Пиряхи “Деҳдал” дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст

Date:

Пиряхи Деҳдал, ки моҳи октябр пораи азимаш канда шуд, давоми моҳи ноябр 520 метр ба поён ҳаракат кардааст. Ба иттилои Оҷонсии ҳавошиносии кишвар, баландии ҳаҷми пиряхи ҳараткунанда 25-30 метр ва паҳноии он аз 80 то 120 метр буда, бо суръати 20 метр дар як рӯз ҳаракат кардаааст.

Ба иттилои манбаъ, оҷонсӣ давоми рӯзҳои 1-5-уми декабр зимни корҳои тадқиқотӣ-экспедитсонӣ ҳолати пирях Деҳдалро дар ҳавзаи дарёи Сурхоб таҳқиқ кардаааст ва натиҷаи онро “рӯзҳои наздик пешниҳод” мекардааст.

Бояд гуфт, рӯзи 25-уми октябр дар қаторкӯҳҳои “Пётри 1” дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод қисме аз пиряхи бузурги “Деҳдал” канда шуда, ба поён ҳаракат кард ва навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн гардида, таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (7)







Аввали моҳи ноябр Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар дод, ки давоми се рӯзи охир ин пирях 72 метри дигар ба поён ҳаракат кардааст.

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сабаби асосии канда шудани пораи пиряхи азими “Деҳдал”-ро ба “баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ” рабт дода буд.

Он замон ин ниҳод гуфта буд, ки ба далели вазъи ноустувори ҳаво ва заминларзаи охир (3-юми ноябр), ҳолати он пешгӯинашаванда арзёбӣ мешавад.

Пиряхи “Деҳдал”

Пиряхи ҳаракаткунандаи “Деҳдал”-и ҳавзаи дарёи Сурхоб дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи “Пётри 1” дар баландии 4600 метр аз сатҳи баҳр сарчашма мегирад ва забонаи он дар баландии 3000–3050 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозии он ба 4,8 км ва масоҳаташ ба 1,6 км² баробар аст.

Пиряхи “Дехдал” ба навъи пиряхҳои ҳаракаткунандаи дохилӣ шомил шуда, суръати ҳаракати он аз якчанд сантиметр то якчанд метр дар як сонияро метавонад ташкил диҳад.

Аз пирях дарёчаи Сафедоб ҷорӣ мешавад. Дарозии ин дарёча ба 12-14 км баробар буда, яке аз шохобҳои чапи дарёи Сурхоб ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон дар чанд даҳсолаи охир 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Дар Тоҷикистон айни ҳол “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” амалӣ мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...