Хироҷи консулӣ барои баъзе хадамот гарон шуд. Барои кадом намуди хизматрасонӣ ва чӣ қадар?

Date:

Пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирии дархостҳо ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ё радди он барои шаҳрвандони хориҷӣ гарон шуд. Тибқи қарори ҳукумати кишвар, ки моҳи сентябри имсол имзо шуд, хироҷи консулӣ ҳамчунин барои бархе хидматрасонӣ зиёд шудааст.

Бар асоси қарори нави ҳукумат, акнун хориҷиён барои гузоштани илтимоснома барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ё бекор кардани он бояд 200 доллар (1850 сомонӣ бо қурби 22-юми октябр) пардохт кунанд. Қаблан барои ин хидматрасонӣ 50 доллар (тақрибан 462 сомонӣ) ситонида мешуд.

Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ барои гузоштани илтимоснома барои барқарор намудани шаҳрвандии Тоҷикистон, ки қаблан 20 доллар (тақрибан 185 сомонӣ) месупориданд, акнун 200 доллар бояд пардохт кунанд.

Ҳамчунин барои ноболиғони то 16-сола, ки шаҳрванди хориҷӣ ва ё мақоми бешаҳрвандӣ доштанд, барои додани раводиди Тоҷикистон новобаста  аз муҳлат ва каратнокӣ 30 доллар (277 сомонӣ) ситонида мешавад, ки қаблан 10 доллар (тақрибан 92 сомонӣ) буд.

Ҳамчунин арзиши гирифтани раводид барои донишҷӯёне, ки дар Тоҷикистон таҳсил менамоянд, инчунин аспирантҳо, докторантҳо ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо муассисаҳои таҳсилотӣ ва илмии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, 100 доллар (тақрибан 925 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Дар баргаҳои мо бубинед, ки хироҷи консулӣ барои кадом хадамот зиёд шуд ва қаблан чӣ қадар ситонида мешуд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...