“Ҳамкурсашро паррондаааст”. Пулиси Душанбе мегӯяд, як ҷинояте, ки 25 сол пеш содир шуда буд, ошкор кардааст

Date:

Пулиси Душанбе аз боздошти марде хабар дод, ки бо гумони парронидани ҳамкурсаш дар соли 2000-ум гумонбар аст ва тӯли ин солҳо дар хориҷ аз кишвар пинҳон мешуд.

Ин ниҳод аз ӯ Илёс Толиев ном бурда, гуфтааст, ки боздоштшуда ҳангоми таҳсил дар курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ 14-уми декбари соли 2000-ум бо таппончаи тамғаи “Star” “бо эҳсоси худнамоӣ ба донишгоҳ омада ба сӯи ҳамдарсаш Ситора Кенҷаева тир холӣ кардааст”. 

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазинини ҷисмонӣ бардошта, муддати 25 сол аст, ки ранҷ мебарад”, – гуфтааст пулиси пойтахт.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар ин муддат Илёс Толиев бо мақсади “аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтан”дар хориҷ аз кишвар пинҳон шуда, дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Вале мақомот нагуфтаанд, ки ӯ дар кадом кишвар буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гумонбаршаванда

Гумонбар дар гузорише, ки мақомот сабт кардаанд, гуфтаҳои пулиси пойтахтро тасдиқ кардааст, вале маълум нест, ин навор таҳти чӣ шароите таҳия шудааст.

“Таппончаро гирифтам ва пахш намудам. Ногаҳон аз он тир холӣ кардам. Тири парондаи ман ба ҳамкурсам расид. Дар ин вақт ман бисёр тарсидам. Таппончаро гирифтаму аз синфхона гурехтам ва таппончаро ба дарёи “Душанбе” партофтам”, – гуфтааст гумонбаршаванда дар навори нашркардаи Раёсати ВКД дар Душанбе.

Назари гумонбар ва пайвандони ӯ ба расонаҳо дастрас нест.

Алайҳи Илёс Толиеви 45-сола мақомот бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ – сӯиқасди ҷиноят (моддаи 32 қисми 3), одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2 банди З) ва ғайриқонунӣ гирифта гаштани силоҳ (модаи 195 қисми 1) парванда боз кардаанд.

Солҳои охир мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ гузоришҳо нашр мекунанд.

Аз ҷумла, моҳи январ Додгоҳи вилояти Хатлон як зодаи ноҳияи Ҷайҳунро барои одамкушӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноӣ дар солҳои 90-ум 15 сол равонаи зиндон кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...