Нархи гӯшт дар кишвар чӣ гуна муайян мешавад ва чаро ҷаримаи гӯштфурӯшон мушкилро ҳал намекунад?

Date:

Дар Тоҷикистон нархи гӯшт бар асоси қоидаҳои бозор муқаррар карда мешавад, аз ин рӯ, ҷаримабандии гӯштфурӯшон мушкили болоравии арзиши гӯшт, яъне он омилҳои таъсиррасони бозор, мисли гароншавии хӯрока ва логистикаро ҳал намекунад.

Санҷиш дар бозорҳои Душанбе ба оғози 120 санади маъмурӣ нисбат ба гӯштфурӯшон боис гардид. Тибқи маълумоти Раёсати ВКД, қонуншиканиҳо мувофиқи моддаҳои 555 ва 627 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ – боло бурдани нарх ва фиреби истеъмолгарон ба қайд гирифта шуданд.

То куҷо ҷаримабандии гӯштфурӯшон пеши роҳи болоравии арзиши онро метавонад гирад? “Азия-Плюс” аз коршиносон пурсид, ки тибқи қонун чӣ гуна бояд нархи гӯшт муайян карда шавад, дар кадом ҳолатҳо давлат ба дахолат барои танзими нарх ҳуқуқ дорад, чӣ корҳо фиреб аст ва кадом вақт ҷаримаҳо ғайриқонунӣ шуморида мешаванд.

 

Бо кадом асосҳо санад тартиб дода мешавад?

Мувофиқи Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод, санад нисбати фурӯшанда дар ҳолатҳои зерин тартиб дода мешавад:

– дар сурати нодуруст муқаррар кардани нарх;

– фиреби харидор;

– якбора ва бидуни асос боло бурдани нархи маҳсулот.

Гӯшт ба гурӯҳи маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим мансуб дониста мешавад. Давлат ба маҳдуд кардани иловапулии савдо ё муқаррар намудани нархи ниҳоии чакана ҳуқуқ дорад (боби 1, б. 5; фасли 3, б. 22). Агар фурӯшанда ин маҳдудиятҳоро риоя накунад, ин вайрон кардани нархгузорӣ шуморида шуда, метавонад барои тартиб додани санад тибқи моддаи 555 КҲМ асос шавад.

Фиреби истеъмолгар (модд. 627 КҲМ) асоси ҷудогона мебошад. Ба он вазнкашии нодуруст, нархномаи нодуруст, пардохтҳои пӯшида, фурӯши гӯшти пасттсифат бо нархи гӯшти гарон дохил мешаванд.

Ғайр аз ин, ин муқаррарот ба давлат имкон медиҳад, ки дар сурати якбора боло рафтани нарх, ба он дахолат кунад. Агар дар давоми  як моҳ нархи маҳсулот зиёда аз 20% боло бурда шавад, санҷишгарон ҳуқуқ доранд, ки асоснокии онро арзёбӣ кунанд. Масалан, вақте ки нархи гӯшти гов дар давоми як моҳ аз 90 сомонӣ то ба 110-120 сомонӣ боло меравад, чунин ҷаҳиш аз меъёр зиёд буда, метавонад сабаби санҷиш шавад.

Дар ҳолате, ки болоравии нарх бо сабаби омилҳои воқеии иқтисодӣ, аз қабили болоравии нархи ашёи хом, хароҷоти нақлиёт ё тағйирёбии мавсимии нарх зиёд шавад, ин асоснок шуморида шуда, барои ин набояд ҷарима баста шавад.

Қонун ба давлат имкон медиҳад, ки арзиши маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳимро бо се тарзи зерин танзим кунад:

-муқаррар кардани ҳудуди ниҳоии иловапулӣ;

– муқаррар кардани ҳадди ниҳоии нархи чакана;

– маҳдуд кардани сатҳи фоидаоварӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бозори "Меҳргон" дар Душанбе

Аммо ин маҳдудиятҳо вақте амал мекунад, ки онҳоро Хадамоти зиддиинҳисорӣ расман муқаррар кунад. Маҳз ҳамин ниҳод ба муайян кардани рақамҳои мушаххас, масалан, иловапулии ҳадди ниҳоӣ ё нархи ҳадди ниҳоӣ ва тасдиқи онҳо дар шакли санади меъёрӣ уҳдадор аст.

