Чанде пеш, намояндагии СММ дар Тоҷикистон хабар дод, ки доираи ташаббуси ҷаҳонии “Шуои нур” дар муассисаҳои тиббии кишвар 15 ҳуҷраи кумак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила таъсис ёфтааст. Дар ин ҳуҷраҳо барои қурбониёни хушунати хонаводагӣ кумаки тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ мерасонанд.
Ин ниҳод гуфт, ин ҳуҷраҳо давоми солҳои 2017-2023 дар доираи як лоиҳаи аз ҷониби СММ ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ гардида, ҳадафи он решакан намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон ба шумор меравад.
Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, дар маҷмуъ, дар кишвар 30 ҳуҷраи кумак ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ амал мекунад, ки ҳамаи онҳо дар бинои беморхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар қарор дорад.
Тибқи иттилои вазорат, дар шаҳри Душанбе 3 ҳуҷраҳои кумак ба қурбониёни хушунат, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 ҳуҷра, вилояти Хатлон 10 ҳуҷра, вилояти Суғд 9 ҳуҷра ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) 1 ҳуҷра амал мекунад.
Дар баргаҳои мо суроғаи ин ҳуҷраҳоро бинед:
Бояд гуфт, ки хушунат ва зӯроварӣ дар оила, махсусан нисбат ба занон, яке аз мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Масалан, дар 6 моҳи соли гузашта дар Тоҷикистон 2 ҳазору 121 ҳолати зӯроварӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 277 ҳолат бештар аст.
Қаблан дар назди Кумитаи кор бо занон ва оила маркази тамос барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ташкил шуда буд. Сокинон ҳангоми дучор шудан бо зӯроварӣ дар оила метавонанд ба ин марказ бо рақами 221-30-40 муроҷиат кунанд.
Кадом ташкилотҳо дар Тоҷикистон ба занҳои хушунатдида машварати ҳуқуқӣ медиҳад? дар ин пайванд мутолиа кунед.


