Тоҷикистонро дар “Tokyo Grand Slam 2025” 6 ҷудокор намояндагӣ мекунанд

Дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Токио дар соли 2025 Тоҷикистонро 6 паҳлавон муаррифӣ мекунад. Ин мусобиқа рӯзҳои 6 ва 7-уми декбар дар шаҳри Токиои Ҷопон доир мешавад. Дар ин бора телевизиони "Варзиш" гузориш додааст. Ҳайати Тоҷикистон дар “Тоскулоҳи бузург”-и Токио: – Обид Ҷебов ва Мусаниф Миробов ҳарду дар вазни то 66 кг; – […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Токио дар соли 2025 Тоҷикистонро 6 паҳлавон муаррифӣ мекунад. Ин мусобиқа рӯзҳои 6 ва 7-уми декбар дар шаҳри Токиои Ҷопон доир мешавад. Дар ин бора телевизиони "Варзиш" гузориш додааст.

Ҳайати Тоҷикистон дар “Тоскулоҳи бузург”-и Токио:

– Обид Ҷебов ва Мусаниф Миробов ҳарду дар вазни то 66 кг;

– Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода ҳарду дар вазни то 81 кг;

– Мизробшо Лоиқов дар вазни то 90 кг;

– Муҳсин Малаев дар вазни то 100 кг;

То 1-уми декабри соли равон барои иштирок дар мусобиқа 327 ҷудокор аз 44 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд. Онҳое, ки ҷойҳои 5 ва 7-умро соҳиб мешаванд, мутаносибан 360 ва 260 хол ба даст меоранд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи “Tokyo Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 7 ва 8-уми декабр баргузор шуда буд, танҳо як медалӣ биринҷӣ ба даст оварда буданд. Дар ин мусобиқот, ки Тоҷикистонро 4 ҷудокор намояндагӣ мекард, Обед Ҷебов дар вазни то 66 кг медали биринҷӣ ба даст овард.

Ҷудокорони дигар, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Умед Раҷабов дар вазни то 90 кг ва Виктория Киселёва дар вазни ҷамъи 78 кг дар ин мусобиқа бенасиб монданд.

Варзишгарони тоҷик дар“Tokyo Grand Slam 2023” медал ба даст оварда натавониста буданд. Он замон ба хайати мунтахаби кишвар даҳ варзишгар шомил буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.