Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд

Парвиз Умарбоев, футболбози тоҷик, нимҳимоятгари тими миллии футболи Тоҷикистон ва капитани тими “Локомотив”-и Булғористон соҳиби ҷоизаи баландтарин ин даста гардид. Тӯби ба дарвозаи ҳариф вориднамудаи ӯ “Голи сол” дониста шудааст.  Ин даста дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ навиштааст, ки ин голро ӯ дар бозӣ бо "Спартак" (Варна) зада буд ва маҳз он ғалабаи дастаро таъмин кард.  Манбаъ менависад, ки парвиз Умарбоев […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Парвиз Умарбоев, футболбози тоҷик, нимҳимоятгари тими миллии футболи Тоҷикистон ва капитани тими “Локомотив”-и Булғористон соҳиби ҷоизаи баландтарин ин даста гардид. Тӯби ба дарвозаи ҳариф вориднамудаи ӯ “Голи сол” дониста шудааст. 

Ин даста дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ навиштааст, ки ин голро ӯ дар бозӣ бо "Спартак" (Варна) зада буд ва маҳз он ғалабаи дастаро таъмин кард. 

Манбаъ менависад, ки парвиз Умарбоев кайҳо боз яке аз бозигарони калидии "Локомотив" ба шумор меравад, муҳаррики маркази майдон ва беҳтарин созандаи ҳамлаҳои даста аст. Ғайр аз ин,ӯ ба сафи беҳтарин бозигарони тамоми лигаи Булғористон, ки зиёд партобҳои головар анҷом додаанд, дохил мешавад.

"Ба туфайли бозии устувори футболбози тоҷик, "Локомотив" бо итминон дар гурӯҳи довталабон ба медалҳо ва дарёфти ҷой дар мусобиқоти аврупоӣ қарор дорад. Фосила аз ҷойи сеюм ҳамагӣ чор имтиёз аст ва ин чунин маъно дорад, ки мубориза акнун оғоз мешавад",- гуфтааст ин даста.

Парвиз Умарбоеви 31-сола зодаи шаҳри Хуҷанд буда, аз сатҳи як футболбози маҳаллӣ то бозингари сатҳи аврупоӣ расид.

Ӯ дар ҳунарнамоии касбии худба дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон бо “Истиқлол” (соли 2015) ноил гардида, сипас ба Булғористон рафт.

Дар ин ҷо, ӯ бо дастааш ду маротиба соҳиби Ҷом (мавсимҳои соли 2018-10 ва 2019/20) ва Суперҷом (соли 2020) шуд. Тобистони соли 2025 даста муҳлати қарордод бо нимҳимоятгарро то моҳи июни соли 2027 дароз кард.

Ӯ аз соли 2015 инҷониб дар тими мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад ва  яке аз бозигарони устувор ва калидии тимии миллӣ ба шумор меравад.

Сифатҳои пешсафии ӯ дар сатҳи даста низ таҷассум ёфта,  бозии "Локомотив" маҳз атрофи ӯ сохта мешавад ва маҳз ӯст, ки дар бозиҳои пуршиддат ба тимаш рӯҳу илҳом мебахшад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.