Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба каратэ WKC, ки дар шаҳри Чебоксарии Русия доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқа байни дастаҳо медали нуқра ба даст овард.
Мунтахаби Тоҷикистонро варзишгарон Бедил Қодирзода, Абдуллоҷон Гулов ва Абдулматини Ҳидоятулло намояндагӣ карданд.
Дар пойтахти Ҷумҳурии Чувашистон – Чебоксари рӯзҳои 19-22 август Чемпионати XIV байни кадетҳо, наврасон, калонсолон ва Ҷоми ҷаҳон миёни кӯдакони Конфедератсияи ҷаҳонии каратэ (WKC) баргузор шуд.
Дар мусобиқаҳо 829 нафар варзишгарон аз 14 кишвар ва қаламравҳои Аврупо, Осиё ва Африқо: Абхазия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Зимбабве, Ҳиндустон, Қазоқистон, Латвия, Русия (аз 21 минтақаи ин кишвар), Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Украина, Ҷопон ширкат варзиданд.
Дар доираи чемпионат инчунин Конфронси WKC доир гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Абдуллоев роҳбари ҳайати ҳакаммони WKC интихоб шуд.
Дар Конгресси байнулмилалии WKC ҷадвали чорабиниҳои расмии байнулмилалӣ барои солҳои 2023-2025 муқаррар шуд.
Мувофиқи нақша, Чемпионати кушод ва Ҷоми Осиё оид ба каратэ WKC дар соли 2025-ро шаҳри Душанбе қабул мекунад.