spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эътироз пеш аз ифтитоҳ. Норозигии волидон аз шеваи қабул ба мактаби русӣ

Беш аз 40 нафар сокинони шаҳри Душанбе, ки фарзандонашон аз рӯйхати хонандагони мактаби нави русӣ ҳазф шудаанд, барои адолатхоҳӣ дар ба дари мақомот сарсон гаштаанд.

Онҳо дирӯз, 31 август аввал ба назди Сафорати Русия дар Душанбе ва баъдан дар назди мактаби навсохт дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт гирди ҳам омада, аз намояндагони сафорати Русия ва директори мактаби нави русӣ шарҳ талаб намуданд.

Аз сафорати Русия ба волидон гуфтаанд, ки барои посух гирифтан ба саволҳои худ ба роҳбарияти мактаб муроҷиат кунанд. Дар мактаби навбунёд бошад, онҳо натавонистаанд бо роҳбарият мулоқот кунанд.

Имрӯз, дар Рӯзи дониш сокинони мазкур ба назди бинои Вазорати маориф ва илм ҷамъ омада, аз масъулини ин вазорат низ ба саволҳои худ посух талаб намуданд. Дар ин бора, онҳо тавассути ирсоли навори видеоӣ ба “Asia-Plus” хабар доданд.

Аз Вазорати маориф ва илм ба “Asia-Plus” гуфтанд, ба вазорат вобаста ба ин масъала касе шикоят накардааст.

Сокинон даъво доранд, ки фарзандони онҳо дар ин мактаб ба синфи як қабул шудаву як рӯзи пеш номашон бо далоили номаълум аз рӯйхат ҳазф гардидааст. Ба таъкиди онҳо, рӯйхати хонандагони синфи як аз ҷониби Вазорати маорифи Русия тасдиқ шуда буд.

Ба иддаои ин волидон, ҳоло ба ҷои номи фарзандонашон исми дигар кӯдакон ба рӯйхат ворид карда шудааст. Онҳо даъво доранд, ки “кӯдакони номашон илавашуда, дар ду даври қаблии имтиҳонсупорӣ дар мактаби нави русӣ иштирок надоштанд” ва маълум нест, ки онҳо бо кадом роҳ ба ин рӯйхат шомил гардидаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акс аз саҳифаи иҷтимоии Саидахон Алимова

Саидахон Алимова, модари як хонандае, ки моҳи июн имтиҳонҳои қабулро супорида ба рӯйхати хонандагони синфи як дар мактаби русӣ шомил гардидааст, ба “Asia-Plus” гуфт: “Пас аз ду давраи имтиҳонсупорӣ ва гузариши омӯзиши пешакӣ духтарам ба синфи 1 «Б»-и ин мактаб қабул гардид. Дар анҷоми дарсҳо ба кӯдакон, аз ҷумла, ба духтари ман шаҳодатнома доданд. Ҳоло дар рӯйхати тасдиқшуда номи духтарамро намеёбам”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акс аз саҳифаи иҷтимоии Саидахон Алимова

Ин модар мепурсад, ки “магар ин ҳама имтиҳону рӯйхаттартибдиҳӣ намоиш буд?”.

Дилшод Бобоев, падари як хонандаи дигар низ ин гуфтаҳоро тасдиқ карда, иброз менамояд, ки “дар ҳар як рӯйхат ҳоло номи 6 нафар хонанда ва аз ин ҳам зиёд ҳазф гардида, аз болояш номи хонандагони дигар навишта шудааст”.

Ӯ низ дар тааҷҷуб аст, ки чӣ тавр рӯйхати тасдиқгардида тағйир дода шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Аз ин лиҳоз, волидон аз сафорати Русия, роҳбарияти мактаби навбунёд ва намояндагони Вазорати маориф ва илм тақозо доранд, ки фарзандонашонро ба синфи як дар мактаби нави русӣ қабул кунанд ва ҳамчунин, нафарону омилони тағйирёбии рӯйхати тасдиқшударо мушаххас намоянд.

Замоне, ки волидони хонандагон ба назди бинои сафорати Русия дар Тоҷикистон рафтанд, хабарнигори мо низ онҷо буд ва аз сафорати Русия касе ҳозир нашуд, ки масъалаи мазкурро шарҳ диҳад.

Дар мактаб низ касе ҳозир нашуд масъаларо шарҳ диҳад ва хабарнигор ва волидонро нагузоштанд вориди муассиса шаванд.

Ёдовар мешавем, ин яке аз панҷ мактаби навбунёд аст, ки аз ҷониби Русия дар Тоҷикистон сохта шуда, пагоҳ, 2-юми сентябр дари худро барои таҳсил боз мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...