Мақомот як марди 40-соларо барои куштори падари 69-солааш боздошт кардаанд

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон аз боздошти як марди 40-солаи сокини ноҳияи Ишкошими ВМКБ хабар дод, ки ба куштори падари 69-солааш гумонбар мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, падару писар шаби 20 ва 21-уми декабр ҳангоми мастӣ бо ҳам ҷанҷол кардаанд.  “Падари 69-сола бо белча ду маротиба ба дасти писари 40-солааш зарба задааст, писараш ба ғазаб омада, бо […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон аз боздошти як марди 40-солаи сокини ноҳияи Ишкошими ВМКБ хабар дод, ки ба куштори падари 69-солааш гумонбар мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, падару писар шаби 20 ва 21-уми декабр ҳангоми мастӣ бо ҳам ҷанҷол кардаанд.

 “Падари 69-сола бо белча ду маротиба ба дасти писари 40-солааш зарба задааст, писараш ба ғазаб омада, бо чангак (барои кофтани оташдон) ба гардану гулӯ ва қисмати қафаси синаи падараш зарба задааст”, – навиштааст ВКД.

Дар пайи ин, ба қавли манбаъ, падар ба болои оташдон афтида, ҷароҳат мебардорад ва чанд соат баъди ҳодиса мефавтад.

Сабаби ҷанҷоли падару писар маълум нест. Мақомот аз ин мард ва падараш ном набурдаанд. Назари марди 40-сола дар робита ба ин ҳодиса маълум нест.

Алайҳи ин ин мард бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин моддаи қонунгузорӣ вобаста ба бандҳояш аз 8 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Куштори падар аз дасти писар ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, моҳи октябри соли равон мақомот аз боздошти як ҷавони 34-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки ба латукӯб ва куштори падари 67-солааш гумонбар аст.

Мақомот гуфтаанд, гумонбаршуда барои пинҳон кардани кирдори худ ҷасади падарашро ба ҳавз партофтааст. 

Тибқи иттилои ВКД дар кишвар дар шаш моҳи  соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова