spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чин хостори густариши равобит бо Толибон* шуд

Вонг Ю, сафири Чин дар Кобул зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки кишвараш ҳамчун як ҳамсоя ва ҳамкори хуб бо Афғонистон дар заминаҳои гуногун фаъолияти муштарак дорад ва дар оянда равобити худро бо ҳукумати Афғонистон густариш хоҳад дод.

Ба иттилои шабакаи телевизионии “Тулӯъ-нюз” сафир дар нишасти хабарӣ гуфтааст: “Чин ҳамчун як ҳамсоя, бародар ва шарики хуб, бо таваҷҷуҳ ба пешниҳодҳои рушд ва амнияти байналмилалӣ, дар сохтани ҷомеае бо сарнавишти муштарак барои башарият, ҳамкориҳои худро бо Афғонистон дар бахшҳои мухталиф густариш медиҳад. Чин ҳамроҳ бо афғонҳои заҳматкаш, талошҳои муштаракро барои сулҳ, субот ва рушд дар Афғонистон анҷом хоҳад дод”.

Ба гузориши манбаъ, ин дипломати чинӣ аз ҳузури 20 – солаи Амрико дар Афғонистон интиқод карда, зикр намудааст, ки Амрико дар Афғонистон мушкил эҷод кард ва пас аз хурӯҷ аз ин кишвар, ҳеҷ кӯмаке ба афғонҳо накард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Вонг Ю

"Амрико фақат барои манофеъи худ кор мекунад. Ҷанги 20 – солаи Афғонистон, ки Амрико шурӯъ кард, натанҳо имкони рушди иҷтимоӣ ба ин кишвар надод, балки зерсохтҳои Афғонистонро ба шиддат тахриб кард. Ҳоло иқтисоди Афғонистон дар ҳоли рукуд аст ва афғонҳо дар шароити сахт зиндагӣ мекунанд" – гуфтааст Вонг Ю.

Сафир дар мавриди аз ҷониби Чин ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон* ҳарфи дақиқе нагуфта, тазаккур додааст, ки дақиқан аз шеваи бархӯрди Амрико бо Афғонистон пайравӣ нахоҳад кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...