Дар шаҳри Теҳрон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманеӣ вохӯрӣ намуд

Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманеӣ вохӯрӣ намуд. Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон нахуст Алии Хоманеиро бо фатҳи кайҳон, ки тавассути мушаки эронӣ сурат гирифт, шодбош гуфта, ин рӯйдодро намунаи барҷастаи болоравии иқтидори кишвари Эрон ва боиси ифтихори дӯстони […]

root


Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алии Хоманеӣ вохӯрӣ намуд.




Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон нахуст Алии Хоманеиро бо фатҳи кайҳон, ки тавассути мушаки эронӣ сурат гирифт, шодбош гуфта, ин рӯйдодро намунаи барҷастаи болоравии иқтидори кишвари Эрон ва боиси ифтихори дӯстони он дар тамоми олам маънидод кард.



Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин доир намудани ҳамоиши даҳуми ЭКО – ро низ яке аз иқдомҳои муҳим баҳри густариши ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ ва болоравии обрӯи Эрон дар минтақа арзёбӣ намуд.



Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯсту ҳамзабонро дорои захираҳои ҳанӯз истифоданашудаи зиёд номида, пешниҳод намуд, ки

 

ҳарчи зудтар Барномаи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2009-2015 таҳия ва қабул карда шавад.



Густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳам тавассути иштироки бахши хусусии Эрон дар иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси бештари корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.



Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба кам кардани мӯҳлати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2,

 

анҷоми пурраи нақби Истиқлол, оғози сохтмони нерӯгоҳи обии «Шӯроб» ва нерӯгоҳҳои хурди обӣ, нақби Чормағзак ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ сурат гирифт.



Истифодаи имкониятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бобати тайёр намудани мутахассисони бахшҳои саноат, энергетика, роҳу нақбсозӣ ва технологияҳои муосир низ барои Тоҷикистон муҳим маънидод гардид. Дар ин бора аз дафтари мтбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.