ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1925 – Дар шаҳри Тошканд Ҷамъияти омӯзишии “Тоҷикистон” таъсис ёфт.
Соли 1929 – Дар Тоҷикистон аввалин совхозҳо, аз ҷумла пахтакорӣ дар Вахш, ғаллакорӣ дар Данғара, Истаравшан ва Ҳисор таъсис дода шуданд,
Соли 1936 – Шаҳри Хуҷанд, ки яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ба шаҳри Ленинобод тағйири ном кард. Баъд, 26-уми феврали соли 1991 бо қарори Шӯрои Олии кишвар ба номи таърихии худ – Хуҷанд баргардонида шуд.
Соли 1940 – Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин иттифоқ бо мақсади инкишоф додани анъанаҳои мусиқии классикӣ ва халқии тоҷик, аз бар намудани мероси гаронбаҳои мусиқии классикии халқҳои дигар, аз ҷумла осори мусиқии ҷаҳонӣ таъсис ёфт.
Соли 1986 – Ҳавопаймои боркаши Ан – 124 (“Руслан”) аввалин парвози худро анҷом дод.
Соли 1992 – Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор шуд ва сафорати ин кишвар дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард.
Соли 2002 – Бар асари заминларза 3 маҳаллаи аҳолинишин дар мавзеи сохтмони НБО “Роғун” осеб дид. Дар пайи он 3 кас ҷон бохта, 55 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Соли 2001 – Дар вилояти Суғд аввалин Оҷонсии хусусии иттилоотӣ – “Вароруд” таъсис ёфт.
Соли 2020 – Дар ВМКБ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шикорчиёни маҳаллӣ силоҳ доданд, то одамон ва чорворо аз ҳамлаи гургон ҳифз кунанд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1932 – Мавлуди Султон Мирзошоев, вазири пешини фарҳанг ва собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон.
Султон Мирзошоев соли 1953 Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб, соли 1963 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ва соли 1966 мактаби олии ҳизбии назди Кумитаи маркази Ҳизиб комунисти иттиҳоди Шӯравиро дар Москав хатм кардааст.
Ӯ фаъолияти худро дар вазифаи котиби якуми Комитети комсомолони шаҳри Кӯлоб, котиби дуюми Комитети Ҳизби комунсисти ноҳияи Арал (ҳозира Восеъ, 1957-59), котиби якуми Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон (1960), котиби Комитети Ҳизби комунисти ноҳияи Восеъ (1961-1964) оғоз карда, то солҳои баъдӣ, ҳамчун раиси Комитети давлатии кинематографияи Шӯрои Вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ (1967-1973), намояндаи доимии Шӯрои Вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ дар назди шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ (1973-1979) кор кардааст.
Ҳудуди 10 сол, аз соли 1979 то 1987 вазири маданият ё фарҳанги Тоҷикистони Шӯравӣ баъдан, аз як сол сардори Идораи саёҳии назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ ва се сол, аз 1990 то 1993 котиби якуми Комитети Ҳизби комунисти вилояти Кӯлоб, амалан раиси ин вилоят буд.
Баъди ин, як сол, аз 1993 то 1994 ҳамчун роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон кор кардааст. Аз 1995 то 1997 раиси "Коҳи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд. Султон Мирзошоев ду даъват 6 ва 11 вакили Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ буд.
Инчунин дар нависандагӣ низ панҷа озмуда, асарҳои ҷолиб офаридааст. Асарҳои “Борис Кимёгаров” бо ҳамкории адиб Карим Давлат, қиссаҳои “Ҷонфидо” ва “Арзи дил”, повести “Дуои сари роҳ” аз ҷумлаи онҳоянд.
Собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон дар синни 85-солагӣ шаби 7 июни соли 2019 пас аз бемории начандон тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.
Соли 1934 – Зодрӯзи Муаззама Мироқилова, доктори илмҳои тиб.
Соли 1936 – Мавлуди Ғанӣ Ҷӯразода, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.
Ғанӣ Ҷӯразода солҳо дар рӯзномаҳои “Комсомолии Тоҷикистон”, “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва маҷаллаи “Коммунисти Тоҷикистон” ба фаъолияти журналистӣ машғул буд. Дар ин муддат худро ҳамчун нависанда ва шоир низ муаррифӣ кард. Ҳикоя ва қиссаҳои “Кулоҳи падар”, “Захми дил”, “Қисмат” аз ҷумлаи таълифоти ӯянд.
Ғанӣ Ҷӯразода 28-уми феврали соли 2021 баъди беморӣ дар синни 85-солагӣ даргузашт.
Соли 1945 – Зорӯзи Комил Бекзода, шарқшинос, номзади илмҳои фалсафа, асосгузори маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”.
