Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва захмиву кушта шудани чанд шаҳрванди Чин дар авоили моҳи гузашта, сохтмони бахше аз роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма, ки Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад, дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз қатъ шудааст.
Ин қитъаи роҳ аз ҷониби роҳсозони чинӣ ва коргарони маҳаллӣ сохта мешуд, ки чиниҳо рӯзи 1-ми декабри соли 2025 пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи дуввум аз хоки Афғонистон маҳали кори худро тарк карданд ва то ҳанӯз барнагаштаанд.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ қатъ шудани корҳоро тасдиқ карда, гуфтааст, "ҳадаф “таъмини амнияти кормандони чинӣ” ва то “барқарор шудани амнияти пурра” муваққатан корҳои роҳсозӣ боздошта шудааст. Ҳоло дар ин мавзеъ танҳо коргарони маҳалӣ ба иҷрои корҳои ҳошияӣ машғуланд".
Ҳамла ба коргарони ширкати роҳсозии чинии "China Road and Bridge Corporation" рӯзи 30-юми ноябр дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози Тоҷикистон аз хоки Афғонистон анҷом шуд. Дар натиҷаи он, 2 шаҳрванди Чин кушта ва 2 шаҳрванди дигари ин кишвар ҷароҳат бардоштанд.
Пештар аз ин, рӯзи 27-уми ноябри соли 2025 ВКХ Тоҷикистон гуфт, ки ба бошишгоҳи коргарони корхонаи "Шоҳин СМ" бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак аз хоки Афғонистон ҳамла сурат гирифта, дар пайи он се корманди ширкати маъдантозакунии "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд.
ВКХ-и Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро кори гурӯҳҳои ҳаросафкан хонда, маҳкум кард ва аз мақомоти феълии Афғонистон даъват кард, ки барои таъмини суботу амният дар марз тадбирҳои муассир андешанд.
ВКХ-и ҳукумати Толибон* гуфт, ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”. Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.
Сафорати Чин дар Душанбе аз Тоҷикистон хост, барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад. Ҳамчунин, аз шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон талаб кард, ки минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистонро тарк кунанд.
Қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ, ки ҳоло кори сохтмониаш қатъ шудааст, бахше аз роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма аст, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад. Ин роҳ аз ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Рӯшон мерасад ва 109 километр тӯл дорад. Бар асоси тарҳ дар ин қитъаи роҳ 14 пул ва 5 долони зидди тарма сохта мешавад.


