Қонунҳои нави Русия барои хидматчиёни ҳарбии хориҷӣ: Ҳимоя ё “дом” барои муҳоҷирон?

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ бастаи лоиҳаи қонунҳоеро пешниҳод кард, ки дар онҳо ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки тибқи қарордод дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия адои хидмат ва дар амалиёти ҷангӣ иштирок кардаанд, манъ мешавад. Ин тағйирот ҳамчунин ба ихтиёри дигар кишварҳо додани чунин хидматчиёни ҳарбиро манъ карда, маҳдудият барои вуруд ва иқомати онҳо дар […]

Asia-Plus

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ бастаи лоиҳаи қонунҳоеро пешниҳод кард, ки дар онҳо ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки тибқи қарордод дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия адои хидмат ва дар амалиёти ҷангӣ иштирок кардаанд, манъ мешавад.

Ин тағйирот ҳамчунин ба ихтиёри дигар кишварҳо додани чунин хидматчиёни ҳарбиро манъ карда, маҳдудият барои вуруд ва иқомати онҳо дар Русияро бекор мекунад.

Муовини раиси раёсати Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони Русия Игор Черепанов зимни суҳбат ба “Российская газета” изҳор доштааст, ки тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешниҳод мешавад, ки ба тағйир додани чораҳои ҷазои маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки тибқи қарордод дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия адои хихмат кардаанд ва дар иҷрои амалиёти ҷангии ба дӯши Қувваҳои мусаллаҳ вогузоршуда иштирок кардаанд, равона шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷойи ихроҷи маъмурӣ барои чунин шахсон ҷарима дар ҳаҷми аз 1 то 50 ҳазор рубл ё корҳои ҳатмӣ ба муҳлати то 200 соат пешбинӣ мешавад.

Дар яке аз лоиҳаҳо тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад: агар шаҳрванди хориҷии дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар амалиёти ҷангӣ иштироккарда аз ҷониби дигар давлат ба ягон қонунвайронкуние айбдор карда шавад, ӯро ба ихтиёри он давлат намедиҳанд ва вурудаш ба Русияро маҳдуд намесозанд.

“Ба моддаи 464 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тағйирот пешниҳод мешавад, ки дар он рад кардани ба ихтиёри давлати хориҷӣ додани шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки тибқи қарордод дар Қувваҳои мусаллаҳ Русия ё дигар воҳидҳои ҳарбӣ адои хидмат кардаанд ва дар амалиёти ҷангӣ иштирок кардаанд, пешбинӣ шудааст", – шарҳ додааст Черепанов.

Дар лоиҳаи дигар манъи қабули қарор дар бораи иҷоза надодан ба вуруд, номақбул будани будубош ё иқомат дар Русия барои касоне, ки дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия адои хидмат кардаат ё дар амалиёти ҷангӣ иштирок кардааст, дар назар аст.

“Қабули чунин тағйирот ба зарурати нигаҳдории сирри ҳарбӣ тариқи дар қаламрави Русия боқӣ гузоштани хидматчиёни ҳарбии хориҷӣ вобаста аст”, – гуфтааст Игор Черепанов.

Коршиносон аз хавфҳо огоҳ мекунанд

Нозирон ва коршиносон аз Осиёи Марказӣ аз ин ташаббусҳои Русия, ки ихроҷ ва ба ихтиёри дигар давлат додани шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия адои хидмат кардаанд, манъ мекунад, изҳори нигаронӣ кардаанд.

Тавре ки Азаттик менависад, ба ақидаи онҳо, тағйироти нав метавонад афроди ҷалбкунандаро ҳавасманд созад, ки маоши баланд, тез дарёфт намудани шаҳрвандӣ ва кафолати ба ватан бозгашт накарданро ваъда медиҳанд. Ин ҳамчунин метавонад муҳоҷиронро ба иштирок дар амалиёти ҷангӣ ва нодида гирифтани қонунҳои кишвари худ водор созад.

Ҳуқуқшиносони Осиёи Марказӣ таъкид месозанд, ки Русия дар асл бо истифода аз муҳоҷирон дар амалиёти ҷангии хатарнок дар ҷабҳа, бахусус нерӯҳои пиёдагард, барои онҳо “дом” месозад.

Гуфта мешавад, садҳо шаҳрвандони кишварҳои минтақа аллакай ба низоъ дар Украина ҷалб шудаанд ва афзоиши теъдоди шахсони баргашта ва дар асорат қарордошта идома дорад.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”и ҳукумати Украина моҳи апрели соли равон ному насаби 931 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки бо артиши Русия қарордод баста, муқобили Украина меҷанганд; тибқи маълумоти лоиҳа, 196 нафари онҳо ҳалок шудаанд. Дар ҳамин лоиҳа ному насаби 661 шаҳрванди Қазоқистон, 360 шаҳрванди Қирғизистон ва 1 110 шаҳрванди Ӯзбекистон низ нашр шаданд, ки “дар ҳайати артиши Русия муқобили Украина меҷанганд”.

Собиқ муовини роҳбари хадамоти махсуси Қирғизистон Артур Медетбеков бар ин назар аст, ки қоидаҳои нав метавонанд бозгашти шаҳрвандонро ба хона ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани онҳоро барои иштирок дар ҷангҳои бегона душвор созанд.

Ҳуқуқшинос аз Қирғизистона Эрлан Токтосунов, ки дар Маскав машғули кор аст, ташаббусҳои навро “дом” барои муҳоҷирон арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, Русия дар бораи хидматчиёни ҳарбии хориҷӣ ғамхорӣ зоҳир намекунад, балки яқинан сарбозонеро мегирад, ки онҳоро то ба ҳалокат расиданашон беохир ба ҷабҳа мефиристад.

“Бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки қарордод ба имзо расонида, бидуни фаҳмонидани уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳо ба ҷанг мефиристанд. Ин шахсон ҳатто аз ҳуқуқҳои худ огаҳӣ надоранд”, – таъкид кардааст Токтосунов.

Коршиносон зикр мекунанд, ки садҳо нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аллакай ба низоъ дар Украина ҷалб шудаанд ва ҳукуматҳои минтақа то ҳол ба ташаббусҳои Русия вокуниш нишон намедиҳанд, шояд бо сабаби фишори сиёсӣ ва вобастагӣ аз Маскав.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.