Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо

Date:

Рӯзи нӯҳум аст, ки дар баъзе аз шаҳрҳои Эрон эътирози сокинони ин кишвар идома дорад. Эътирозгаронро асосан мушкили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла уфти қурби пули миллӣ дар қиболи доллар ба хиёбон овардааст. Роҳбарияти Эрон мушкили иқтисодиро эътироф кард ва гуфт, бо эътирозгарон муколама мекунад, аммо дар баробари ин, ҳушдор дод, ки бо ошӯбгарон мубориза мебарад, чун дар эътирозҳо “дасти хориҷӣ” низ дида мешавад. Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Амрико бори дуюм ба роҳбарияти Эрон ҳушдор дод, ки бархӯрди хашин бо эътирозгарон паёмади нохуш хоҳад дошт.

 

Омили эътирозот чӣ аст?

Эътирозот дар Эрон рӯзи 28-уми декабри соли 2025 оғоз шуд. Ба иттилои Агентии расмии хабарии Эрон (IRNA), тоҷирони бозори калони Теҳрон дари дӯконҳои худро пӯшида, аз вазъи иқтисодии кишвар эътироз карданд.

Ба иттилои расонаҳо, сабаби асосии эътирозот уфти арзиши пули риёл (пули миллии Эрон) ва афзоиши таваррум аст. Риёли эронӣ рӯзи 28-уми декабр то 1,42 миллион риёл барои як доллари амрикоӣ расид, ки ин гуна уфти арз бесобиқа буд. Ба маълумоти Al Jazeera, нисбат ба 6 моҳи қабл  арзиши риёл 56% паст шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тоҷирони эътирозгар дар бозоре дар Теҳрон

Дар пайи эътирозот, ба навиштаи IRNA, рӯзи 29-уми декабр Муҳаммадризо Фарзин аз вазифаи раиси Бонки марказӣ истеъфо дод. Аз вақте ки ӯ дар соли 2022 раиси Бонки марказии Эрон шуд, қурби доллар дар ин кишвар беш аз 3 баробар гарон шуд: 1 доллар аз 430 ҳазор то ба зиёда аз 1,4 миллион риёл расид. Ба ҷойи Муҳаммадризо Фарзин ҳамакнун Абдулносир Ҳимматӣ раиси Бонки марказӣ интихоб шудааст.

 

Омори мутафовити боздоштшудагону ҷонбохтагон

Дар бораи боздоштшудагон ва ҷонбохтагон расонаҳо маълумоти гуногун нашр мекунанд. Расонаҳои расмии Эрон аз боздошти садҳо тан хабар медиҳанд, аммо мушаххас аз рақаме намегӯянд. Танҳо дар баъзе расонаҳои расмии Эрон ишора шудааст, ки дар баробари эътирозгарон, чанд корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ осеб бардоштаанд ё ҷон бохтаанд.

Аммо расонаҳои хориҷӣ бо такя ба маълумоти созмонҳое, ки берун аз Эрон амал мекунанд ва худро чун мудофеи ҳуқуқи инсон муаррифӣ мекунанд, хабар медиҳанд, ки дар пайи эътирозот ва пахши он беш аз даҳ нафар кушта шудаанд.

ВВС менависад, ки дар ҳаводиси як ҳафтаи охир дар Эрон ҳадди ақал 19 эътирозгар ва як корманди нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. Он афсар Амирҳусом Худоёрфарди 21-сола буда, дар вилояти Лурустон ҳангоми парешон кардани эътирозгарон ҷароҳат бардошта, дертар даргузаштааст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, 13 афсари дигар захмӣ шудаанд.

Инчунин, дар 9 рӯзи охир ҳадди аққал 1 ҳазору 200 эътирозгар дар саросари Эрон боздошт шудаанд, ки миёни онҳо занону донишҷӯён низ ҳастанд.

Аммо мақомоти расмии Эрон ин рақамҳоро такзиб ё тасдиқ накардаанд.

Ҳамчунин, ҳеҷ як расонаи ҷаҳонӣ аз дохил аз ҷараёни ҳаводиси ахири Эрон гузориш омода ва нашр накардааст.

 

Эътирозгарон ва ошӯбгарон​​​​​

Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон рӯзи 3-юми январи 2026 барои аввалин бор дар бораи эътирозот изҳорот дод ва таҷаммӯъи мардумро ба ду гурӯҳ ҷудо кард: эътирозгарон ва ошӯбгарон.

“Мо бо эътирозгарон суҳбат мекунем, мақомдорон бояд бо онҳо суҳбат кунанд. Вале суҳбат бо ошӯбгарон фоидае надорад. Ошӯбгаронро бояд ба ҷояшон нишонд”, – изҳор дошт Алии Хоманаӣ.

Роҳбари олии Эрон иброз дошт, ки дар ин таҷаммӯъи мардум “дасти хориҷиён” шарик аст ва таъкид дошт, ки “мо ба душманон тан намедиҳем. Бо такя ба Худо, бо пуштибонии мардум, душманро ба зону дармеорем”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ҳам талабҳои қонунии эътирозгаронро эътироф карда, гуфт, “агар мо мушкилоти маишии халқро ҳал накунем, ба ҷаҳаннам меравем”. Пизишкиён ҳамчунин таъкид кард, “мо дар ҷанги тамом бо Исроил, Аврупо ва Амрико ҳастем”.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ (порлумон) ҳам бо ишора ба “дасти хориҷӣ” иброз дошт, ки “одамони бадхоҳ ва ҳаракатҳои ташкилёфта” мехоҳанд талабҳоро ба “ошӯб” табдил диҳанд, вале масъалаҳои марбут ба маишати мардумро масъулона ҳал хоҳем кард.