Комил Бекзода файласуфи тоҷик, доктори илми фалсафа ва асосгузори маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” аст, ки замоне дар пайи нашри китобе баҳсбарангез гардид ва дар пайи он худи Комил Бекзода низ ба вокуниши тунди ҷомеа рӯбарӯ шуд.
Ӯ таҳсилкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) аст.
Беш аз 7 сол дар кишварҳои арабии Миср, Яман, (Адан, Санъо) таҳсил ва ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият кардааст. Муддате дар ДМТ, Маркази Синошиносии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ва Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ ба моддигароӣ ва ормонгароии фалсафаи ҷаҳонӣ муътақид нест ва ба андешааш, “моддигароии имрӯза ба идеология мубаддал гардидааст ва ормонгароӣ ҳамеша идеология аст”.
Бекзода соли 1993 дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ маҳфили фалсафӣ-фарҳангии “Ҷаҳони андеша”-ро таъсис дод, ки ҳоло дар тобеияти Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ қарор дорад.
Аъзои он соли 2013 китоберо бо номи “Ҷаҳонбинии оянда” дар нашриёти “Кайҳон” ба табъ расонданд, ки аз 40 саҳифа иборат буда, як боби он дар мавриди вуҷуди Худо баҳс мекунад. Ин мавзӯъ танҳо баъд аз тақрибан як соли нашри ин китобча бо вокунишҳои тунди бисёре аз сокинон ва руҳониён қарор гирифт. Дар ин байн маҳфил муддате фаъолияти худро қатъ кард, аммо баъди чанд моҳ, моҳи ноябри соли 2014 дубора фаъолияти худро оғоз кард.
Соли 1948 – Мавлуди Ҷӯра Ҳошимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.
Ҷӯра Ҳошимӣ аз шоирони забардасти кӯдакона дар Тоҷикистон буда, ҳар як кӯдак аз остонаи мактаб бо шеъри “Ман Алифбо мехонам” бо ашъори ӯ шинос мешавад. Шеърҳои зиёди ӯ дар китобҳои дарсии хонандагони синфҳои поёнӣ ҷо дода шудаанд ва ба завқи хонандагони хурдсол созгоранд. “Баччаҳову кӯчаҳо”, “Ре мегӯям ман бурро”, “Нинӣ бапо шуд” аз намунаҳои маъруфи эҷодиёти ӯ мебошанд.
Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) буда, фаъолияти худро ҳамчун мусаҳҳеҳ дар Нашриёти “Ирфон” оғоз кардааст.
Минбаъд дар Кумитаи давлатии телевизион ва радио, рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (“Анбоз”-и имрӯза), маҷаллаи “Чашма” дар вазифаҳои гуногун фаъолият карда, муддате сардабири ҳафтаномаи ҷумҳуриявии бачагонаи “Гул-гул” буд. Аз соли 1991 мушовири бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Ҷӯра Ҳошимӣ оғози солҳои 70-уми асри гузашта вориди майдони адабиёт гардид. То имрӯз китобҳои ашъори ӯ бо номҳои “Соябони садранга”, “Офтобак”, “Ман Алифбо мехонам!”, “Нинӣ бапо шуд”, “Аз як-як то лак-лак”, “Кулча чаро ширин аст?”, “Ман ба куҷо медавам?”, “Ре“ мегӯям ман бурро!”, “Чаро шамолак вазид?”, “Баччаҳову кӯчаҳо” мунташир шудаанд.
Ӯ ҳамчунин бо оҳангсозони маъруфи кишвар барои кӯдакону наврасон як қатор сурудҳои ҷолиб офаридааст. Беҳтарин шеърҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд ва худи ӯ дар баргардони ашъори шоирони халқҳои гуногуни ҷаҳон ба тоҷикӣ саҳми арзанда дорад. Ахиран, китоби “Очаҷону бачаҷон”-и ӯ дар озмуни “Китоби сол-2025” дар бахши “Назми бачагона” сазовори ҷойи дуюм гардид.
Соли 2009 – Ҷумъабой Ниёзов, муовини пешнии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар 61-солагӣ даргузашт.
Ҷумъабой Ниёзов аз бунёдгузорони ҳизби демократи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, муддате бахши вилоятии ҲДТ-ро роҳбарӣ мекард ва соли 1995 раиси ҳизб интихоб шуда, аз соли 2000 то поёни умр муовини аввали раиси ҲДТ буд.
Ӯ хатмкардаи факултаи энергетикии Донишгоҳи Политехникии шаҳри Душанбе буда, фаъолияти худро дар ҳамин донишгоҳ оғоз ва муддате дар филиали Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон дар Хуҷанд кор кардааст.
