ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 18:00 дар мавзеи “Диёри Душанбе” филми фаронсавии “Бадбахтии Софӣ” намоиш дода мешавад. Он бо коргардонии Кристоф Оноре таҳия шуда, дар нусхаи асл ва зернависи русӣ манзури тамошобинон мегардад. Филм дар доираи Ҷашнвораи филмҳои Фаронсавӣ дар Тоҷикистон намоиш дода шуда, вуруд ва тамошо озод аст.
– Имрӯз дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Тоҷикистон дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО муқобили тими “Ал-Арабӣ” вомехӯрад. Бозӣ соати 15:00 дар варзишгоҳи “Долон Умурзоқов”-и шаҳри Бишкек оғоз мешавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2008 – Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон табдили ном кард. Он соли 1947, замони таъсисаш Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ном дошта, соли 1997 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва ахиран Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ шуд.
Соли 2009 – Ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкати “Турбоатом” дар бораи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои агрегатҳои НБО-и Норак созишнома ба имзо расонид.
Соли 2016 – Дар низоми энергетикии Тоҷикистон садама (блэкаут) рух дод, ки боиси талафоти зиёд шуда, ба қатъи барқ қариб дар саросари кишвар муддати чанд соат боис гардид. Коршиносон ин садамаро ба муносибати хунукназаронаи энергетикҳо нисбат ба таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ (ИГТ) марбут дониста буданд.
Соли 2023 – Дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони бузургтарин “Парки технологию саноатии Ванҷ”, ки дар Осиёи Марказӣ беназир гуфта мешавад, оғоз ёфт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1913 – Зодрӯзи Солеҳ Холматов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1945 – Мавлуди Абдуқаҳҳор Саидов, муаррих, доктори илмҳои таърих, профессор.
Соли 1956 – Мавлуди Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури пешини Эрон.
Маҳмуди Аҳмадинажод, шашумин расиҷумҳури Эрон ва яке аз чеҳраҳои пуртаъсири сиёсат дар аввали асри XXI мебошад. Ӯ зодаи шаҳри Гармсари Эрон буда, дар Донишгоҳи илм ва саноати ин кишвар дар соҳаи муҳандисӣ таҳсили илм кард.
Фаъолияти сиёсии ӯ дар давраи баъди инқилоби исломии соли 1979 оғоз ёфт. Аҳмадинажод дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла дар мақомҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ ва сипас дар мансаби шаҳрдори Теҳрон (солҳои 2003–2005) фаъолият дошт.
Соли 2005 Маҳмуди Аҳмадинажод раисҷумҳури Эрон интихоб шуд ва то соли 2013, дар ду давра дар ин мақом фаъолият дошт. Давраи раёсати ӯ бо сиёсати мустақилона дар арсаи байналмилалӣ, барномаҳои ҳастаии баҳсбарангези Эрон ва шиорҳои иҷтимоиву иқтисодии қавӣ шинохта мешавад.
Соли 1975 – Зодрӯзи Бахтиёр Аҳмадзода, иқтисоддон, вакили парлумони Тоҷикистон.
Соли 1984 – Мавлуди Парвина Шукруллоева, сарояндаи тоҷик.
Соли 1985 – Зодрӯзи Заррина Яминзода, муҳаққиқ, муҳандис ва ихтироъкори тоҷик.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 28-уми октябр Рӯзи байналмилалии филмҳои тасвирӣ таҷлил мешавад. Ин сана соли 2002 бо ташаббуси шӯъбаи фаронсавии Ассотсиатсияи байналмилалии синамои аниматсионӣ (ASIFA) таъсис ёфт ва ба ифтихори 110-солагии нахустин намоиши оммавии технологияи аниматсионӣ бахшида шудааст.
Маҳз 28-уми октябри соли 1892 дар шаҳри Париж Эмил Рейно, рассом ва ихтироъкори машҳур намоиши беназиреро баргузор кард, ки “театри оптикӣ” ном дошт. Ӯ барои нахустин бор таҷҳизоти ихтироъкардаи худ – праксиноскопро ба мардум нишон дод. Бо ёрии ин дастгоҳ тасвирҳо ҳаракат мекарданд ва дар чашми тамошобин рӯйдодҳои зинда ба назар мерасиданд.
Ин таҷриба оғози як давраи нав дар таърихи санъати синамо гардид. Рӯзе, ки Рейно намоиши худро пешниҳод кард, ба таври рамзӣ тавлиди аниматсия ва оғози давраи филмҳои тасвирӣ ба шумор меравад.
Ҳар сол 28-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии ҷудо (дзюдо) таҷлил карда мешавад. Ин сана ба ифтихори зодрӯзи Ҷигоро Кано (Jigoro Kano), асосгузори ин варзиши ҷопонӣ интихоб шудааст. Ӯ соли 1860 дар Ҷопон таваллуд шуда, дар охири асри XIX усули нави ҷангиро бо номи ҷудо (дзюдо) ба вуҷуд овард.
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) соли 2011 қарор кард, ки 28-уми октябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии дзюдо ҷашн гирифта шавад. Ҷудо на танҳо як навъи ҷанг ё мусобиқа, балки як фалсафаи ҳаёт дониста мешаванд. Ҷигоро Кано таълим медодааст, ки ҷудо пеш аз ҳама роҳи такмил додани инсон ва ҳамоҳангии ақлу бадан аст.
28-уми октябри соли 1886 дар шаҳри Ню-Йорк маросими тантанавии ифтитоҳи яке аз маъруфтарин рамзҳои ҷаҳон – Ҳайкали Озодӣ баргузор гардид.
Ин ҳайкал дар даромадгоҳи дарёи Ҳудзон, дар бандари Ню-Йорк қомат афрохтааст. Ин ҳайкал аз ҷониби Фаронса ба Амрико ба муносибати 100-солагии истиқлолияти Амрико ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамбастагии ду миллат тӯҳфа гардида буд. Муаллифи он Фредерик Бартолди, ҳайкалтароши маъруф буда, сохтори дохилии онро Гюстав Эйфел, созандаи манораи машҳури Эйфел тарҳрезӣ кардааст.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, чангу ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм, рӯзона 17+22º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф) борида, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 8+13º гарм, рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 16+21º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар шарқӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борон меборад. Ҳарорат: шабона 9+11º гарм, рӯзона 22+24º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 10+12º гарм, рӯзона 18+20º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 11+13º гарм, рӯзона 23+25º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 15+17º гарм.


