Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 ноябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ рақобат мекунад. Бозӣ соати 18:45 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегардад. Ҳайати дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ барои бозӣ бо “Истиқлол”-и Тоҷикистон шоми 24-уми ноябр ба шаҳри Душанбе омад.

– Имрӯз дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оғоз мегардад. Ҷаласа то рӯзи 27-уми ноябр идома карда, дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус, Қосимҷомат Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ширкат мекунанд.

– Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Озмун дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуда, санҷиши дониши довталабони ҳар бахш дар толорҳои алоҳидаи китобхона сурат мегирад. Озмуни мазкур аз соли 2019 ҳамасола баргузор мешавад.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.

Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2001 – Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ифтитоҳ шуд.

Соли 2013 – Дар Тоҷикистон барои асардуздӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ шуд.

Соли 2017 – Дар Қазоқистон нахустин маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон бо номи “Санги кабуд” ифтитоҳ шуд.

Соли 2019 – Радиои “Азиё-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе ҷоизаи “Беҳтарин соҳибкори шаҳри Душанбе”-ро ба даст овард.

Соли 2024 – Миёни Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводид имзо шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли  1946 – Мавлуди Тағоймурод Розиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тағоймурод Розиқов

Тағоймурод Розиқов коргардон ва ҳунарпешаи маъруфи театру синамои тоҷик буда, нақшҳои мондагор офаридааст.

Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав аст.

Фаъолияти ҳунарии ӯ соли 1971 аз  Театри ҷавонон ба номи М. Воҳидов оғоз шуда, ҳамзамон аз соли 1997 профессор ва декани факултаи театрӣ-бадеии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода будааст.

Ҳунарпеша дар саҳнаи театр беш аз 100 нақш офаридааст. Нақшҳои Вандалино дар “Муаллими рақс, Қурбон дар “Сафар Амиршоев, Балъамӣ дар “Рӯдакӣ”, Ношинос дар “Гирдоби бало”, вазир дар “Падари миллат”, шоҳ дар “Чашмони бародари қиёматӣ” аз беҳтарин нақшҳои ӯ дар театр дониста мешавад.

Ӯ дар синамо низ дар чандин филмҳо нақш офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои “Бофандагон”, “Шикори охирин”, “Доми шағолон”, “Дар ағба”, “Умеди охирин”, “Нишони зиндагӣ”, “Пуштаи хандақпеч”, “Сукут”, “Ман гунаҳгорам”, “Дар орзуи падар”, “Нисо”, “Гирдоб” ва намоишномаҳои телевизиони Тоҷикистон нақш офаридааст. Ҳамчунин дар дубляжи филмҳо низ саҳм дорад.

Соли 2000 – Исмоил Давлатов, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон дар 53-солагӣ даргузашт.

Исмоил Давлатов яке аз чеҳраҳои таъсиргузори иқтисод буда, солҳо дар вазифаҳои баланди роҳбарикунанда фаъолият дошт.

Ӯ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил карда, солҳои 1986-1988 мудири кафедраи иқтисоди сиёсӣ ва солҳои 1988–1990 ҳамчун ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд. Ӯ дар рушди маориф ва ташаккули пойгоҳи илмии донишгоҳ нақши муҳим дорад.

Давлатов соли 1990 вазири маорифи Тоҷикистон интихоб шуда, то соли 1992 дар ин мақом буд. Баъди он, муовини вазир (1993–1994) ва сипас вазири ҳифзи табиат буд.

Исмоил Давлатов соли 1994 ба унвони доктори илмҳои иқтисодӣ ва профессор шарафёб гардида, дар илми иқтисод ҷойгоҳи муҳими худро пайдо кард. Тадқиқоти ӯ ба масоили муҳим, аз ҷумла ташаккули комплекси ягонаи хоҷагии халқ, мушкилоти иқтисодии минтақавӣ ва назарияи интегратсияи иқтисодӣ бахшида шудаанд.

Ӯ 26-уми ноябр соли 2000 дар синни 53 даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 26-уми ноябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии иттилоот ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба аввалин Форуми байналмилалии иттилоотонӣ, ки соли 1992 доир ба масъалаҳои нақши иттилоот дар рушди ҷомеа доир шуд, рабт дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз иттилоот аз захираҳои арзишманди ҷаҳони муосир дониста мешавад. Ҳаҷми иттилоот дар ҷаҳони рақамӣ батадриҷ меафзояд. Тавони корбарии дуруст аз иттилоот ва идораи ҳаҷму сифати он барои солимии равонӣ муҳим аст. Агар шахс натавонад ҷараёни иттилоотро идора кунад, хавфи ба “изтироби иттилоотӣ” гирифтор шудан вуҷуд дорад, ки метавонад ба муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳолати равонии инсон таъсири манфӣ расонад.

26-уми ноябр ҳамчунин Рӯзи байналмилалии кафшдӯз таҷлил мешавад. Ин рӯз ба устоён ва ҳунармандони соҳаи истеҳсоли пойафзол бахшида шуда, заҳмати онҳое қадр карда мешавад, ки пойафзолро тарроҳӣ, истеҳсол ва таъмир мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º хунук, рӯзона 7+12º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 15+20º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 12+17º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 12+17º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22º сард, дар баъзе минтақаҳо то 24-26º сард, рӯзона 0-5º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 18+20º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона 9+11º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...