дар Теҳрон ба олам омадааст. Андӣ фаъолияти ҳунарии худро аз солҳои 70-уми асри мозӣ дар Эрон оғоз карда, солҳои 80-ум маъруфият пайдо кард.

Андӣ Мададиён пас аз Инқилоби Исломӣ дар Эрон, соли 1979 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳоҷир шуд ва то кунун дар Лос-Анҷелес зиндагӣ мекунад. Ин ҳиҷрат сабаб шудааст, ки овозхон оҳангҳои худро бо омезиши мусиқии Шарқу Ғарб таҳия кунад.

То кунун Андӣ Мададиён даҳҳо албоми мусиқӣ омода ва дастраси ҳаводоронаш кардааст. Ӯ ҳоло яке аз машҳуртарин сарояндагони мусиқии попи эронӣ шинохта шудааст. Овозхон асосан бо забони форсӣ месарояд, вале чандин суруд бо забонҳои англисӣ, арманӣ, арабӣ ва туркӣ низ иҷро кардааст.

Дар байни форсизабонони ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, мухлисони зиёд дорад ва овозхонони тоҷик чанд сурудашро бозхонӣ ҳам кардаанд.

 

Ӯ нишони ситораи ҷаҳонро дорад

Андӣ Мададиён соли 2020 дар “Роҳрави фахрӣ”-и Ҳолливуд нишони “Ситора”-и ҷаҳонро ба даст овард. Ин муҳимтарин дастоварди ӯ маҳсуб мешавад.

Инчунин, ин овозхон ҷоизаи “Ҳазорсола” (Millennium)-ро дар Ҷашнвораи ҷаҳонии мусиқӣ (World Music Awards) ба даст оварда ва бо медали фахрии Эллис Айленд (Ellis Island Medal of Honor) дар Ню-Йорк қадрдонӣ шудааст.

Андӣ дар Ҷашнвораи мусиқии “Себи калон” (“Big Apple”) соҳиби ҷоизаи “Нишона” (Icon Award) ва ҷоизаи “Беҳтарин Дуэт” (Best Duet) барои ҳамкориаш бо Ла Тойя Ҷексон шудааст.

Ӯ чанд маротиба аз Ҷашнвораи мусиқии Арманистон ҷоизаи “Беҳтарин албоми байналмилалӣ” (Best International Album)-ро дарёфт кардааст.

Андӣ инчунин дар чанд филм нақш офарида, фаъолияти худро ҳамчун ҳунарпеша низ нишон додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.