Фотима Муҳоҷиронӣ, сухангӯи ҳукумати Эрон, дар як нишасти матбуотӣ гуфт, “мо мебинем, ки чӣ гуна мардум дар ин рӯзҳо бо мушкилоти рӯзгорашон мубориза мебаранд. Яке аз вазифаҳои ҳукумат ин аст, ки гӯши шунаванда дошта бошем. Ҳар ҷое, ки дард аст, фарёд ҳам ҳаст. Мо эътирозҳо, бӯҳронҳо ва душвориҳоро мебинем, мешунавем ва эътироф мекунем”.

 

Тадбирҳои ҳукумат

Дар пайи ин эътирозоти мардум ҳукумати Эрон барои ором кардани вазъият як силсила тадбирҳо пеш гирифт. Дар баробари истеъфои раиси Бонки марказӣ, дирӯз, 5-уми январ, Маҷлиси Шӯрои исломӣ (порлумони Эрон) ба буҷети давлат тағйирот ворид кард. Аз ҷумла, то 43% афзоиши зина ба зинаи маош аз 20% то ин замон муқарраршуда, коҳиши андоз аз арзиши иловашуда аз 12% ба 10% ва пешбинии 8,8 миллиард доллар арзи тарҷиҳӣ (қурби имтиёзнок) барои пешгирӣ аз афзоиши нархи калоҳои асосӣ, ба тасвиб расид.

Бар асоси ин гузоришҳо, дар буҷети нав қариб 7 млрд доллар барои хариди кафолатдори гандум ҷиҳати таъмини нон ва беш аз 4 млрд доллар барои мутаносибсозии ҳуқуқи бознишастагон (кӯмак ба нафақахӯрон) пешбинӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Масъуд Пизишкиён дар маҷлиси Шӯрои исломӣ лоиҳаи буҷаро ба Муҳаммадбоқир Қолибоф медиҳад.

 

Таҳдиди Амрико ва вокуниши Эрон

Дар пайи ин эътирозҳо, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар як ҳафтаи охир ду бор дар бораи эътирозоти Эрон изҳорот дода, ҳамзамон перомуни ҳамла ба Эрон ҳушдорҳои ошкоро дод.

Трамп рӯзи 2-юми январ дар шабкаи “Truth Social” навишт, ки “агар Эрон ба эътирозгарони осоишта тир андозад ва бо зӯроварӣ онҳоро кушад, Амрико ба ёрии онҳо мешитобад”. Пасон рӯзи 5-уми январ ҳам дар суҳбат бо хабарнигорон ин ҳарфҳоро такрор кард.

Алӣ Лориҷонӣ, котиби Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва собиқ раиси маҷлис, дар посух ба Трамп дар шабакаи “X” (“Твиттер”-и собиқ) навишт:

“Мо мавқеи тоҷирони эътирозкунандаро аз унсурҳои харобгар ҷудо мекунем. Трамп бояд бидонад, ки дахолати амрикоӣ дар ин масъалаи дохилӣ баробари ошӯб дар тамоми минтақа ва нобудшавии манфиатҳои амрикоӣ аст. Амрико бояд ғами сарбозони худро бихӯрад”.

Аббос Ароқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, ҳам дар “X” навишт: “Халқи бузурги Эрон ҳар гуна дахолатро дар корҳои дохилии худ қатъиян рад мекунад. Ҳамчунин, нерӯҳои мусаллаҳи қудратманди мо омодаанд ва дақиқан медонанд, ки дар сурати ҳар гуна поймолии ҳокимияти Эрон куҷоро нишона бигиранд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аббос Ароқчӣ

Ароқчӣ гуфт, ки таҳдидҳои Амрико “вайронкунии ошкори қонуни байналмилалӣ” аст ва ҳар гуна таҷовуз ба Эрон бо ҷавоби “қатъӣ ва сангин” рӯбарӯ мешавад.

Русия ва Чин, ду кишвари ҳампаймони Эрон, то ҳол бевосита дар бораи ҳаводиси дохилии Эрон изҳорот надодаанд. Ба маълумоти PBS News, Чин ҳамчунон харидори калони нафти эронӣ боқӣ мондааст, аммо пуштибонии ошкори ҳарбӣ надодааст. Русия низ ҳамин тавр дар мавриди эътирозоти Эрон ва таҳдиди Амрико то ҳол вокунише надоштааст.

Бояд зикр кард, ки эътирозҳои кунунӣ дар Эрон аз эътирозҳои қаблӣ аз нигоҳи замина ва ҳаҷми воқеаҳо фарқ мекунанд. Бархилофи эътирозҳои гузашта, ки меҳвари онҳо мавзӯи интихобот ва ҳуқуқи занон буд, мавҷи ҷории норозигиҳо аз мушкилоти иқтисодӣ оғоз шудааст ва ҳукумат ин дафъа кӯшиш дорад ба фарқ аз таҷрибаи пешин, бо лаҳни миёнараву оромтар вазъро идора кунад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...