Лекин қобили зикр аст, ки мо чунин санадро дарёфт карда натавонистем.

Ҷаримаи фурӯшандагон танҳо барои нархи баланд нодуруст аст, агар сатҳи ҳадди ниҳоии нархҳо аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар ва чоп нашуда бошад. Дар чунин ҳолатҳо  нархгузорӣ тибқи қоидаҳои бозори озод бо назардошти хариду хароҷот, мавсим ва талабот сурат мегирад, ки ба талаботи Муқаррарот дар бораи нархҳои озод комилан мувофиқ аст.

 

Нархҳо ба гӯшт дар Тоҷикистон дарвоқеъ то чӣ андоза боло рафтанд?

Мувофиқи маълумоти васоити дар расонаҳо нашршуда, нархи гӯшти гов дар давоми як моҳ ба андозаи 30-40% боло рафт, ки аз ҳадди дар Муқаррарот зикршуда 20% дар як моҳ ба таври назаррас зиёд аст.

Тибқи қонунгузорӣ, чунин болоравиро давлат метавонад барои дахолат ба нархгузорӣ асос донад ва мувваққатан чораҳои танзмимкунанда рӯйи даст гирад.

Бар асоси маълумоти расмии Агентии омор, моҳи октябри соли 2025 нархи гӯшти гӯсфанд ба андозаи 1,8% ва гов – 1,1% нисбат ба моҳи пешина боло рафтааст. Давоми сол бошад, гӯшти гӯсфанд 16,3% ва гов – 13,8% қимат шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аммо нархҳо дар бозор аз маълумоти расмӣ ба таври назаррас фарқ мекунад. Тибқи иттилои манбаъҳо аз бозор, аз моҳи январ то декабри соли 2025 нархи гӯшти гӯсфанд 14,70 сомонӣ ё худ 16% боло рафтааст. Гӯшти гов ба андозаи 8,24 сомонӣ ё худ 9,1% қимат шудааст.

Фарқият миёни омори расмӣ ва маълумоти воқеӣ дар бозор хеле назаррас аст: маълумоти расмӣ болоравии начандон зиёдро нишон дода, дар ҳамин ҳол амалан нархҳо бахусус ба  гӯшти гӯсфанд болотаранд. Ин ба таъсири омилҳои бозор, аз ҷумла мавсим, талабот, хароҷот ба нақлиёт ва ғизодиҳии чорво вобастаанд.

 

Нархгузории озод ба гӯшт чӣ гуна сурат мегирад?

Нархи озод ба гӯшт мувофиқи Муқаррарот дар бораи тартиби нархгузорӣ гузошта мешавад, ки ба нарх арзиши аслӣ, фоидаоварӣ ва андозҳо дохил мешаванд. Ба нархи фурӯш иловапулии савдо, ки хароҷоти асосии фурӯшандаро рӯйпӯш мекунад, аз ҷумла, нақлиёт, захира, нигаҳдории нуқтаи фурӯш ва фоидаро.

Фурӯшанда бо назардошти вазъият дар бозор мустақилона ҳаҷми маблағи иловапулиро муқаррар мекунад.

Барои маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳим, ки гӯшт ҳам ба он дохил аст, давлат агар барои нигаҳдории нархҳо зарур донад, метавонад ҳаҷми иловапулиро маҳдуд созад.

 

Арзиши аслии 1 кг гӯшт

Нархи гӯшт на танҳо бо сабаби кӯшиши фурӯшандагон барои гирифтани фоидаи зиёдтар, балки бо сабабҳои воқеии иқтисодӣ низ боло меравад.

Ба арзиши аслии гӯшт якчанд омил, аз ҷумла гароншавии хӯрока, афзоиши хароҷот ба сӯзишворӣ ва логистика, инчунин камшавии саршумор дар хоҷагиҳои хусусӣ таъсир мерасонанд. Дар давраи зимистон, вақте ки хароҷот ба хӯрока зиёд мешавад, нархи гӯшт маъмулан боло меравад.