Аз соли 1989 фаъолияти сиёсии Ҷумъабой Ниёзов оғоз мегардад. Ӯ худи ҳамон сол ҳамраиси ҳаракати мардумии “Эҳёи Хуҷанд” интихоб шуда, то охири соли 1990 дар ин созмон фаъолият доштааст.
Гуфта мешавад, ки ин созмон баъди ба мақсади сиёсии худ расидан дар соли 1993, ки барқарор намудани номи таърихии шаҳри Хуҷанд будааст, фаъолияташро қатъ кард. Баъдан аксар узви фаъоли он, аз ҷумла Ҷумъабой Ниёзов ба узвияти ҲДТ шомил шуданд.
Номбурда соли 1990 раиси бахши вилоятии ҲДТ дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) интихоб шуд. Соли 1995 бошад раисиҳизб интихоб гардид.
Ӯ муддате зиндонӣ ҳам шуда буд ва худро “маҳбуси сиёсӣ” меномид.
Ҳамчунин аз соли 1995 то соли 1997 узви ҳайати музокироти сулҳи байни тоҷикон буда, моҳи июни соли 1997 ба узвияти Комиссияи Оштии Миллӣ пешбарӣ гардид ва то соли 2000 дар зеркомиссияи сиёсии он буд. Минбаъд то охири умр муовини аввали раиси ҲДТ буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1839 аввалин таҷҳизоти аксбардорӣ кашф шуд. Луи Дагер, ихтироъкори фаронсавӣ онро кашф ва 9 январи соли 1839 ҳукумати Фаронса онро бо номи "Дагеротипия" ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
"Дагеротипия" аввалин технологияе буд, ки барои аксбардории доимӣ истифода мешуд. Ин раванд аз сабти тасвир ба рӯи плитаҳои нуқрагӣ, ки бо йод ҳассос гардонида шуда буданд, иборат буд. Ин ихтироъ имкони эҷоди тасвирҳои возеҳ ва доимиро фароҳам овард, ки қаблан ғайриимкон буд.
Имрӯз Рӯзи саёҳат бо тӯби ҳавоӣ (воздушний шар) аст. Дар ин рӯзи соли 1793 Жан-Пер Бланшар аввалин парвози худро бо чунин тӯб дар Амрико анҷом дод.
Ӯ 44 маротиба дар Аврупо бо тӯбҳои ҳидрогенӣ ба осмон баромада, тасмим гирифт, ки дар ҷаҳони нав аввалин шахсе шавад, ки ин корнаморо иҷро мекунад.
9-уми январ Рӯзи байналмилалии хореограф таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба онҳое бахшида шудааст, ки техника ва санъати рақсро нигоҳ дошта, онро такмил ва насли ояндаро таълим медиҳанд.
Соли 1951, дар ин рӯз, 74 сол пеш дар Ню-Йорк (ИМА) қароргоҳи СММ расман ифтитоҳ гардид.
То он замон ниҳодҳои асосии СММ муваққатан дар маҳалли Лейк-Саксесс фаъолият мекарданд. Бинои нави қароргоҳ дар соҳили дарёи Ист-Ривер ҷойгир шуда, ба маркази асосии фаъолияти дипломатии байналмилалӣ табдил ёфт. Аз он вақт инҷониб қароргоҳи СММ макони баргузории иҷлосияҳои Маҷмаи умумӣ, Шӯрои амният ва дигар ниҳодҳои муҳими созмон аст.
Соли 1969 аввалин парвози озмоишии ҳавопаймои “Конкорд” баргузор гардид. Ин ҳавопаймоҳои баландсуръат 27 сол истифода шуда, аз рӯйи суръат якчанд маротиба рекорд гузошт.
Масалан, масири Лондон – Ню-Йоркро дар муддати 2 соату 55 дақиқа ва атрофи ҷаҳонро дар муддати 31 соату 27 дақиқа ва 49 сония бо шаш фуруд барои сӯзишворӣ пур кардан тай кард. Аммо соли 2003 бинобар хароҷоти зиёд, истифодаи тиҷоратии “Конкорд” қатъ гардид.
Соли 2007 аввалин телефони "iPhone" муаррифӣ шуд. "iPhone", ки Стив Ҷобс муаррифӣ кард, прототипи хеле сода ва нопурра буд. Моделҳое, ки баъдан ба бозор баромаданд, аз он фарқ мекарданд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -2+3º, шабона дар водиҳо -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 6-11º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 6+11º гарм, шабона дар водиҳо -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ -3+2º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, шабона дар водиҳо -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 49-51º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона -1+1º.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 0-2º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона -1+1º.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 9-11º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 9 ба 10-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


