Афзоиши нархи патент дар аксар минтақаҳои Русия сар аз соли 2026. Дар кадом шаҳр чӣ қадар нарх баланд мешавад?

Дар чанд минтақаи Русия аз 1-уми январи соли 2026 арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ боло меравад. Мақомоти бархе шаҳру ноҳияҳои ин кишвар гуфтаанд, ки бо баланд кардани нархи иҷозатномаи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ, буҷети вилоятҳо бештар мешавад. Аз ҷумла, нархи патент дар вилояти Тюмен 22 дарсад афзуда, аз соли нав арзиши он 11 ҳазору 471 […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар чанд минтақаи Русия аз 1-уми январи соли 2026 арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ боло меравад. Мақомоти бархе шаҳру ноҳияҳои ин кишвар гуфтаанд, ки бо баланд кардани нархи иҷозатномаи кор барои шаҳрвандони хориҷӣ, буҷети вилоятҳо бештар мешавад.

Аз ҷумла, нархи патент дар вилояти Тюмен 22 дарсад афзуда, аз соли нав арзиши он 11 ҳазору 471 рубл муқаррар шудааст. Соли ҷорӣ дар ин минтақа патент 9 ҳазору 385 рубл нарх дошт.

Дар минтақаи Камчатка низ нархи патент барои муҳоҷирони меҳтанӣ аз 9 ҳазор то 13 ҳазору 800 рубл афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин хусус қонуни дахлдорро вакилони маҷлиси қонунгузории вилоят қабул кардаанд, ки тибқи он коэффисиенти минтақавӣ барои коргарони хориҷӣ аз 2,9 то 4,1 зиёд мешавад.

Маблағи пардохти моҳона барои дарёфти иҷозаи кор дар вилояти Иркутс аз 1-уми январ 12 ҳазор рубл муайян шудааст. Ҳоло дар ин вилоят патент 11 ҳазор рубл арзиш дорад.

Дар Санк-Петербург ва вилояти Ленинград низ нархи муҷаввизи кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз 6 ҳазори ҳозира ба 8 ҳазор рубл боло бурда мешавад. Мақомоти ин вилоятҳо  дар хусуси баланд бардоштани нархи патент тасмими муштарак гирифтаанд.

Нархи патент барои иҷозаи кори шаҳрвандони хориҷӣ дар Новосибирск низ то 10 ҳазору 860 рубл баланд карда мешавад, ки нисбат ба соли 2025-ум 11% (2954 рубл) бештар аст. Афзоиши қиммати муҷаввизи кор барои муҳоҷиронро вакилони ин минтақа ба тасвиб расонидаанд. Масъулин гуфтаанд, ки боло бурдани арзиши патент ба буҷаи вилоят 2,5 миллиард рубли иловагӣ фоида меорад.

Дар Краснадар арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳудуди 59 дарсад афзуда, шуруъ аз соли 2026 нархи иҷозаи кор дар ин минтақа 27 ҳазор рубл хоҳад шуд.

Мақомоти вилояти Свердловск низ тасмим гирифтаанд, ки то соли оянда нархи иҷозатномаи кор барои шаҳрвандони хориҷиро аз 7 ҳазору 500 рубл ба 9 ҳазору 500 рубл дар як моҳ зиёд кунанд. Масъулин пешбинӣ кардаанд, ки бо баланд кардани нархи патент ба буҷаи вилоят ҳудуди 4 миллиард рубл даромад ворид мешавад.

Парлумони вилояти Приморск ҳам дар хусуси боло бурдани арзиши патент тасмим гирифтаанд ва тибқи дархости онҳо пардохти моҳона барои гирифтани иҷозаи кор дар ин вилоят аз соли 2026 то 13 ҳазору 800 рубл меафзояд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия тағйир меёбад ва дар минтақаҳои гуногун ба таври назаррас нарх боло бурда мешавад.  

Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.

Муҳоҷирони меҳнатӣ барои дастрас кардани патент ҳудуди 30 ҳазор рубл сарф мекунанд ва барои напардохтани пули ҳармоҳаи он муҳоҷирро метавонанд аз ҳақи будубош дар Русия маҳрум ва ихроҷ кунанд.

Дар ин матлаби мо дар бораи тағйиру иловаҳое, ки давоми соли 2025 дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ворид шуданд, маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.