Дар бозорҳои Тоҷикистон вазни чорвои зинда ба минтақа вобаста аст. Дар вилояти Хатлон нархи 1 кг гӯшт 50-55 сомонӣ ва дар вилояти Суғду водии Ҳисор метавонад ба зиёда аз 60 сомонӣ расад. Масалан, дар бозори Фархор чанде пеш буққаи вазнаш 578 кг бо нархи 29 480 сомонӣ фурӯхта шуд, ки 51 сомонӣ ба 1 кг вазни зиндаи он рост меояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар яке аз бозорҳои Ҳисор буққаи вазнаш тақрибан 700 кг 42 ҳазор сомонӣ фурӯхта шуд. Ҳисоб нишон дод, ки арзиши аслии 1 кг гӯшт дар вилояти Хатлон – 85 сомонӣ ва дар водии Ҳисор – 100 сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба ҳолати чорво ва дигар омилҳо, ҳаҷми гӯшти соф аз вазни зинда метавонад аз 50% то 65%-ро ташкил диҳад.

То рӯзи 8 декабри соли 2025 нархи хӯрокаи чорво дар Тоҷикистон вобаста ба навъи он ва минтақа фарқ мекунад. Масалан, 1 кг кунҷора аз 4,5 то 6 сомонӣ, хӯрокаи омехта барои чорвои калони шохдор вобаста ба сифат ва таркиб – аз 3 то 7 сомонӣ ва 1 банд алафи юнуқца вобаста ба вазнаш – аз 35 то 45 сомонӣ нарх доранд. Зироати ғалладона аз қабили гандуму арзан ва ҷав (1 кг) аз 3 то 6 сомонӣ фурӯхта мешаванд.

Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, нархи гӯшт аз арзиши аслиаш метавонад хеле назаррас болотар бошад, зеро фурӯшандагон ба нарх хароҷоти худро ба хӯрока, нақлиёт ва парваришу нигаҳдорӣ илова мекунанд.

 

Чӣ бояд кард, то нархи гӯшт поин равад?

Поинравии нархи гӯшт танҳо тариқи бартараф намудани сабабҳои арзиши аслии баланди он имконпазир аст. Рушди хоҷагиҳои бузурги тайёр кардани хӯрока (feedlots) яке аз пурсамартарин воситаи ҳалли ин масъала аст. Ин модел ба арзоншавии истеҳсоли гӯшт аз ҳисоби миқёс ва поинравии арзиши аслӣ ба ҳисоби миёна 10-15% имкон медиҳад.

Дастгирии чорводорон низ нақши муҳим дорад. Кумакпулиҳои давлатӣ ба хӯрока, қарзҳои дастрас барои зиёд кардани саршумори чорво ва таҷдиди хоҷагиҳо ба чорводорон имкон медиҳанд, ки хароҷотро кам карда, нархро дар сатҳи пасттар нигоҳ доранд.

Яке аз роҳҳои ҳал метавонад бунёди “нуқтаҳои гӯштфурӯшии иҷтимоӣ” бошад. Чунин равиш масалан дар Туркия ва Қазоқистон истифода мешавад, ки дар ин кишварҳо давлат нуқтаҳои савдои маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ муҳимро дастгирӣ мекунад.

Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки воридот низ як воситаи суботи вазъият аст. Дар давраи камбуди мавсимӣ, бахусус зимистон воридоти гӯшт аз хориҷа ба нигаҳдории ҷаҳиши нархҳо кумак карда, тавозун дар бозорро дастгирӣ мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Чӣ гуна дар дигар кишварҳо нархи гӯштро поин мебаранд?

Таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳад, ки поин бурдани нархи гӯшт аз ҳисоби чораҷӯиҳои маҷмӯавӣ имконпазир аст. Дар Қазоқистон ба кумакпулиҳо барои харидани хӯрока ва рушди хоҷагиҳои тайёркунии хӯрока таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, ки ҷиҳати ба таври назаррас поин рафтани арзиши аслии маҳсулот имкон медиҳад.

Ғайр аз ин, дар ин кишвар назорати пурзӯри зиддиинҳисорӣ амал мекунад, ки ба пешгирии беасос боло бурдани нарх ва дахолати миёнаравон ба занҷираи таъмини маҳсулот равона шудааст.

