Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?

Имрӯз, 10-уми декабр Гули Зард (Гулӣ Зардова), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, ки шоми дирӯз, 9-уми декабр дар 62-солагӣ даргузашт, ба хок месупоранд. Ӯ солҳои охир аз бемории саратон ранҷ мекашид ва чанд моҳ пеш ҷарроҳӣ шудаву дар бинои 10-уми бемористони “Шифобахш” бистарӣ буд. Маросими хайрбод бо Гули Зард соати 10-и имрӯз дар назди хонааш дар кӯчаи […]

Asia-Plus

Имрӯз, 10-уми декабр Гули Зард (Гулӣ Зардова), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, ки шоми дирӯз, 9-уми декабр дар 62-солагӣ даргузашт, ба хок месупоранд. Ӯ солҳои охир аз бемории саратон ранҷ мекашид ва чанд моҳ пеш ҷарроҳӣ шудаву дар бинои 10-уми бемористони “Шифобахш” бистарӣ буд.

Маросими хайрбод бо Гули Зард соати 10-и имрӯз дар назди хонааш дар кӯчаи Сомони ноҳияи Фирдавсӣ (назди мағозаи “Абдулло” ва бозори “Корвон”) оғоз шуд. Баъди ин, намози ҷанозааш, баъди зуҳр хонда мешаваду ӯ дар яке аз қабристонҳои пойтахт ба хок супорида мешавад.

Номи аслии ӯ, Гулӣ Зардова буда, бо тахаллуси Гули Зард эҷод мекард. Мавзӯи аслии эҷодиёти ӯ, иҷтимоиёт, масоили хонаводагӣ, қисмати занону духтарон ва ҳуқуқи онҳо буд.

Ӯ 27-уми феврали соли 1963 дар шаҳри Қурғонтеппа зода шуда, шуъбаи филологияи руси факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти ӯ ҳамчун омӯзгор оғоз шуда, баъдан дар шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ кор кардааст. Чанд соли охир ҳамчун хабарнигори мустақил фаъолият дошт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ андешаҳояшро нашр мекард.

Соли 2018 Гули Зард барои муҳтавои китобаш – “Бодоми шириндона” ба далели тарғиби “ишқи бадахлоқона ва бисёрзанӣ” ва “коҳиши завқи эстетикиву этикии хонандагон” аз сафи Иттифоқи нависандагон хориҷ карда шуд.

Шӯрои наср ва нақди адабии Иттифоқ асарҳои ӯро “хилофи қонун ва арзишҳои ҷомеаи суннатӣ” унвон дода буданд.

Аммо худи Гули Зард иддао карда буд, ки сабаби ихроҷаш интиқод аз роҳбарият ИН ва талаби истеъфои он будааст.

Гули Зард бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ даҳҳо қиссаву ҳикоя эҷод ва таълиф кардааст. Аз ҷумла, “Дард”, “Бодоми шириндона”, “Ашки аҷал”, “Хазонрези орзуҳо”, “Худойдод”, “Ҳамели андешаҳо”, “Табассуми иқбол”, “Ишқи духтари пистафурӯш”, “Модаргург” аз ҷумлаи таълифоти Гули Зард мебошанд. Ӯ муаллифи чандин шеърҳо низ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.