Ҷасади Қобилҷони дар Русия кушташударо ба Тоҷикистон оварданд. Маросими видоъ оғоз шуд

Date:

Ҷасади ин навраси 10-солаи тоҷикро, ки ду рӯз пеш дар вилояти Маскави Русия кушта шуд, субҳи 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварданд. Ҳоло пайкари ӯ дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав, дар хонаи яке аз наздиконашон қарор дорад ва маросими хайрбод оғоз шудааст.

Субҳи имрӯз хабарнигорони “Азия-Плюс” ба фурудгоҳи пойтахт рафта буданд.

Дар баромадгоҳи боркашонии фурудгоҳи Душанбе, ки одатан ҷасадҳо аз он берун бароварда мешаванд, кормандони мақомот рӯзноманигоронро нагузоштанд, ки навор гиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Масъулони ин баромадгоҳ ҳам кӯшиш карданд, ки раванди берун овардани ҷасад сабт нашавад ва чанд маротиба гуфтанд, ки пайкари марҳумро тариқи дарвозаи дигар бурданд. Маълум нест, ки кормандони мақомот ба чӣ далел монеи кори хабарнигорон шудаанд.

Дар деҳаи Аҷам ҳам кормандони мақомоти интизомӣ ва амниятӣ зиёданд ва ба хабарнигорон иҷоза намедиҳанд, ки макони ҷанозаро сабт кунанд. Як нафар, ки худро корманди ҳукумати Шаҳринав муаррифӣ кард, гуфт, “супориш шудааст, то сабт накунанд”.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Ҳоло теъдоди зиёде аз сокинони ин маҳал ва дигар минтақаҳо, ки ба ҷаноза омадаанд, дар инҷо ҷамъ шудаанд.

Ҷанозаи Қобилҷон Алиев соати 10:00 дар масҷиди ҷомеи деҳаи Аҷами ҷамоати Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав хонда мешавад.

Наздиконаш бо расонаҳо суҳбат намекунанд. Танҳо модараш Нилуфар Алиева дар ҳоле, ки барои фарзанди кушташудааш гиря мекард ва фиғон мекашид, чанд ҷумла гуфт:

“Душанбе равон карданӣ будам. Гуфт, ки бо ҳамсинфонам хайрухуш кунам… Тақдираш чунин будааст, дар пешониаш чунин навишта шуда будааст. Ҷинояткор ҷазояшро мегирад”.

Қобилҷон рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия кушта шуд. Ҳамлагар аввал ба муҳофиз ва як хонандаи 10-сола бо корд зарба задааст. Дар натиҷа хонандаи 10-сола, ки Қобилҷон Алиев, шаҳрванди Тоҷикистон буд, аз ҷароҳати бардошта ҷон бохтааст. Модари хонандаи кушташуда дар ҳамин мактаб фаррош будааст.

Дар навори воқеа, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кард, дида мешавад, наврасе бо корд ба гурӯҳи хонандагон наздик шуда, мепурсад, “миллати шумо чист?". Пас аз куштор, аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Навраси боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шуд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Расонаҳо менависанд, ки ҳамлагар дар заминаи ҳисси миллатгароӣ ва бадбинӣ ба мактаб ҳамла кардааст: ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи "Ғазаби ман", ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Газета.ру" аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия  навишт,  ки "навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид".

Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишварро даъват карда, “нота” супорид ва талаб кард, ки “тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хост, сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.

ВКХ-и Русия ба ин куштори бераҳмона вокуниш кард ва ба Тоҷикистону пайвандони кушташуда ҳамдардӣ изҳор намуд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷониби Русия барои таҳқиқи беғаразона ва холисона талош мекунад.

Ин бори аввал нест, ки як кӯдаки тоҷик дар Русия бар пояи бадбинии нажодӣ ва аз сӯйи миллатгароёну тундгароён кушта мешавад. Дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Коршиноси бахши муҳоҷират мегӯяд, ки ин кушторҳои бераҳмона аз сӯйи миллатгароёну тундгароён натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия аст.

Бояд гуфт, куштори тоҷикон аз дасти шаҳрвандони Русия аксаран аз ҷониби мақомоти ин кишвар расонаӣ намешавад. Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ ва ё ҷинояти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз ҷониби расонаҳо ва ҳам мақомоти Русия барҷаста ва густурда паҳн карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...