Дар Ӯзбекистон воридот воситаи муҳим аст, ки барои ба субот овардани вазъият дар давраи камбуди мавсимии маҳсулот истифода мешавад. Давлат низ чорводорони сатҳи миёнаро дастгирӣ карда, ба онҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва кам кардани хароҷот кумак мекунад.

Ҳамзамон дар ин кишвар нақши миёнаравон маҳдуд карда мешавад, ки ба поин бурдани нарх барои харидори ниҳоӣ имкон медиҳад.

Дар Русия қисми зиёди корҳои арзонкунии гӯштро кумакпулиҳо ба харидории комбикорм (хӯроки омехта) ва дастгирии холдингҳои бузурги кишоварзӣ таъмин мекунанд, ки ба туфайли миқёс гӯштро бо арзиши аслии нисбатан паст истеҳсол мекунанд.

 

Оё ҷаримаҳо ба поин бурдани нархи гӯёшт ёрӣ мерасонанд?

Ҷаимаҳо худ ба худ нархи гӯштро поин намебаранд. Онҳо метавонанд муваққатан фурӯшандагони ҷудогонаро нигаҳ доранд ва онҳоро маҷбур созанд, ки иловапулиҳои пӯшидаро истифода набаранд ё қоидаҳои савдоро риоя кунанд, лекин ба омилҳои калидии иқтисодӣ, ки арзиши гӯштро ташкил медиҳанд, таъсир намерасонанд.

Нархи гӯшт пеш аз ҳама бо сабабҳои воқеӣ (объективӣ) боло меравад: гароншавии хӯрока, сӯзишворӣ, логистика, камшавии саршумори чорво ва афзоиши нархи ашёи хоми воридотӣ. Ҳеҷ кадом ҷарима ба бартараф намудани ин сабабҳо қодир нест.

Ғайр аз ин, рейдҳои шадид ва фишор болои фурӯшагндагон метавонад ба самараи баръакс боис гардад. Агар соҳибкорон ба хавфу хароҷоти иловагӣ дучор шаванд, ҳамаи ин хароҷотро ба арзиши маҳсулот дохил карда, дар натиҷа гӯшт боз гаронтар мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Иқтисодчӣ Собир Қурбонов бар ин назар аст, ки таҷрибаи ҳозираи назорати нархҳо дар Тоҷикистон асоси иқтисодӣ надорад.

“Нархҳои моро бозор муқаррар мекунад ва дар Конститутсия зикр шудааст, ки Тоҷикистон кишвари демократӣ ва дорои иқтисоди бозаргонӣ аст. Ба ин тариқ, ҳама гуна назорати нарх ғайриқонунӣ аст, агар танҳо монополия ва қарордоде набошад, ки зери танзими зиддинҳисорӣ қарор мегирад”, – шарҳ медиҳад иқтисодчӣ.

Ба ақидаи ӯ, ба ивази баргузории рейду назорати савдогарони маҳсулоти чакана, мақомоти давлатӣ бояд ба афзоиши пешниҳод дар бозор, рафъи тамоюлҳои инҳисорӣ (монополӣ) ва фароҳам овардани шароит барои рушди соҳа таваҷҷуҳ кунанд.

Қурбонов ҳамчунин пешниҳод намуд, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти ширию гӯштӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд, барои дастрасӣ ба хӯрокаи арзон таъмин шаванд. “Агар давлат дар ҳақиқат ин мушкилро ҳал карданӣ бошад, набояд бо милитсия дар бозорҳо, балки бо роҳу воситаҳои иқтисодӣ кор кунад”, – таъкид дошт коршинос.

Барои самараи дарозмуҳлат чораҷӯии доимӣ зарур аст, аз ҷумла дастгирии истеҳсолкунандагон, кам кардани миёнаравон, рушди хоҷагиҳои бузурги тайёр кардани хӯрокаи чорво ва баланд бардоштани шаффофияти бозор. Маҳз чунин иқдом, на балки ҷаримаҳо, барои ба субот овардани нарх ва бештар дастрас будани гӯшт лозиманд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...