Эмомалӣ Раҳмон қонуни мақоми омӯзгорро имзо кард. Акнун шаъну шарафи омӯзгор ҳифз мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанд рӯз  пеш дар баробари чанд қонуни дигар, Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро ҳам имзо кард. Акнун баъди як моҳи нашри қонун дар расонаҳо он ба ҳукми амал медарояд. Дар асоси ин қонун, шаъну шарафи омӯзгор, дахлнопазирии касбии фаъолияти ӯ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои касбии муаллим ҳимоя карда мешавад. Қаблан, ин […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанд рӯз  пеш дар баробари чанд қонуни дигар, Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор”-ро ҳам имзо кард. Акнун баъди як моҳи нашри қонун дар расонаҳо он ба ҳукми амал медарояд. Дар асоси ин қонун, шаъну шарафи омӯзгор, дахлнопазирии касбии фаъолияти ӯ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои касбии муаллим ҳимоя карда мешавад.

Қаблан, ин қонунро вакилони ҳарду палатаи парлумон -Маҷлиси намояндагон  ва Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва тасвиб карда буданд.

Таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” баъди дастури Эмомалӣ Раҳмон дар соли гузашта, шуруъ шуд. Раисҷумҳур зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ба мушкилиҳои соҳаи маориф таваҷҷуҳ карда, аз паст будани шаъну шараф ва мақоми омӯзгорон дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронӣ кард ва дастури таҳияи қонунро дод.

Президент аз аҳли ҷомеа даъват кард, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ боз ҳам бештар дастгирӣ шуда, манзалату обрӯи онҳо дар ҷомеа баланд бардошта шавад.

Ин қонун шаъну шараф ва ҳуқуқи омӯзгорро ҳифз карда, ҷалби онҳоро аз ҷумла ба “шанбегӣ” ва пулҷамъкунӣ дар мактабҳо манъ мекунад. Ҳамзамон омӯзгорон аз таҳқир ва фишор ҳифз карда мешаванд. Инчунин дар асоси он ба омӯзгорон кафолатҳо аз ҷумла бенавбат додани замин ва таъмин кардан бо манзили зист пешбинӣ мегардад.

Ҳамчунин, дар бахши ҳуқуқҳои омӯзгор дарҷ ёфтааст, ки омӯзгорон ҳақ доранд аз роҳбарияти муассисаи таълимӣ таъмини шароити зарурӣ, аз хонандаҳо ва волидайни онҳо муносибати боэҳтиромонаро талаб кунанд.  

Инчунин таъкид шудааст, ки дар давраи фаъолияти омӯзгорӣ онҳо метавонанд хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро тибқи қонунгузорӣ ба таъхир гузоранд. Омӯзгорон новобаста ба нафақа баромадан ҳуқуқи ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул шуданро доранд.

Бо муҳтавои лоиҳаи қонуни мазкур ва муҳимтарин нуктаҳои он дар маводи “Манъи пулҷамъкунӣ, иштирок дар шанбегӣ ва таъмири мактаб. Дар лоиҳаи қонуни мақоми омӯзгор сухан аз чӣ меравад?” маълумоти бештар бигиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.