Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафараш дар Суғд аз шаҳри Истаравшан боздид карда, дар ин шаҳр бинои нави додситонӣ ва шуъбаи мориф, мактабу кӯдакистон ва чанд корхонаро ба истифода додааст. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои шуъбаи маориф, гимназия ва чанд коргоҳи навро ифтитоҳ кардааст.
Имрӯз, 19-уми ноябр раисҷумҳур нахуст дар шаҳри Истаравшан чанд мактабу кӯдакистон ва як корхонаи бандубасти оинаи нилгунро ифтитоҳ кардааст.
Тибқи иттилои расмӣ, корхонаи бастубанди маҳсулоти маишию техникии “Файз Нур-ТВ”аз ҷониби бародарон Файзиевҳо дар масоҳати 2 гектар замин ба маблағи 6 млн сомонӣ бунёд шуда, дорои 4 коргоҳи истеҳсолӣ, анборхона, ошхона ва бинои маъмурӣ аст.
Дар ин корхона бандубасти оинаҳои нилгуни замонавӣ, истеҳсоли техникаҳои маишӣ аз ҷумла плитаи газиву барқӣ истеҳсол мешавад. Гуфта мешавад, дар инҷо 50 нафар бо маоши то 3 ҳазор сомонӣ бо кор таъмин шудаанд.
Кӯдакистони хусусии Мафтуна, ки бо ширкати раисҷумҳур дар деҳаи Якатоли шаҳри Истаравшан ифтитоҳ шудааст, аз ҳисоби Қаюм Шарифов, соҳибкор барои 150 кӯдак бунёд гардидааст.
Муассиса аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои ҳуҷраи машғулият, ҳуҷраи хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун аст. Дар ин ҷо 18 парастор ба кӯдакон бо 2 забон – тоҷикӣ ва русӣ омӯзишро ба роҳ мондаанд.
Ҳамазамон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр тариқи фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 мактаб ва 3 кӯдакистонро ба истифода додааст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар Маркази ташхисию табобатии хусусии Салоҳиддин, ки аз ҷониби Машҳура Ҳайдарова, соҳибкори маҳаллӣ дар 5 ошёна бунёд шудааст, 35 мутахассис ба кор таъмин шудаанд.
Зимнан дар Маркази офиятбахшӣ ва солимгардонии Хушвахт, ки аз ҳисоби Хушбахт Бафоев, соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст, 15 нафар соҳиби ҷои кор шудаанд. Марказ аз се ошёна иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ аст.
Мактаби рақами 5 ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маҳаллаи Имоми Аъзам барои қабули 720 хонанда дар ду баст аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бунёд шудааст. Мактаби рақами 46 дар деҳаи Тутки деҳоти Пошкент барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дорои 12 синфхона будааст.
Мактаби рақами 69 дар деҳаи Чорбоғ барои 2 ҳазору 600 хонанда дар ду баст бо 50 ҷойи корӣ ба истифода дода шудааст. Бино аз ду ошёна иборат буда, дорои 36 синфхона будааст. Мактаби рақами 62 дар деҳаи Сӯфиорифи деҳоти Зарҳалол барои 500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассиса аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда дар он 30 омӯзгор бо кор таъмин шудаанд.
Се кӯдакистони нав дар деҳаҳои Сандағундак, Тутк ва Вогат барои 400 кӯдак аз ҳисоби соҳибкорон ва саҳми сокинони маҳал соохта шудааст.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр корхонаи истеҳсолии обҳои шифобахши Хаватагро, ки бо саҳми Мухтор Юнусов, соҳибкори ватанӣ бунёд шудааст, ба истифода додааст.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи аввал корхона дар як рӯз иқтидори истеҳсоли 20 000 литр оби шифобахшро доштааст. Дар инҷо 20 ҷойи кор ташкил шудааст.
Ҳамчунин бо ширкати раисҷумҳури кишвар дар минтақаи саноатии №1-и шаҳри Истаравшан корхонаи хусусии мебели “Асри обод” бо 8 коргоҳи истеҳсолӣ, ки аз ҳисоби Қодир Юсуфзода, сооҳибкор бунёд шудааст, ифтитоҳ гардидааст.
Дар ин корхона, ки 50 мутахассис бо кор таъмин шудаанд, зиёда аз 30 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла мизу курсӣ, ашёи рӯзгор ва ғайра истеҳсол мешаванд.
Дар шаҳри Истаравшан Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бинои нави додситонии ин шаҳрро ба истифода додааст.
Тибқи иттилои расмӣ, бинои додстонӣ дар масоҳати 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 4 ошёна иборат буда, дорои 14 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, таҳхона, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон будааст.
Дар инҷо барои фаъолияти 8 мутахассис шароит, аз ҷумла ҳуҷраҳои зист фароҳам карда шудааст.
Ба навиштаи дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо масъулин ва кормандони додситонӣ ҷиҳати тақвияти фаъолият, назорати риояи қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ супориш додааст.
“Таъкид шуд, ки кормандони мақомоти прокуратура бояд вазифаҳои хизматии худро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд”,-навиштааст манбаъ.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳия ва ба таври фосилавӣ бинои гимназияи хусусӣ, 4 корхонаи истеҳсолӣ ва гармхонаро ба истифода додааст.
Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия аз се ошёна иборат буда, дорои 34 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, китобхона, бойгонӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон будааст.
Гимназияии хусусӣ барои 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда дар он 40 нафар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар корхонаҳои нав, ки 5 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла пойафзол, собун, тухму гӯшти паранда, моҳӣ ва сабзавот истеҳсол мешавад, 150 ҷойи кор таъсис шудааст.
“Иқтидори истеҳсолии 3 корхонаи гӯшту тухми паранда имкон медиҳад, ки дар як моҳ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳисоби ҳамин иншооти нави истеҳсолӣ 350 ҳазор дона тухми инкубатсионӣ, 500 ҳазор сар чӯҷа ва 2000 тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда шавад”, – навиштааст манбаъ.
Дар 42 ҳавзи моҳипарварие, ки дар ҶДММ “Хайри сафо” сохта шудааст дар як сол истеҳсоли 300 тонна моҳӣ пешбинӣ шудааст.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз дирӯз, 18-уми ноябр оғоз шуд ва дар назар аст, пагоҳ низ идома ёбад.


