Байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Комбинати металлургии тоҷик” дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Манбаъ мегӯяд, корхона бо мақсади истихроҷ ва коркарди маъдани оҳан ва дигар маъданҳои ҳамроҳ, инчунин истеҳсолу содироти маҳсулоти босифат аз он сохта шуда, бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад.
“Корхона дар ду марҳила бунёд ёфта, марҳилаи аввали он то соли 2027 ва дуюмаш то соли 2031 ба кор дароварда мешавад”, – омадааст дар хабари Кумита.
Ба иттилои ин ниҳод, иқтидори лоиҳавии солонаи корхона истихроҷ ва коркарди 2,5 млн тонна маъдан буда, аз он 1,1 млн тонна консентрати истеҳсолӣ ба даст меояд. Корхонаи мазкур натанҳо ивазкунандаи воридот аст, балки қисми зиёди маҳсулоташ ба содирот нигаронида шудааст.
“Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ 600 мутахассиси маҳаллӣ ва хориҷӣ ба кор ҷалб шуда, пас аз ба кор даромадани марҳилаи аввали корхона 1200 нафар ва баъди пурра омода шудани корхона дар он беш аз 2000 кас бо кори доимӣ ва моҳонаи хуб таъмин хоҳанд шуд”, – хабар медиҳад Кумита.
ба гуфтаи ин ниҳод, имзои созишномаи сармоягузории мазкур қадами муҳим дар самти ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷию ватанӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолию саноатии кишвар ба ҳисоб меравад.


