“Мо Теҳронро хонаи худ медонем”. Дидори Рамазон Раҳимзода бо Масъуд Пизишкиён дар шаҳри Теҳрон

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дидор ва масоили тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ, марзӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардааст. Ин мулоқот имрӯз, 28-уми октябр, дар ҳошияи Нишасти вазирони умури дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Теҳрон сурат гирифтааст. Ба гузориши расонаҳои Эрон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дидор ва масоили тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ, марзӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардааст.

Ин мулоқот имрӯз, 28-уми октябр, дар ҳошияи Нишасти вазирони умури дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Теҳрон сурат гирифтааст.

Ба гузориши расонаҳои Эрон, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин дидор таъмини амниятро ҳамчун заминаи густариши робитаҳои иқтисодӣ муҳим дониста, гуфтааст, ду кишвар бояд дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ҳамкории наздике дошта бошанд.

“Мо Теҳронро хонаи худ медонем ва бояд робитаҳои ду кишвар дар ҳама заминаҳо густариш ёбад. Суханони шумо бисёр ширин аст. Мардуми Тоҷикистон шуморо хеле дӯст медоранд”, – изҳор доштааст Раҳимзода.

Пизишкиён густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эронро муҳим дониста, бар зарурати тақвияти ҳамбастагии кишварҳои минтақа, бахусус киварҳои исломӣ, таъкид кардааст.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки “бегонагон дар талошанд” монеи эҷоди робитаҳои нек миёни кишварҳои исломӣ шаванд ва мусулмонону миллатҳои минтақаро ба ҷони ҳам меандозанд.

“Агар бо якдигар муттаҳид бошем, қавӣ хоҳем шуд, дар ғайри ин сурат заиф мешавем”, – гуфтааст Пизишкиён.

Ӯ дар идома гуфтааст, Тоҷикистону Эрон бо такя ба фарҳанг ва таърихи муштарак метавонанд ояндаи дурахшон барои миллатҳои худ бисозанд.

Раисҷумҳури Эрон дар охир ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки “саломи гарм”-и ӯро ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш расонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.