Тоҷикистону Қазоқистон ният доранд, гардиши молу маҳсулотро то ба $2 млрд расонанд

Валихон Тӯрахонов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон зимни як брифинг гуфт, ду кишвар қасд доран, ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти дуҷонибаро то ба 2 млрд доллар расонида, ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва рақамӣ густариш бахшанд. Дар робита ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар соли 2026, Тӯрахонов тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, логистика ва тиҷорати рақамиро зикр намуд. "Миёни […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Валихон Тӯрахонов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон зимни як брифинг гуфт, ду кишвар қасд доран, ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти дуҷонибаро то ба 2 млрд доллар расонида, ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва рақамӣ густариш бахшанд.

Дар робита ба самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар соли 2026, Тӯрахонов тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, логистика ва тиҷорати рақамиро зикр намуд.

"Миёни самтҳои афзалиятнок соҳаи тандурустӣ, ҳамкориҳои гуманитарӣ ва дар соҳаи маориф, инчунин ҳамоҳангсозии талошҳо дар минбарҳои бисёрҷониба оид ба масоили амният, обу энеретика ва иқлим мебошад", – гуфт ӯ.

Бояд гуфт, ки соли равон як қатор чорабиниҳои муҳими дуҷониба ва бисёрҷониба баргузор шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар доираи ҳамоишҳои "Осиёи Марказӣ – Италия" ва "Осиёи Марказӣ – Чин" ба Қазоқистон сафар кард ва ҳамзамон роҳбари Қазоқистонро бо сафари корӣ дар Душанбе қабул намуд. 

Имзои Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ ба хотири рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI, инчунин тасдиқи ҳадафи афзоиши гардиши дуҷонибаи мол то ба 2 млрд доллар азҷумлаи натиҷаҳои калидии гуфтушунид буданд.

 

Иқтисод ва савдо

Сафир рушди устувори робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро зикр кард. Тайи панҷ соли ахир ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба андозаи 29% афзуд – аз 909,9 млн доллар дар соли 2020 то ба 981,8 млн доллар дар соли 2024. Дар зарфи 10 моҳи соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо 981,8 млн долларро ташкил дода, аз рӯйи натиҷаҳои сол ҳудуди 1,2 млрд доллар дар назар аст.

Ҳаҷми содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ба  906,8 млн доллар расида, 13,7% аз ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистонро ташкил дод. Асоси молу маҳсулот дар савдои дуҷониба аз хӯрокворӣ, фулузот (металл) ва маснуот аз он, маҳсулоти нафтӣ ва кимиё, масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот иборат аст. Интиқоли гандум ва равғани офтобпараст аз Қазоқистон афзоиш ёфта, ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатии соҳавии кишварҳо дар ҳоли рушд аст.

Барои густариши ҳамкориҳо моҳи август дар Остона ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор шуд. Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши молу маҳсулот то соли 2030, инчунин Харитаи роҳи алоҳида оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2026-2027 таҳия мешавад.

Таъсиси бонки "Freedom Finance"-и Қазоқистон дар бозори молиявии Тоҷикистон, ки дар заминаи он маркази технологияҳои иттилоотӣ бунёд гардида., хидматрасониҳои рақамии молиявӣ ҷорӣ мешаванд, ба ҳамкориҳои дуҷониба иқтисодӣ такони иловагӣ доданд.

 

Ҳамкориҳои гуманитарӣ ва дар соҳаи маориф

Ба ҳамкориҳои мутақобилаи гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Қазоқистон ба дастгирии ҷавонони Тоҷикистон тариқи барномаҳои таълимӣ ва грантҳо барои таҳсил дар макотиби олии ин кишвар идома дода, инчунин ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва табодулҳои академӣ густариш мебахшад.

Соли 2025 Қазоқистон ба Тоҷикистон ба маблағи 3,6 млн доллар бо зироати ғалладона ва сӯзишвории дизелӣ кумак кард. Тайи панҷ соли ахир ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона зиёда аз 21 млн долларро ташкил дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.