Шурӯъ аз 5-уми январ шаҳрвандони кишвар метавонанд, тасдиқи аслияти маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ, аз ҷумла оиладор будан ё набуданро ба таври электронӣ бо истифода аз QR-рамз ё пойгоҳи расмии doc.adliya.tj дарёфт кунанд.
Дар ин бора Вазорати адлияи кишвар хабар дода, навиштааст, ки дигар барои тасдиқи ин ҳуҷҷат ба вазорат омадан лозим нест.
Қаблан, сокинон санади вазъи оилавиро дар шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) –и маҳалли зисти худ гирифта, барои тасдиқи он бояд ба Вазорати адлия меомаданд. Акнун метавонанд баъди гирифтани санад, онро тариқи пойгоҳи doc.adliya.tj ё бо истифода аз QR-рамз тасдиқ кунанд. Барои ин бояд ба пойгоҳ ворид шуда, аризаро бо истифода аз маълумот дар бораи худ, аз ҷумла рақами телефон ё почтаи электронӣ, нусхаи шиноснома, санади аз САҲШ-и маҳалли зист дастраскарда ва ҳамчунин, худро акс (селфи) гирифта, ба пойгоҳ ворид кунад. Ариза ба вазорат ба шакли электронӣ ирсол мегардад.
Аз вазорат гуфтанд, дар ин пойгоҳ худи маълумотнома дар бораи вазъи оилавиро гирифта намешавад ва танҳо онро баъди дар САҲШ маҳалли зист дарёфт кардан, тасдиқ мекунанд.
Аз натиҷаи баррасии дархост ба шаҳрванд ҷавоб ба почтаи электронии ишорашуда ва ё СМС-паёмак ба рақами дар ариза зикргардидад ирсол карда мешавад.
Ин хизматрасонӣ ройгон буда, новобаста аз макони будубоши шаҳрванд – ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам берун аз он дастрас мебошад, гуфтааст вазорат.
Онҳое, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, наздиконашон бо ваколатнома аз САҲШ маҳалли зисти худ дар Тоҷикистон маълумотнома дар бораи вазъи оилавиро дастрас мекунанд ва худи шаҳрванде, ки дар хориҷа аст, дар пойгоҳи doc.adliya.tj онро тасдиқ мекунад.
Талаботи мазкур дар доираи пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ амалӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки аз моҳи октябри соли 2025 арзиши бекор кардани ақди никоҳ ду баробар зиёд шуд. Тибқи тағйирот ба қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” барои бекор кардани ақди никоҳ боҷи давлатӣ чунин муқаррар шудааст:
– Дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон: ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 156 сомонӣ баробар аст.
– Дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар: ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 780 сомонӣ баробар аст.
– Дар асоси ҳалномаи додгоҳ: ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 1092 сомонӣ баробар аст.
Аз ҳам пошидани оилаҳо дар Тоҷикистон чандин сол боз яке аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Тибқи омори расмӣ, дар нимаи аввали соли 2025 равон дар Тоҷикистон 4117 оила барҳам хӯрдааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 291 адад камтар будааст.


