Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи "Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" нақшаи амали рушди чарогоҳҳо дар солҳои 2026-2027-ро тасдиқ кардааст. Он аз корҳо дар самти беҳбуди идоракунии чарогоҳҳо ва ҳифзи низоми экологии бахши кишоварзӣ иборат аст.
Барои амалисозии ҳамаи чорабиниҳои барнома дар солҳои 2026-2027 зиёда аз 4,2 млрд сомонӣ маблағ ҷудо мешавад. Аз ин миқдор 1,22 млрд аз буҷети давлатӣ ҷудо гардида, қисми боқимонда аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ ва ватанӣ маблағгузорӣ мешавад.
Сармоягузорӣ ба беҳбуди зерсохтори чарогоҳҳо
Яке аз самтҳои муҳим, беҳтар кардани вазъи чарогоҳҳо дар вилояти Хатлон мебошад. Соли 2026 бо ин мақсад 540 млн сомонӣ ва соли 2027 -ум 520 млн сомонӣ ҷудо мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҳосилнокии чарогоҳҳо, коҳиши сарборӣ ба замин ва беҳбуди устуворӣ ва самаранокии онҳо 3-4 баробар зиёд шавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бажахшон (ВМКБ) сохтмони пулҳо барои таъмини дастрасӣ ба чарогоҳҳои дурдасту душворгузар идома меёбад, ки ба кӯчбандии то 30 ҳазор чорво ба чарогоҳҳо ва ба таври назаррас беҳтар кардан шароити чорводорон шароит фароҳам меорад.
Ҳамчунин, таъмири роҳҳои кӯчбандии чорво дар шуҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз тадбирҳои муҳим шуморида мешавад. Ин дастрасии озодро ба чарогоҳҳо таъмин карда, кӯчбандии чорворо бехатару амнтар месозад. Дар соли 2026 бо ин мақсад 65 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад.
Самти дигар, сохтмон ва таъмири асосии иншоот барои безарагардонии суми чорво аст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тезтар шифо ёфтани захмҳои чорво ёрӣ мерасонад.
Таҳқиқоти илмӣ ва танзими истифодаи ҷарогоҳҳо
Дар барнома, суръат бахшидан ба таҳқиқоти илмӣ дар самти беҳбуди вазъи чарогоҳҳо, инчунин бунёди қитъаҳои намунавӣ барои истеҳсоли тухмии алафи чарогоҳҳо пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, таъсиси комиссияҳои танзими истифодаи чарогоҳҳо дар шаҳру навоҳӣ, инчунин баргузории вохӯриҳо барои баланд бардоштани фарҳанги истифодабарандагони чарогоҳҳо ба нақша гирифта шудааст.
Вазъияти чарогоҳҳо дар Тоҷикистон
Дар қаламрави Тоҷикистон аз 4,7 млн гектар заминҳои кишоварзӣ 3,8 млн гектар (83%)-ашро чарогоҳҳо ташкил медиҳанд, ки хӯрокаи гову буқа, , бузу гӯсфанд ва аспҳоро таъмин мекунанд. Чарогоҳҳо зиёда аз 60-70%-и талаботи солонаро ташкил медиҳанд. Қисми асосии чарогоҳҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ ҷойгиранд.
Айни замон маҳсулнокии чарогоҳҳо коҳиш ёфтааст, бахусус дар давраи зимистон, ки ба талафоти вазни зиндаи чорво боис мегардад.
Аксарияти чарогоҳҳо бар асари мавҷуд набудани зерсохтори зарурӣ, аз ҷумла таъминот бо об ва пулҳои интиқоли чорво завол меёбанд.
Барои ҳалли ин мушкил дар ҷумҳурӣ тарзу усулҳои амиқтар ва сатҳӣ беҳтар намудани вазъи чарогоҳҳо истифода мешаванд, ки ба 20-30% баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо мусоидат мекунанд.


